28 Ноябрь, 2020

С Е М И Н А Р

 

 

Омӯзиши доири фаҳмондадиҳӣ, додани дастури методӣ, расонидани ёрии амалия, тағйироту иловаҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳавӣ, вобаста ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, 24 октябри соли 2019 барпо шуд.

 

Семинар, ки оиди Нақша чорабиниҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт бо иштироки сардори Бахши хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт барпо шуд.

Дар семинари мазкур Сардори Бахши хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Назрулло, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи корхонаҳои давлатӣ, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кооператсияи Тоҷикматлубот, соҳаи савдо ва корхонаҳои хусусии ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод ва водии Рашт иштирок доштанд.

Семинар оиди тартиби ҷори намудани шартномаҳои коллективӣ, шартномаҳои меҳнатӣ, рухсатиҳои меҳнатии музднок, рухсатиҳои меҳнатии бемузд ё ин, ки қисман музднок, рухсатиҳои бемузд, рухсатиҳои иҷтимоии кормандон, рухсатиҳои корношоямии кормандон, тартиби додани рухсатиҳои дар боло зикршуда, дар бораи патент ва шаҳодатномаҳое, ки кормандони соҳаи савдо, бозорҳо фаъолият доранд, дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №235 оиди рухсатиҳои ба собиқаи кории кормандон иловакардашуда, оиди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №112 дар бораи осеби ҷидди ва зарар ба саломатӣ дар ҳолати фавти корманд дар истеҳсолот,  дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 оиди ҷудо намудани маблағҳои 1,4% аз ҳисоби фонди ҳифзи иҷтимоӣ (25%) дар корхонаҳо ва тартиби ҷудо намудани он, моддаи 355-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ташкил намудани хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот новобаста аз фаъолият ва ҷудо намудани маблағ ҳамасола барои хадамоти ҳифзи меҳнат дар корхонаву ташкилотҳо, гузаштан ба тарзи нави ҳисоботдиҳӣ панҷ рақама ба нозироти андоз ва супоридани эъломия ба Агентии суғуртаи давлатӣ дар асоси фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина ҷудо намудани маблағҳои 1,4 фоиза ва дигар масъалаҳое, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо шуда буданд, фаҳмонида шуд.

Доири масъалаҳои дар боло ишора шуда аз тарафи ҳозирин суолҳо дода шуданд, ки пурра ҳозирин посухи худро гирифтанд.

Дар семинар Сардори Бахши хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Назрулло баромад карда, доири шуғли ғайрирасмӣ дар корхонаву ташкилотҳо, ки боиси ташвишовар мебошад гуфта доданд.

Дар семинар ҳозирин таклиф карданд, ки ҳамасола як ё ду маротиба семинарҳои омӯзиши дар минтақа ташкил карда шавад.

 

 

 

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи

кормандони соҳаи савдо, кооператсияи

матлубот ва корхонаҳои хусусии ҶТ                                 Шарифзода И. З.