15 Декабрь, 2019

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

 

Имрӯз  бахшида  ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон,   чорабинии тантанавӣ доир гардид.  Дар чорабинии мазкур   муовини  директори    Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров, раиси  Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  муҳтарам Қодири Қосим ва намояндагону робарони ташкилотҳои ҳамузви Федератсия иштирок доштанд. Сараввал   Суруди миллии кишвар садод дод. Баъдан  муҳтарам Қодири Қосим  маъруза намуда, вобаста ба дастовардҳои  Тоҷикистон дар солҳои роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.  Номбурда зимни маърузаи хеш  Эмомалӣ Раҳмонро дар баробари шахсиятҳои  ҷаҳони Мохандас Карамчанд Ганди ва дигарон  муаррифи карданд.  Баъдан муовини  директори    Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров,  маъуруза карда дар хусуси мактаби  давлатдории  Эмомалӣ Рамон, нақши  Эмомалӣ Рамон дар пешрафти кишвар суханрони кард. 

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки   сол аз сол   дарк ва шинохти мардум аз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кам не, баръакс  зиёд  гардида истодааст.