14 Ноябрь, 2019

Дар Душанбе зимни конфронси байниминтақавӣ тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмиро баррасӣ мекунанд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байниминтақавӣ дар мавзӯи «Тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ. Камчинии меҳнати шоиста ва риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ» ба кори худ оғоз намуд. Конфронс бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи барномаҳои Ташкилоти Байналмилали имеҳнат ташкил гардида, дар он роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Гурҷистон иштирок доранд.


Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, мушовири калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва алоқа бо ҷомеа Муҳаммад Сафолзода, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба фаъолияти меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат Сергейус Гловатскас ва дигарон сухан гуфтанд. Мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба фаъолияти меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат Сергейус Гловатскас барои ҳамкории самарабахш ба раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим Ифтихорнома супорид.
Оид ба фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар шароитикунунӣ ва нақшаҳои минбаъда Қодири Қосим иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи дарозмуҳлати муҳими иқтисодии давлатӣ-Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Дар ҳуҷҷати мазкур тадбирҳо оид ба бештар намудани дараҷаи шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат нишон дода шудаанд.

Зикр гардид, ки ҷалби пурраи аҳолӣ ба меҳнат пешравии бемайлони иқтисодиёти ҷумҳурӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, хифзи ҳуқуқ ва кафолати меҳнатии кормандонро таъмин менамояд ва омили муҳими баланд гаштани сатҳи зисти мардуми ҷумҳурӣ мегардад.

Ҳоло дар бозори меҳнати кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат 5 миллиону 300 ҳазор ва шумораи бекорон 54 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи аҳолии ба меҳнат шуғлдошта то 70 фоиз зиёд карда мешавад. Ин пешрафт маҳз туфайли тавлиди ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ба амал бароварда мешавад.

Ду сол қабл дар ҷумҳурӣ бо кумаки техникии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар ҳамкорӣ бо Агентии омор бо мақсади омӯзиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронда шуд. Тавре маълум гардид, таносуби дараҷаи шуғли ғайрирасмӣ соли 2009 аз 53 фоиз ба 29,4 фоизи соли 2016 байни аҳолӣ бидуни соҳаи кишоварзӣ коҳиш дода шуд.

Конфронс ду рӯз идома ёфта, иштирокдорон масъалаҳои марбут ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ва камчинии меҳнати шоиста, инчунин риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмиро баррасӣ менамоянд.