15 Ноябрь, 2019

ДИДОРИ ШАРИФ ВА СУҲБАТИ ИЛҲОМБАХШ. Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ

 

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ПешвоимиллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолониФедератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, ки 24 октябр баргузор гардид,  воқеаи фараҳбахш барои кормандони  ин созмони ҷамъиятии дар ҷумҳурӣ бузургтарин ва ҳам воситаи муҳими таҳким бахшидан ба вазъи иҷтимоии ҷомеа мебошад. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҷумҳуроиявии иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон Аслиддин НАЗАРЗОДА дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” иброз дошт. Номбурда ҳамчунин афзуд:

Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи давлатдории Тоҷикистони навин, ибтидо аз солҳои аҳди шӯравӣ то имрӯз ин аввалин бор аст, ки Сарвари давлат бо кормандони соҳаи Иттифоқҳои касаба вохӯрӣ гузаронида, суҳбати гарму ҷӯшон ва барои тамоми ҷомеа манфиатнок доир месозанд.

Аслан, дар тамоми олам, новобаста ба сохти ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба иттиҳодияи ҷамъиятии сернуфузтарини меҳнаткашон  ва аз ҷониби аъзои ҷомеа  эътирофшуда ба шумор мераванд. Дар мамлакати  мо аввалин ташкилотҳои иттифоқи касаба ва қонунҳои меъёрии он нимаи дуюми  солҳои 20-уми асри гузашта, баробари барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ  пайдо шуда буданд. Ташкили Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ба солҳои шастуми асри гузашта рост меояд. Ибтидои солҳои шастуми асри гузашта шумораи кормандони соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ зиёда аз шаш ҳазор нафарро ташкил медод. Мувофиқи Низомнома ин шумора мувофиқат менамуд, ки ташкилоти ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа созмон дода шавад.

Бо назардошти ин, 16 августи соли 1966 конференсияи якуми ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони неругоҳҳои барқӣ ва саноати электротехникии Тоҷикистон гузаронида шуд ва бо қарори Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи РСС Тоҷикистон дар заминаи ташкилоти иттифоқи касабаи “Нуректаджикгидрострой” Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ташкил ёфт ва бо ҳамин асос метавон 16 августи соли 1966-ро санаи ташкили Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ҳисоб кард.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон фаъолияти худро якҷо бо ШСХК “Барқи Тоҷик” ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тибқи дастуру Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи мамлакат, Оиннома, созишномаҳои генералию соҳавӣ, қарорҳои анҷуманҳои иттифоқи касабаи соҳа, анҷуманҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, фаъолияти худро дар раванди баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат, беҳтар намудани шароити меҳнати кормандони соҳа ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сатҳи  зиндагии кормандон ва аҳли оилаи онҳо равона сохтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ иброз доштанд: Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дармаркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор доштааз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳотииқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардидаасосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷантакмил дода шуданд”.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон низ аз  ин пурра бархурдор аст. Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаҳою шартномаҳои коллективӣ»  ва Кодекси меҳнат ҳам роҳбарон ва ҳам раисони кумитаҳои иттифоқи касаба вазифадоранд, ки ин амалро дар мадди аввали назар гузошта, бастани шартномаҳои ҳамкориро  дар ояндаи наздик   бояд ба 100 фоиз   расонданд.

Назорати иҷрои нишондодҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки манфиатҳои меҳнаткашонро ҳимоя мекунанд, яке аз равияҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон мебошад.

Самти дигари муҳими фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон- ин истироҳату фароғат ва солимгардонии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо, кӯдакону наврасон тибқи талаботи Оинномавии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон мебошад. Зеро мақому манзалати кӯдак дар ҷомеа ва давлатдории Тоҷикистони навину соҳибистиқлол ҷои махсус дорад. Дар тӯли 25 соли истиқлолият бо мақсади солимгардонии кормандони соҳа мутобиқи маблағҳои воридгардидаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, Кумитаи ҷумҳуриявӣ, кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳа ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла  Хоҷа Обигарм, Шоҳамбарӣ, Сангчашма, Зумрад,  роҳхатҳоро харидорӣ карда, дар асоси дархостномаҳои кумитаҳои иттифоқи касаба ба кормандон  ба таври имтиёз ҷудо карда шуданд.

Ҷиҳати ба истироҳату фароғат фаро гирифтани кӯдакон ва наврасон ҳар сол қарорҳои Ҳукумат ба тасвиб мерасанд, ки аз ҷониби Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур дар истироҳатгоҳҳои солимгардонии беруназшаҳрии тобистонаи бачагонаи «Барқчиён», «Чароғак» ва «Парасту» кӯдакону наврасони соҳа ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

Сарвари давлат зимни суханронии худ зикр намуданд: “Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробарисохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор будаонҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣмасъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеатарбияи кадрҳоҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣфароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисодимиллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳоизаруриро роҳандозӣ намоянд”.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони  энергетикаи Тоҷикистон ҳама вақт дар паҳлӯи энергетикҳои кишвар буд ва барои таъмини шароити мусоиди кору истироҳат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳа ва оилаи онҳо, алалхусус  масъалаҳои маишию иҷтимоии кормандон масъулияти калонро дар дӯш гирифта, барои равнақи энергетикаи тоҷик саҳми худро гузоштааст.

Тавре маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон энергетикаро яке аз соҳаҳои муҳимтарини пешбурди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлат маънидод намуда, таъкид менамоянд: “Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад”.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар давраи истиқлолият, вобаста ба пешрафти  иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардум, талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Масалан, шумораи аҳолии мамлакат  афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гашта, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд, ки ин ҳама ба истеҳсоли неруи барқи иловагӣ эҳтиёҷ доранд.

Бо вуҷуди ин, солҳои охир бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика  рушду тараққӣ ёфта, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат корҳои зиёд амалӣ шуданд.

Танҳо ҳамин далел кофист, ки дар давраи истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО “Роғун” ба қадри 1520 МВТ зиёд шуд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб аст.

Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ шудани нақшаҳои муҳими энергетикии мамлакат бобати ташкил ёфтани бозори байналмилалии  барқ, аз ҷумла, бунёди лоиҳаи минтақавии  “CASA-1000», ки 12 майи соли 2016  бо иштироки  сарварони ду давлати Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ду давлати Осиёи Ҷанубӣ – Афғонистон ва Покистон расми тантанавии оғози сохтмони он баргузор гардид. Соли 2018  тамоми қарордодҳои  ин лоиҳа ба имзо расиданд.

Ба кор сар кардани агрегати якуми НБО “Роғун” 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 барпо гардид, воқеаи фараҳбахши таърихӣ буд.

Халқи тоҷик дар атрофи Сарвари худ зич муттаҳид шуда, аз ин имтиҳони муҳими таърих гузашт ва  ормони миллии мо амалӣ гардид.

Ба касе пӯшида нест, ки энергетика зерсутуни тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба шумор рафта, пешрафти  иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба он вобастагии қавӣ дорад. Соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ гарчанде 2,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил диҳад ҳам, аммо  асоси рушди соҳаҳои истеҳсоли алюминий ва кишоварзии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ин ду соҳа зиёда аз 20 %-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 50%-и содироти ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, рушди устувори соҳаи электроэнергетикаи мамлакатро таъмин намудан маънои ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ  ноил гардиданро дорад.

Дар даврони истиқлолият низ дар заминаи зина ба зина амалӣ шудани сиёсати энергетикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овардааст, ки сол то сол таъминоти мардум бо неруи барқ беҳтар гардад.

Ин ҳама имконият фароҳам овард, ки аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ дар мамлакат пурра бардошта шуд. Алҳол  аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, ҳатто дурдасттарин деҳот  бисту чор соат бо барқ таъмин аст. Ногуфта намонад, ки мо ҷумҳурии худро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар пурра бо неруи истеҳсоли худӣ бо барқ таъмин намуда истодаем, ки дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ман бовар дорам, ки кормандони соҳаи энергетикаи мамлакат  аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода мебаранд, то ин мақсади наҷиб ҳарчи тезтар амалӣ гардад.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони  энергетикаи Тоҷикистон ҳама вақт дар паҳлӯи энергетикҳои мамлакат буд ва барои таъмини шароити мусоиди кору истироҳат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳа ва оилаи онҳо, алалхусус  масъалаҳои маишию иҷтимоии кормандон масъулияти калонро дар дӯш дошта, барои равнақи энергетикаи тоҷик саҳми худро гузошт.

Кумитаи  ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ҳама вақт фаъолияти худро бобати беҳдошти шароити кор, ташкили низоми муқаррарии  корӣ ва истироҳати энергетикҳо ва аҳли оилаи онҳо муназзам месозад.

Вохӯрӣ ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи иттифоқи касаба ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшида, моро ба ҷаҳду талоши бештар бобати ноил шудан ба дастовардҳо ҳидоят менамояд.

 

Аслиддин НАЗАРЗОДА,
раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи
кормандони энергетикаи Тоҷикистон