30 Март, 2020

Семинар дар шаҳри Душанбе

 

Рӯзҳои 9-10-уми декабри соли ҷорӣ бо ташабуси Ташкилоти байналмиллалии меҳнат,  дар меҳмонхонаи “Сирена”-и шаҳри Душанбе семинарии омӯзишӣ дар мавзӯи  “Мақоми иттифоқҳои касаба дар таъмин намудани  бехатарии меҳнат ва риоя намудани қонунгузории меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.  Дар  семинари мазкур масъулини Ташкилоти байналмиллалии меҳнат, роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи кишвар, сарнозирони меҳнат ва ҳуқуқи кумитаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.      Муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили мамлакат Файзизода И. Н бо сухани ифтитоҳи баромад намуда изҳор доштанд, ки “ Яке аз самтҳои  асосии  фаъолияти иттифоқҳои касаба ин  ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқҳои аҳли заҳмат мебошад. Бо ин мақсад дар Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ бозрасии  меҳнат ва ҳуқуқ мутобиқи Кодекси меҳнати ҶТ таъсис дода шудааст”. Баъдан мутобиқи барномаи  семинар, мутахассисии Ташкилоти байналмиллалии меҳнат Гоча Александрия дар мавзӯи “Назорати риояи  қонунгузорӣ дар ҷойҳои корӣ” баромад намуд. Ҳамчунин мутахасисони  МОТ оид ба ҳифзи меҳнат  Валентин Мокану, Корнелиу Костантиноа дар мавзӯҳои “Маҷмӯи идораи  ҳифзи меҳнат-принсипҳои асосии роҳбарикунанда ва меъёрҳои байналхалқӣ” , “Ҳифзи меҳнат дар  Иттиҳоди Аврупо” маъруза намуданд. Ҳадаф аз баргузории  семинари мазкур  баландбардоштани  мақоми  Иттифоқҳои касаба дар самти  ҳифзи  ҳукуқҳои қонунии меҳнаткашон равона карда шудааст.   Дар муҳокимаҳо  масъулини  ФИКМТ суханарони карда, изҳор доштанд, ки ҳолати ҳифзи меҳнатро таҳлил карда, вазифаҳои  дар пешиистодаро муайян намуданд.