14 Ноябрь, 2019

ҲАМКОРӢ БА МАНФИАТИ МАРДУМ

Дар пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ баргузор шуд, нахуст дар бораи ҳамкориҳои судманд бо Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуданд. Муовини сардори Раёсати таъминоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ин Агентӣ Таборак Умарзода дар ин чорабинӣ иштирок намуда, оид ба нақши ҳамкориҳои судманди ин ташкилот бо Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мулоҳиза кард. Ӯ гуфт, ки дар оянда ҳам кӯшиш менамоянд ин ҳамкориҳоро ба манфиати ҳифзи иҷтимоии мардум густариш диҳанд.

Дар бораи аҳамияти ин ҳамкорӣ муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Шарифзода ва дигар аъзои пленуми низ мулоҳиза карданд.

Аъзои пленум оид ба ҷамъбасти фаъолияти иттифоқи касаба дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ натичагирӣ намуданд.