18 Сентябрь, 2019

ҲАШАР

Рӯзи 28-уми июли соли ҷорӣ кормандони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ҳамовозӣ ба ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ба ҳашар баромаданд. Гирду атрофи Кохи иттифоқҳои касабаро ба тартиб оварда, дар гулгашти назди бино гулҳои зебо шинонданд. Дар ин ҳашар кормандони кумитаҳои ҷумҳуриявии маориф ва илм, саноат рушди маҳал, газ ва хизматрасониҳои дигар саҳми арзанда гузоштанд.