17 Октябрь, 2019

Бо иштироки роҳбарони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон семинари минтақавӣ баргузор шуд

Рӯзи 23 сентябр дар толори конфронси меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мавзӯи «Стандартҳои байналхалқии меҳнат дар таҳкими қобилияти муқовиматпазирии ҷомеа ба буҳронҳо ва татбиқи ҳадафҳои меҳнати арзанда» семинари минтақавӣ баргузор шуд.

Дар семинарраиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ӯзбекистон Қудратулло Рафиқов, мудири бахши Аврупоӣ — Осиёи Марказии ташкилоти байналхалқии меҳнат (МОТ) Сергеюс Гловатскас ва кормандони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар оғози кори семинар раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ҳадафи баргузории онро шарҳ дода, тазаккур дод, ки пас аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва барқарор шудани муносибатҳо рушди босуръати ҳамкориҳоидуҷонибамушоҳида мешавад. Доир шудани семинари байналхалқӣ дар Тоҷикистон ва ширкати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ далели ин гуфтаҳо буда, бар манфиати кор хоҳад буд.

Зимни суханронии худ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз густариши робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдоварӣ карда, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи сарварони ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя дар ҳамаи бахшҳо ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Баргузории семинари мазкур вобаста ба масъалаҳои меҳнат дар сатҳи минтақа аввалин буда, барои намояндагони ҳарду ҷониб таҷрибаи хубе хоҳад буд.

-Дар вилояти Суғд ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон, афзудани ҷойи холии корӣ, дастгирию ҳавасмандгардонии коргарон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои аҳолии қобили меҳнат чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, – афзуд ӯ.

Дар ҷараёни кори семинар вобаста ба таҷлили 100-солагии Ташкилоти байналхалқии меҳнат (МОТ) ва натиҷаҳои Конфронси умумиҷаҳонӣ доир ба ин сана, қабули қарордоду конвенсияҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи кормандон маърӯзаҳо ироа гардид. Инчунин, масъалаҳои нақши иттифоқҳои касаба дар таъмини барномаҳои давлатӣ доир ба меҳнати арзанда, таҷрибаи иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Ташаббуси мазкур метавонад ба фаъолони Иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар самти татбиқи ҳадафҳои меҳнати арзанда мусоидат намояд.