28 Ноябрь, 2020

Заррина ҲОҶИЕВА раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон :РИСОЛАТЕ, КИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА АРҶ МЕГУЗОРАНД

 

Имрӯз аз кадом аъзои иттифоқи касаба ва корманди ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар бораи яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2019 пурсон шавӣ 24 октябр — рӯзи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар меоваранд. Ин рӯз дар таърихи ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин навишта шуд ва бо гузашти солҳо низ аъзои ташкилот онро ҳамчун рӯзи хотирмон ба ёд меоранд.

Ҳадафи асосии иттифоқҳои касаба, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад, кормандони иттифоқҳои касабаро водор месозад, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани вазифаҳои оинномавӣ ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар дар ҷомеаҳои меҳнатӣ бо кормандон мулоқот ва суҳбатҳо дошта бошанд. Ин нукта дар суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар мулоқот таъкид шуд, ки бештар бо мардум наздик бошем.
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон соли 2019 корҳои муайянеро ба сомон расонд, ки ҳамаи онҳо барои иҷро ва татбиқ намудани талаботи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020 ва созишномаҳои соҳавӣ байни вазорату кумитаҳои марбута равона шудаанд. Созишномаҳои соҳавӣ таҳти назорати комиссияи дутарафа буда, иҷрои бандҳои он ҳамасола натиҷагирӣ мешавад. Аз раисони кумитаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ ҳам таъмини созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ тақозо мегардад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузви он барои баланд бардоштани нуфузу мартабаи иттифоқҳои касаба дар кишвар ва берун аз он саъю кӯшиш намуда, ба ин мақсад бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба ҳамкориҳои мутақобилан судмандро анҷом дода истодаанд. Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа низ бо ташкилоти байналмилалии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг ва иттифоқи касабаи соҳаи туризми АвруОсиё робитаи зич дошта, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва омӯхтани таҷрибаи кори якдигар тибқи нақша — чорабиниҳо корҳои муайянеро сомон медиҳанд. Дар доираи ҳамкориҳо мо бо Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони иттилооти Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои соҳавӣ ба имзо расондем.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши «Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанги кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» бо иштироки васеи намояндагони иттифоқҳои касабаи соҳа ва шарикони иҷтимоӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ на танҳо барои кумитаи мо, балки барои ҳаракати иттифоқҳои касаба ва, дар маҷмӯъ, Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошт. Дар кори он раисон ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳа аз Федератсияи Россия, кишварҳои Беларус, Украина, Молдова, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Ба гуфтаи дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии иттифоқҳои касабаи соҳаи фарҳанг Владимир Камен ин вохӯрии таърихӣ буд. Зеро дар таърихи иттиҳод бори аввал ҳамоиши он дар Осиёи Марказӣ ва маҳз дар ҷумҳурии мо гузашт, ки аз чанд ҷониб барои Тоҷикистон ва иттифоқи касабаи соҳа манфиатовар аст.
Дар доираи чорабинӣ меҳмонон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Консерваторияи миллӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои фарҳанги шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб бо фаъолияти аҳли фарҳанги Тоҷикистон шинос шуда, аз санъати бою рангини ҳунармандони тоҷик таассуроти нек бардоштанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита солимгардонии кормандон, дастгирии нафақахӯрон, маъюбон, ятимон ва аъзои иттифоқи касабаи соҳа мебошад, ки дар ин замина корҳои судманд анҷом дода шуданд. Дар самти истироҳати кӯдакону наврасон низ дар таътили тобистона аз ҷониби кумита аҳамияти махсус зоҳир гардида, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 103, «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019» ба 149  кӯдак  аз оилаҳои камбизоат, ятимон ва мактаб — интернатҳо роҳхатҳои ройгон ба истироҳатгоҳҳои “Чангоб” ва «Файзи Истиқлол» 80625 сомонӣ дода шуд. Мавриди зикр аст, ки ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорон ҳадафи доимии кумита мебошад. Соли ҷорӣ бо собиқадорони соҳа, аз ҷумла Хайрӣ Назарова, Майрам Исоева, Раҷабгул Қосимова, Гавҳар Умарова, Раҳматшо Додихудоев, Шарифхон Орипов, Алиҷон Бобоев, Гулсара Абдуллоева, Ҳошим Гадо, Ҳомид Обидов ва Фотима Ғуломова вохӯриву суҳбатҳои муфид анҷом дода шуданд.
Дар оянда низ Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон корро дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати ба хизматрасонӣ фаро гирифтани ташкилоту муассисаҳои соҳа, аз ҷумла ширкатҳои хусусии сайёҳӣ ва варзишӣ, корро пурзӯр намуда, саҳми худро дар рушду нумӯи давлату миллат хоҳад гузошт.

Заррина ҲОҶИЕВА,
раиси Кумитаи ҷумҳуриявии
иттифоқи касабаи
кормандони фарҳанг, иттилоот,
варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон