30 Март, 2020

КУМИТАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТӢ, ҶАМЪИЯТӢ ВА БОНКИИ ТОҶИКИСТОН

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар 90 соли фаъолияташ роҳи бузурги таърихиро тай намудааст ва дар густариши иқтисодиёт ва ҳаллу фасли масъалаҳои рушди иҷтимоии кишварамон саҳми арзанда дорад ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Чумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мавқеи таърихии хешро ишғол мекунад. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз бойгонӣ дастрасшуда аз соли 1931 то соли 1937 Бюрои ташкилии иттифоқи касабаи кормандони давлатӣ ҳамчун сохтори таркибии соҳавии Иттифоқҳои касабаи мамлакат амал мекардааст. 11 сентябри соли 1937 Конференсияи 1-ми иттифоқи касабаи кормандони давлатӣ баргузор шуд ва санаи мазкур ҳамчун рӯзи таъсисёбии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ он вақт иттифоқи касабаи соҳа 2400 нафар аъзоро муттаҳид мекард. Дар солҳои аввали ҳокимияти Шуравӣ иттифоқҳои касаба дар доираи резолюцияҳои соҳавӣ фаъолият бурда дар ҷалби сокинон ба корҳои оммавӣ , шанбегиҳо, маҳви бесаводӣ ва бекорӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Минбаъд он ҳамчун яке аз сохторҳои муқтадири ҷамъиятӣ фаъолият бурда, дар таъмини рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Иттиҳоди шӯравӣ нақши муассир гузошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои минбаъда ҷиҳати сафарбарӣ ва кӯмак ба ҷанговарони ҷабҳа, бартараф сохтани оқибатҳои ҷанг ва барқарорсозии иқтисодиёт иттифоқхои касаба чун тамоми сохторҳои умумииттифоқӣ саҳмгузор буданд. Солҳои минбаъда иттифоқҳои касаба бо истифода аз имкониятҳои фаровон ва шабакаи бузурги ташкилоту муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, вазифаҳои зиёде дар самти хоҷагидорӣ, ташкили мусобиқаҳои меҳнатӣ, идоракунии буҷети суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ташкили чорабиниҳо оид ба ҳифзи бехатарии ҳаёт ва саломатии кормандон, тақсимоти имтиёзҳо, тақсимоти манзил, тақсимоти роҳхатҳо, ва дигар ӯҳдадориҳое зиёде, ки тӯли даҳсолаҳо ташаккул ёфта буданд, ба сомон мерасониданд. 25-уми январи соли 1991, дар Анҷумани XV-уми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Декларатсия оид ба ташкили Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон — вориси Тоҷиксовпроф қабул карда шуд ва аз ҳамон вақт марҳилаи нави фаъолияти иттифоқҳои касаба оғоз ёфт.

Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо» аз 12 марти соли 1992 ба давраи хеле ҳассоси таърихи мамлакат рост омада буд. Қонуни мазкур тавонист дар замони амали хеш дар таҳкими фаъолияти иттифоқҳои касаба, ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат, нақши боризе гузорад. Новобаста аз вазъияти баамаломада ва душвориҳои иқтисодии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ тавонист, сафи аъзои худро нигоҳ дошта, алоқаро бо ташкилотҳои ибтидоии амалкунанда мустаҳкам намояд. Иттифоқи касабаи кормандони давлатӣ ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар ҳама давру замон таҳти роҳбарии кадрҳои озмудаву соҳибтаҷриба, ки аз ҷониби намояндагони даҳҳо ҳазор нафар аъзои иттифоқи касаба интихоб мешуданд, фаъолият мекард. Имрӯз мо бо арзи эҳтиром номҳои поягузорони ҳаракати иттифоқи касабаи соҳаро ёдовар мешавем, ки барои рушди ташкилот заҳмат кашидаанд. Мувофиқи ҳуҷатҳои аз бойгони дастрас шуда то соли 1937 Бюрои ташкилиро М. Бахтибек — ном нафар, баъдан – Юсупов баъд аз вай — Бижани Г. сарвари менамудан, баъдан Курицин Д. ва Горин Ф.В (1938-1939), Карпенко И. (1955), Зайцев Д.В. (1956 – 1961), Саидов Восид ( 1961-1965), Шарипов Хайриддин (1965-1975), Давиденко Т.Д. (с.1975), Ахмедов Самӣ (1976-1979), Назирова Лидия (1979-1984), Комилова И.Б. (1984-1985), Муродова Зарагул (1986-2009), Қаҳоров Дадо (с.2009-2015). Ҳар як нафари номбурда дар пешрафти фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи соҳа ва пурсамар гардонидани фаъолияти рузмарраи он саҳми босазо гузоштааст ва мавриди қадрдонӣ ҳаст. Аз 14 августи соли 2015 дар вазифаи раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Назарзода Наргис Ҷурахон фаъолият дорад.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ мондааст. Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа ташкилоти ҷамъиятиву ихтиёрӣ буда, кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шахраку деҳот, кормандони вазоратҳо, бонкҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, толибилмони муассисаҳои таълимии соҳавӣ, нафақахӯрон ва дигар шаҳрвандонро барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ муттаҳид менамояд. Айни ҳол Кумита дорои 1659 зерсохтор, аз ҷумла 3 кумитаи вилоятӣ, 62 кумитаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, 1594 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба мебошад. Шумораи аъзои иттифоқи касаба 46405 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин — 14188 нафар — зан ва 15192 нафар — ҷавонони то 35-сола мебошанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати амалигардонидани ҳадафҳои оинномавии хеш Иттифоқи касабаи соҳа панҷ Анҷуман (1995, 2000, 2005, 2009, 2016), 30 пленум ва зиёда аз 60 ҷаласаҳои раёсатро доир намуд.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои оинномавӣ, назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ ва манфиатҳои аъзои худ фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд кӯшиш ба харҷ медиҳад.