28 Ноябрь, 2020

Суханрониии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар Анҷумани ҲХДТ

 

Пешвои муаззами милат!

  Вакилони муҳтарам!

 

Сараввал  ман фаъолияти яксолаи ҲХДТ-ро болотар аз баҳои маъмулии “Қаноатбахш” арзёбӣ мекунам. Албата имрӯз ошкоро эътироф намоем, ки кулли дастовардҳои ҳизб ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ҳастанд.

Анҷумани навбатии ҲХДТ дар даврае доир мегардад,ки буҳрони сиёсии ҷаҳонӣ,рақобати шадиди абарқудартҳо  дар бозори геополтикӣ,авҷи терроризми ҷаҳонӣ Сайёраи моро ба кунҷи нокомӣ мебарад.

ҲХДТ 25 сол қабл дар сангарҳи даргириҳои шаҳрвандӣ зуҳур кард. Ёд дорам 5 декабри соли 1994 вақте, дар ноҳияҳои Тавилдара,марзи Дарвоз неруҳои мухолифин наваскарони моро асир гирифта, раги хунгарди Бадахшон-роҳи Душанбе Хоруғро бастаанд ҲХДТ расман сабт гардид .Ин ягона ҳизби пешоҳанги ҷомеа дар ИДМ мебошад,ки дар пойгоҳ аҳзоб пешин  пайдо нашуда,чун созмон ҷавобгуӣнав ба вуҷуд омад.Аз ин рӯ ормон,стратегиия ҲХДТ аз ягон ҳизб кучонда нашудааст.Ба омори таърих назар кунем.Ҳатто куҳнатарин ҳизбҳои Британия, ИМА, Олмон дар 25 сол ба чунин дастоварди имрӯзаи ҲХДТ нарасидаанд.Бараъакс ҳизби ҷумҳурихоҳон,  консерваторон  ба шикасту буҳронҳои сиёсӣ дучор шудаанд.

Мо имрӯз мушоҳида  карда истодаем,ки ҳатто ҳизбҳои инқилобии коммунистии Чин,Ветнам таҷриба моро  доир ба муросои миллӣ,саҳми ҳизб дар танзими иҷтимоии ҷомеа меомӯзанд.

Ман баъзе андешаҳоямро дар конфронси ҲХДТ ноҳияи Шоҳмансур иброз доштам.Имрӯз илова мекунам,ки ҲХДТ,ҳизбе ки дар кураи даргириҳои солҳои навадум,дар даврони буҳрони шадиди сиёсӣ иқтсодӣ таъсис ёфта,мисли маъруфтарин аҳзоби ИМА, Британия Олмон танҳо дар рақобати солим ва фазои демокартияи озод,риоя ҳамаи ҳуқуқҳои интихобкундагон ба маъракаҳои сиёсӣ вориди баҳс мегардад.Мо аз таърихи сиёсии Тоқикистон огоҳ ҳастем,ки ҳизбсозӣ ба манфиати шахсони алоҳида,баҳри мансабталошӣ дар солҳои навадум авҷ гирфта буд.Ва натиҷаашро низ хуб медонед,ки бо роҳи фиреби мардум талоши табадуллоти давлатӣ намуданд.

ҲХДТ низ табадулот кард.Аммо бе силоҳ ва хунрезӣ дар тафакури омма,қалби инсонҳо табадулот намуд.Дар 25 соли охир ҳизб сараввал аз паси мардум рафт ва дар лаҳзаҳои душвори хатарзо дар сафи пеши мардум қарор гирифт.

 

Дар ҳамаи ин дастовардҳо Пешвои миллат ба ҲХДТ чун ядрои сиёсӣ  такя намуд. Сабаби муҳаббат ва  маҳбубияти Пешвои миллат байни мардум он аст, ки ӯ баробар бо ду даст- яке ба омма ва дигаре ба ҳизб такя менамояд. Ин мувозинат асрори пешравии ҷомеаи мост.

Дастоварди бузурги сиёсии ҲХДТ- ин  тағйири куллии равони (Психология) мардум ба аҳзоби сиёсӣ мебошад. Бояд иқрор кард, ки дар 27 сол аҳзоб борҳо мардумро ба ҷарии ҳалокат тела доданд. Ин оммаро ба даҳшат моил кард. ҲХДТ дар мудати кутоҳ тавонист равони мардумро пас аз кӯшиши табадулоти ТЭ  ҲНИТ нисбат ба  созмонҳо ва аҳзоб кулан тағйир диҳад. Пешвои муаззами раҳмдилу дилсӯз дар музокироти сулҳ бо вуҷуди тамоили тундгароии ҲНИТ чашм пушида, ба фаъолияти он иҷозат дод. ҲХДТ на бо зурӣ, балки бо  сухан ва идроки одии башарӣ оммаро ба созандагӣ, оқибати даҳшати даргириҳо сафарбар намуд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, он рўз, ки Шумо савори бульдозери вазнин шуда, сангу шағалро пеш карда, маҷрои дарёи Вахшро иваз кардед ва обро тариқи нақбҳои  обгузар равона сохтед, ин кори Шумо  на фақат мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷахониро тасхир намуд. Аз тариқи ВАО  ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди ин лаҳзаи таърихӣ ва тақдирсоз буданд.

Публитсисти англис Девид Триллер барҳақ гуфта буд,: « Эмомалӣ Раҳмон бо амали худ Президенти заминӣ буданашро нишон дод. Дар таърихи муосир ин намунаи фидокории нав мебошад.»

Ҳамон лаҳзаҳо коргари қатторӣ бо муҳабати самимӣ ба Пешвои миллат бо шеър арз намуд:

Зи файзи кори ӯ ғам дур мегардад,

Зи иқдоми наҷибаш рудҳо пурнур мегардад.

Касе гар шиква орад з-ин фидокорӣ,

Ба назди аҳли дунё кур мегардад.

Мо наслҳои даврони Шӯравӣ қариб дар шанбегӣ як ғулачубро бардоштани Владаимир Ленинро 70 сол шанебгиҳо доир намудем.Вале ин иқдоми аз худ намунаи шуҷоат нишон дода Пешвои миллат хеле хирра ёдрас мешвад.Ба ин хотир мо ҳизбиён бояд ҳар сол дар ин руз ҳашари умумимиллӣ доир намоем.

ҲХДТ ҳамзамон сарварӣ ба соҳаҳои саноат ва кишоварзиро тавасути сохторҳои ибтидоӣ пурқувват кард. Гузшатан  аз  усули амрфармоӣ ба машвартию дастурдиҳӣ мушкилоти соҳаҳои мухталифро ҳалу фасл намуд.

Бояд зикр кард, ки ҲХДТ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ –шабакаи сеюм саҳми бузург дорад. Имрӯз ҳамаи ташкилотҳои ҷамъияти  фаъолияти рӯзмарраашонро бо меъёри ҲХДТ арзёбӣ мекунад. ҲХДТ ба ченаки сиёсӣ табдил ёфт. Аз паси ҲХДТ рафтан анъана гардид.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон- шарики боэътимод ҲХДТ ҳануз ҳам зерии таасуроти ҳаяҷонбахши аз мулоқот бо Пешвои миллат қарор доранд.Барои ҳами ташкилотҳои ҷмаъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ ин дастурҳо роҳнамои кор мебошанд.

Муҳтарам вакилон!

Таҷриба ҷаҳонии ташаккули кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дорои иқтисоди устувор шаҳодат медиҳад,ки саҳми шахсият омили асосии пешравӣ ва пирӯзӣ мебошад.Ҳануз дар қарни бист маҳз бо саъю талоши Отатурк, давлати Туркия, Франс Аденауэр Олмони Федеративӣ, Ли Куан Ю Сингапур, Ден Сяопин Хитой, Махатхир Моҳамад  Малайзия,Урхо Калева Кеконен- Финландия аз кишварҳои қафомонда ба давлатҳои абарқудрати иқтисоди қавӣ табдил ёфтанд.Аз ин рӯ мо дар инкишофи иқтисод ва пешравиҳои зиндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳми бузурги Пешвои миллат сарфи назар нахоҳем кард. Ширкати бевсоитаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар бунёди корхонаҳои саноатӣ самараи коро даҳчанд меафзояд.Ба чанд омор таваҷуҳ кунед.Модели “Мӯъҷизаи саноати Хитой” дар 15 сол ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 12 фоиз,Сингапур 14 фоиз,Кореяи Ҷанубӣ 18 фоизро таъмин карда буд.Вале тибқи дастури Сарвари давлат то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 22 фоиз пешбинӣ гардидааст.Саноати кишвар дар зарфи як сол аллакая ҳиссаи саноатро 2.4 фоиз ро таъмин намуд.Таҷрибаи кишварҳои рў ба инкишоф, ки ба устувории иқтисодӣ ноил гардидаанд, шаҳодат медиҳанд, ки саҳми шахсият асоси пешравӣ ва пирўзӣ мебошад. Ҳанўз дар қарни бист маҳз бо саъю талоши Отатурк  давлати Туркия,  Франс Эденауэр – Олмони Федеративӣ, Ли Куан Ю – Сингапур, Ден Сяопин – Хитой, Махатхир Моҳаммад – Малайзия, Урхо  Кеконен – Финландия аз кишварҳои қафомонда ба давлатҳои абарқудрати иқтисоди қавӣ табдил ёфтанд.

Ман банди 7 барномаи дурнамои ҳизбро ба  вакилонр ёдрас мекунам.” ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза хоҳад бурд”.

Дар Анҷуман ҷашнӣ аз муаммоҳо ҳарф задан-кафолати пешравӣ аст.Бояд иқрор кард,ки  ҳамаи комёбиҳои ҲХДТ бо туфайли обрӯ ва эътибори Пешвои миллат ба даст омадаанд.ҲХДТ ҳоло  ҳам коршиносони сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ,сиёсатмадорони дараҷаи байанлмилӣ кам дорад.Ба ҳар ҳамлаи иттилотти хоинон бояд ҷавоб дандоншикан гуфт. Интерпол бо дархости мо ҷинояткоро пайгриӣ мекунаду сохтори дигари Аврупо  уро мукофот медиҳад.Ин нуқси мо аъзоёни ҳизб баст.Терроризми ҷаҳонӣ ба мо раҳм намекунад. Мутасифона дар ин самт ҳоло идораҳои қудратии кишвар танҳо ҳастанд.Бетарафӣ ё бетфоавутӣ  бадтар аз хиёнат аст.Террори дидбонгоҳи Ишқобод сабақи хуб аст.Ин ҳодиса ғафлати сиёсии омма дар дифои манфиати миллӣ аст.Пешвои миллат таи ду сол 37 маротиба дар ин хусус бавоситаю бевоста ёдрас карданд.Магар тахминан 300 аҳолии ҳудуди террор аз нияти нопоки террористон пай набурданд?.Мо идораҳои қудратиро айбдор намекунем.Ин гуноҳи азими бетарафии мардум аст.

Террори итилоотӣ боз ҳам мудҳиштар аст.Расонаҳои зархарид ва шабакаҳои иҷтимоии  бадзабон маъракаи туҳмату иғворо авҷ доданд.Аммо ман ягон вокуниши ҷиддиро мушҳида накардам.Чаро  баъзе кишварҳои Аврупо ва Амрико моро ба худкомагӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон  айбдор мекунанду ,садои тири паҳлӯяшонро  намешунванд.Бе ҷанг таи ду сол дар ИМА  670 нафар дар Олмон 120 нафар дар паи тирпарронӣ кушта шуданд.Ғарб аз мурофиаи ҷинояткори адвокати тоҷик  ду сол ҳаёҳу воҳима барангехтааст.Аммо дар идораи консулгарии Туркия ваҳшиёна куштани журналист Хашогиро нодида гирифт.

Шароит ва имконияти ҳизби мо аз КПСС солҳои 1942 ҳазор бор бештар аст.12 ҳазор аъзои КПСС фашистонро аз Москва пеш карданду мо қариб ним миллион аъзо бо чор хоини ватан дар Аврупо муросо карда нишастаем.Бадтараш он аст,ки идае за одамон  бо ин фирориёни хоин муколамро пешниҳод мекунанд.

Дар  ин самт Федератсияи иттифоқҳои касаба ва ҲХДТ маҷмуи чорабиниҳоро таҳия хоҳанд кард.

Ман аз ҳуқуқи ҳизбиам истифода намуда, барои пешравии бештар чанд пешниҳод арз мекунам:

Аввалан ҲХДТ мактаб, арсаи устувори инкишофро доро шуд. Барои тарбияи насли нави созанда, тайёр кардани сарварони ояндаи  ҳизб вақти он фаро расидааст, ки Академия –донишгоҳи таҳсилоти ҳизбии Пешвои миллат таъсис гардад. Ин муассисаи олии ҳизбӣ дар баробари тайёр кардани кадрҳо ба омӯзиши таъриху фаъолияти бисту се солаи ҲХДТ чун пажуҳишгоҳи ҳизбӣ машғул гардад.

Дуюм: Созмони наврасони пешоҳангони Пешво ба тақвияти сохторӣ ниёз дорад.          Бо роҳи ташкили урдугоҳҳои мавсимӣ дар наврасон маҳорати сарвариро бояд тарбия кард.

Сеюм: ҲХДТ чун анъанаи даврони гузашта сарпарастӣ ва мурабигиро ба сохтмонҳои азим таҳия намояд. ҲХДТ алакай қобилияти бузурги сафарбаркунандагӣ дорад. Сарпарастӣ ба НБО “Роғун” лоиҳаи  КАССА 1000  иқдоми хайр хоҳад буд.

Чорум: Бо сарварии ҲХДТ Конгресии миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо иштироки  ҳамаи аҳзоб ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис ёбад.

Панҷум: Мо дар дохили кишвар минбари комил дорем. Ба ақидаам зарур аст, ки аз дастовардҳои мо берун аз кишвар низ омма огоҳӣ пайдо кунад. Аз ин ру нашри рӯзномаи “Минбари халқ” дар хориҷа  ба забонҳои русӣ ангилисӣ ба роҳ монда шавад.

Дар фарҷом ба ҳамаи аъзоёни ҲХДТ-баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пирӯзиҳо таманно дорам.

Ташаккур!!