18 Сентябрь, 2019

Мустаҳкам намудани ягонагии ҳаракати иттифоқҳои касаба вазифаи ҳар яки мост!

Мутобиқи Оинномаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон, бинобар ба интиҳо расидани ваколати мақомоти иттифоқи касабаи соҳа, ҳамзамон тақвият бахшидани мавқеъ ва нуфузи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии меҳнакашони соҳа ва таъмини иҷрои қарори Шўрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, қарори Раёсати кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои иттифоқи касабаи корхонаҳои соҳавӣ идома дорад.

Рузи 21-августи соли ҷорӣ, тибқи талаботи Оинномаи иттифоқи касабаи соҳавӣ ва қарорҳои болозикри мақомотҳои болоии иттифоқи касаба дар кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ҶСК «Гулистон»-и шаҳри Душанбе, маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он оид ба фаъолияти ҳафтсолаи кумита раиси он Мирусмон Амруддинов бо маърўзаи ҳисоботӣ баромад кард.

Маърузачӣ аз ҷумла қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ коллективи кормандон новобаста аз баъзе мушкилотҳои иқтисодию иҷтимоӣ тавонистанд, ки дар доираи шароиту имкониятҳо истеҳсоли маҳсулотҳои ниёзи мардумро ба роҳ монанд, ҷойҳои кори худро то андозае нигоҳ дошта, марҳила ба марҳила дар асоси талаботи фармоишгарон маҳсулотҳои истеҳсол кардаашонро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар ба фурушу содирот бароранд.

Имруз дар корхона зиёда аз 160-нафар кормандон кору фаъолият доранд, ки ҳамаи онҳо аъзои иттифоқи касаба буда, дастаҷамъона дар рафти корҳои омодагӣ ва баргузории  чорабиниҳои ташкилию сиёсӣ ва оммавии сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона дошта, ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд, ки масъулияти ба зима доштаашонро ҷиҳати мавриди амал қарор додани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккул, рушди босубботи соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Точикистон ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Кумитаи иттифоқи касаба бо Корфармо дар шахсияти роҳбари корхона, ҷавони серѓайрату масъулиятшинос ва ҷашми кордону мутахассиси воқеъии соҳаи саноати сабук Дилшод Бегов, тибқи талаботи Шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ ба ҳайси шарики иҷтимоӣ кору фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҳамбастагӣ талош ба он доранд, ки  ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, ҳавасмандгардонӣ, фароҳам овардани шароити муътадили корию мехнатӣ ва фароѓатии кормандон, ҳамзамон таъмини бехатарӣ ва пешгирии  ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот чораҳои заруриро андешида бароянд.

Дар баробари ин маърузачӣ қайд карданд, ки новобаста аз корҳои ба анҷом расонидашуда, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати хубтару беҳтар ба роҳ мондани шаротиҳои корию меҳнатӣ ва фароѓати кормандон, то ҳануз як қатор камбудию норасогиҳое ба назар мерасанд, ки дар аксари мавридҳо, роҳи ислоҳи саривақтии онҳо аз фаъолияти якҷояи кумитаи итифоқи касаба ва корфармо вобастагии зич доранд, ки дар оянда баҳри аз байн бурдани онҳо чораҳои заруриро бояд андешид.

Вазъияти молиявию хоҷагидории кумитаи иттифоқи касаба бинобар сар вақт ҷамъоварӣ ва интиқол додани ҳаққи аъзогии аъзоёни иттифоқи касаба ба талаботҳои Оинномаи соҳавӣ ҷавобгуй набуда, баҳри ин мақсад ҳайати нави Раёсатро лозим меояд, ки ҷиҳати кушодани суратҳисоби шахсии кумита чораҳои лозимиро андешида барояд.

Дар муҳокимаи маърузаи ҳисоботӣ аъзоёни иттифоқи касаба  Рубаева.Г, Кабулова З, Бобокалонов С ва чанде дигарон иштирок карда, оиди баъзе камбудию норасогиҳои кори кумитаи иттифоқи касаба дар давраи ҳисоботӣ истода гузашта, барои пешравии кору фаъолияти ояндаи он, инчунин баланд бардоштани вазъи истеҳсолию хоҷагидории корхона, обрую нуфузи иттифоқи касаба ҳамчун ифодагару ҳимоятгари манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии кормандон таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноаи сабуки Тоҷикистон Субҳон Сафиалоев  баромад карда, аз аҳли коллектив ва аъзоёни иттифоқи касаба даъват ба амал овард, ки баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои ба миён гузошта, ҳамаи мо бояд ба хотири  мустаҳкам намудани ягонагии ҳаракати иттифоқҳои касаба, тибқи талаботҳои қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Оинномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Оинномаи соҳавии иттифоқи касаба масъулияшиносии баланд зоҳир намоем.

Зеро қувваи мо ин пеш аз ҳама аз муттаҳидӣ ва ягонагии ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун  шарики иҷтимоӣ вобастагӣ калон дорад. Инчунин мавсуф дар баромадаш аз таъкидҳои доимии Роҳбарияти ФИКМТ  вобаста ба оқибатҳои манфии шуѓли ѓайрирасмии шаҳрвандон ёдрас шуда, аз роҳбарияти ҶСК «Гулистон»-и шаҳри Душнбе ва ҳайати нави Раёсати кумитаи иттифоқи касабаи корхона эҳтиромона хоҳиш намуд, ки оиди кам кардани ин зуҳуроти номатлуб, ки теъдоди он дар пойтахти кишвар 22,2 фоизро ташкил медиҳад, бо мақсади тавлиди ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина ҷалб намудани аъзоёни нави иттифоқи касаба дар доираи шароиту имкониятҳо мусоидат ва чораҳои лозимиро роҳандозӣ намоянд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ 7 нафар ба ҳайати аъзои Раёсат ва ба раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ЧСК «Гулистон»-и шаҳри Душанбе Ҳотамов Бақо Таѓоевич, яке аз кормандони шинохтаи соҳаи саноати сабук якдилона интихоб гардиданд.

С. Ғиёсӣ       узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон