14 Ноябрь, 2019

МАКТАБИ БУЗУРГИ ҲАМРАЪЙӢ. СУХАН АЗ ФАЪОЛИЯТИ САМАРОВАРИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА МЕРАВАД

 

 

Қодири ҚОСИМ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву зеҳнии меҳнаткашонро ҳадафи асосии худ қарор дода, уҳдадориҳои худро дар ин самт устуворона иҷро менамояд. Иттифоқҳои касаба ба мисли дигар ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, рушди хоҷагии халқ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саҳмгузор аст.

Ҳоло дар мамлакат шумораи аъзои иттифоқи касаба бештар аз як миллион нафарро ташкил дода, теъдоди ташкилотҳои ибтидоии он ба 20467 адад расидааст. Иттифоқи касаба, пеш аз ҳама, мактаби бузурги иттиҳоду ҳамбастагӣ, тарбияи инсон, ҳамоҳангсози истеҳсолотчӣ дар истеҳсолот мебошад. Маҳз бо ташаббуси ин ташкилот дар корхона, муассиса ва ташкилоту хоҷагиҳо, новобаста аз шакли моликият ва фаъолият, ташкилоти иттифоқи касаба созмон дода мешавад, ки барои танзими муносибатҳои меҳнатӣ назорати ҷамъиятӣ мебарад. Он дар доираи вазифаҳои оинномавии хеш барои беҳтар шудани шароити меҳнат дар истеҳсолот, зиндагии корманд ва аъзои оилаи ӯ дар ҳамкорӣ бо корфармо тадбир меандешад.
Иҷрои Созишномаи сетарафа байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ҳам дар маркази таваҷҷуҳи тарафҳо қарор дорад. То имрӯз ду маротиба аз иҷрои бандҳои ин Созишнома натиҷагирӣ карда шуд. Ҷонибҳо бештар ба иҷрои  самтҳои афзалиятноки шарикии иҷтимоӣ, аз қабили мустаҳкам кардани низоми иқтисодӣ ва молиявии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, баланд бардоштани даромад, музди меҳнат ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳким бахшидан ба ҳифзи иҷтимоӣ, кафолатҳо ва суғуртаи иҷтимоӣ, зиёд намудани андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инкишофи бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳифзи меҳнат, коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ эътибор доданд.
Иттифоқҳои касабаи кишвар баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ саҳми назаррас доранд. Ҳоло, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 — 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, иттифоқҳои касаба дар ҳамовозӣ баҳри иҷрои  нақша — чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим меандешанд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ намояндагони иттифоқ аз ҷойҳои таърихии кишвар ва шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро дидан намуда, дар чорабиниҳои бахшида ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолона иштирок карданд.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои хеш робитаҳои мутақобилан судмандро бо иттифоқҳои касабаи кишварҳои хориҷӣ, бахусус кишварҳои узви ИДМ густариш медиҳанд. Мо бо иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Белорус ва Ӯзбекистон меморандиуми ҳамкорӣ ба имзо расондаем ва дар кишварҳои дигар  низ ин корро ба роҳ монданием. Ҳамзамон, бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳам ҳамкории хуб дорем. Бо дастгирии ин ташкилот соли ҷорӣ се семинари омӯзишӣ оид ба меҳнати арзанда ва паст кардани шуғли ғайрирасмӣ гузаронда шуд.
Мардуми хирадманди Тоҷикистон барои амалӣ шудани се ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикӣ корҳои хуб карда истодаанд. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш саноатикунонии кишварро, ки ба рушди босуботи хоҷагии халқ замина мегузорад, ҳадафи чоруми миллии кишвар эълон намуданд. Дар ин самт барномаҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки давра ба давра амалӣ мешаванд. Мақсаду мароми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба мардум муҳайё кардани шароити беҳтар  ва бехатари меҳнат, рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар истеҳсолот  ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Дар иҷро шудани ин ҳадафҳои муҳим иттифоқҳои касаба ҳамчун шарики боэътимод бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар “Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” нишон дода шудааст, нақши муҳим доранд.
Барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як майдончаи варзишӣ барои кӯдакон сохта ба истифода доданд. Дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ ҳам иттифоқҳои касаба дар бунёди иншооти фарҳангӣ ва варзишӣ кумак расонданд.
17 кумитаи ҷумҳуриявӣ ва 3 Шӯрои вилоятии  иттифоқҳои касаба низ ҳамчун ташкилотҳои ҳамузви Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ, татбиқи санадҳои қабулшуда оид ба шарикии иҷтимоӣ тадбир меандешанд.
Имрӯз дар замони дигаргуншавиҳои азим ва ҷаҳони тағйирёбанда,  Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолияти хешро баҳри ташаккули шахс дар ҷомеа ва неруи инсонӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон равона мекунанд. Ин мактаби бузургест, ки дар замири инсонҳо эҳсоси худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, ҳамраъйӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таъриху фарҳанги миллиро бедор карда,  онҳоро барои меҳнати арзанда ва зиндагии шоиста ҳидоят менамоянд.