13 Август, 2020

ИТТИФОҚИ КАСАБАИ «ТОҶИКМЕТАЛЛ»

 

ТАЪРИХИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ «ТОҶИКМЕТАЛЛ»

Баҳори соли 2017 ташкилотҳои касабавии иттиҳоди ҷамъиятии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» бо ифтихор 40-солагии ташкилёбии аввалин иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд, ки ин соҳа марҳилаи наве дар рушду такомули амалиёти касабавӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, ба таҷдиди сатҳу самтҳои фаъолияти иттифоқи касабаи кормандони соҳаҳои муҳими саноат, ба мисли кашфи маъданҳои фоиданоки куҳӣ, дарёфти маъданҳои рангаю қиматнок ва дигар минералҳо, истеҳсоли алюминий, хеле мусоидат намуд.

Дар баробари ташкилёбии иттифоқи касабаи соҳа дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаву муассисаҳои кӯҳкорӣ ва кӯҳӣ-металлургӣ бунёд ёфтанд, ки он замон дар тобеияти сохторҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекарданд.

Як қисми онҳо ҳамсоли таъсисёбии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон буда, саноати косибию ҳунармандии собиқро ба ҳайати худ тобеъ намуда, саноати маҳаллиро рушд мебахшиданд ва баробари пешрафти кишвар ба сохторҳои умумииттифоқӣ ворид гардида, ҳамаҷониба равнақ меёфтанд, муваффақ ба талаботу меъёри иқтисодиёт маҳсулот мебароварданд. Дар ҳайати иттиҳодияҳои иттифоқӣ фаъолият намудан ҳамзамон аз ҷиҳати техникаю технология рушд меёфтанд. Бисёре аз ин муассисаҳо ба корхонаҳои азим табдил ёфта, дар ташкилу таъмини ҳаёти иҷтимоии кормандони худ саҳми асосӣ гузошта, ба корҳои муҳиму судманд мутахассисони моҳиру болаёқатро на танҳо аз ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ ба кор ҷалб мекарданд.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ асосан соҳа аз нав ба суръати баланд рушду нумӯъ ёфт, дастгоҳу муассисаҳои куҳна аз нав таҷҳизонида шуда, корхонаҳои наву азим бунёд ёфтанд. Аз рӯзи ташкилёбии корхонаву муассисаҳо ташкилотҳои иттифоқи касаба ҳам таъсис ёфта, тибқи Оинномаи ягонаи Иттифоқи касабаи ИҶШС (СССР), ки анҷумани VIII Иттифоқҳои касаба аз 1 ноябри соли 1963 тасдиқ карда буд, фаъолият мекарданд. Баъдан ба Оиннома анҷуманҳои XIV аз 04.03.1968, XV аз 24.03.1972 ва XVI иттифоқи касабаи ИҶШС аз 25.03.1977 тағйироту иловаҳо ворид намуданд.

Дар солҳои баъди ҷанг вазифаи аввалиндараҷаи иттифоқҳои касаба мубориза баҳри иҷро ва барзиёд иҷро намудани нақшаҳои рушди хоҷагии халқ, ташаккули фаъолияти меҳнатии коргарон, беҳбудии ҳаёту зиндагии меҳнаткашон буд.

Солҳои 50-70 уми асри гузашта бо он хос аст, ки як қатор санадҳои ҳуқуқӣ барои такмилу таҳкими ваколатҳои иттифоқҳои касаба дар муассисаву корхона ва иқтисодиёт ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла «Низомнома оид ба ҳуқуқҳои кумитаҳои маҳаллии иттифоқхои касабаи фабрикаю заводҳо» (с.1958), ки соли 1971 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР аз нав таҳияву такмил ёфт. Соли 1970 бошад «Асосҳои қонунгузории Иттифоқи РСС ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ оид ба меҳнат» -барои иттифоқи касаба «конститутсияи дуюм» қабул карда шуд. Барои иттифоқҳои касаба ин санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Низомномаи муассисаҳои давлатии сотсиалистӣ» (с.1965), «Низомнома дар бораи тартиби дида баромадани баҳсҳои меҳнатӣ» (с.1974), «Низомнома дар бораи судҳои рафиқона» (с.1977) ва монанди инҳо бисёр муфиду зарурӣ буданд.

Давоми ин солҳо дар Тоҷикистон бисёр корхонаву муассисаҳои азим, аз ҷумлаи Комбинати маъдантозакунии Адрасмон (соли 1970 дар заминаи кони Қаро Мазор таъсис шудааст), Комбинати маъдантозакунии Анзоб (соли 1970 ташкил шудааст), Идораи истихроҷи маъдани Олтин-Топкан (соли 1948 ташкил шудааст), Корхонаи истихроҷи тиллои Дарвоз (соли 1972 ташкил шудааст), ҶСК «Комбинати металлҳои нодири Ленинобод» (соли 1948 таъсис ёфт), Заводи Алюминийи Тоҷик бунёд гардида соли 1975 истеҳсоли маҳсулотро шурӯъ намуд.

Дар баробари ин корхонаҳо боз дигар муассисаҳою ташкилотҳо барои таъмини иншооти истеҳсолӣ, инфраструктураи шаҳраку маҳаллаҳои коргарнишин таъсис ёфтанд.

Дар ҳамаи муассисаҳою ташкилотҳои бунёдёфта иттифоқҳои касаба фаъолият намуда, вобаста ба самти соҳа ба ҳайати Кумитаи марказии ин ё он иттифоқи касабаи соҳавӣ шомил буда, дар маҷмӯъ сохтори таркибии Шӯрои Марказии Умумииттифоқии Иттифоқҳои касаба (ВЦСПС) маҳсуб меёфтанд.

Иттифоқҳои касабаи муассисаҳои тобеи Вазорати металлҳои рангаи СССР ва «Главалмаззолото» — и назди Совети Вазирони СССР ба ҳайати КМ иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати металлургӣ дохил буданд, ки роҳбари методӣ ва назорат ба фаъолияти ташкилотҳои касабавиро тавассути намояндаи таъиннамудаи ҷумҳурӣ амалӣ мегардонданд. Намояндаи КМ иттифоқи касаба дар ҷумҳурӣ ба назорати ташкили корҳои касабавӣ, фаъолияти техникӣ, нозирони ҳуқуқи меҳнат, кумитаҳои соҳавии иттифоқи касабае, ки дар ҷумҳурӣ ҷойгиранд, масъул буданд. Барои корҳои анҷомдода дар ҷумҳурӣ мунтазам ба КМ иттифоқи касабаи соҳавӣ ҳисобот медоданд.

Ҳар як иттифоқи касабаи соҳавӣ Оинномаи худро дошт, ки махсусияти иттифоқи касаба дар он таҷассум ёфта, ба Оинномаи иттифоқҳои касабаи СССР мутобиқ буд.

КМ иттифоки касабаи саноати металлургӣ соли 1931 таъсис ёфта, давоми фаъолияти минбаъдаи худ, вобаста ба муттаҳидшавӣ, барҳамхӯрию азнавтаъсисёбӣ тағйироти куллиро аз сар гузаронд.

Бо қарори Президиуми КМ иттифоқи касабаи коргарони саноати металлургӣ моҳи майи соли 1977 Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коргарони саноати металлургия таъсис ёфта, 30 майи соли 1977 дар шаҳри Душанбе конференсияи муассисони кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коргарони саноати металлургии РСС Тоҷикистон баргузор гардида, ба бунёди иттифоқи касабаи соҳа оғоз бахшид.

Дар конференсия аз 120 вакили интихобшуда 115 нафар, аз ҷумла аз Заводи алюминийи Тоҷик 23 вакил бо сарварии раиси кумитаи иттифоқи касаба Муҳиддинов Аъзам Муҳиддинович, аз Комбинати маъдантозакунии Адрасмон 25 вакил бо роҳбарии раиси кумита Умаров А, аз комбинати металлҳои нодири Ленинобод 10 вакил, аз Комбинати маъдани Анзоб, Заводи гидрометаллургии Исфара, иттиҳодияи «Тоҷикзолото» ва Комбинати маъдантозакунии Такоб 7 вакил иштирок доштанд. Нахустин раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа устои сехи Заводи алюминийи Тоҷик Комилов Икром Ёдгорович интихоб гардид. Он вақт иттифоқи касабаи соҳа дар сафҳои худ 11199 аъзо дошт.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба тобеи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи коргарони саноати металлургияи СССР буда, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, суратҳисоб дар бонк, воҳиди муайяни корӣ ва шахсони хизматрасон дошт. Вай фаъолияти худро мутобиқи Оинномаи иттифоқҳои касабаи СССР ва Оинномаи иттифоқи касабаи коргарони саноати металлургия ба роҳ монда буд.

Роҳбарии онро КМ иттифоқи касабаи соҳавӣ ба зима дошт.

Тоҷиксовпроф, тибқи қарори Президиуми ВЦСПС аз 17 марти соли 1977, вазифадор буд, ки «фаъолияти ҳамаи нозирони техникии меҳнат ва табибони боваркардаро, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи меҳнат, хизматрасонии тиббӣ машғуланд, ҳамоҳанг намояд, ба  КМ иттифоқи касаба дар интихоби кадрҳои нозирони техникӣ ва табибон ёрӣ расонад».

Ба ҳамаи ин номуаянию нофаҳмиҳо Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба рисолату масъулияти оинномавии худро сарбаландона иҷро карда омаданд.

Мавҷудияти ин мақомот ба марҳилаи рушди босуръату пурсамари саноати кишвар рост омада, соҳаҳои металлургияи ранга ва саноати маъдани кӯҳӣ, сохтмон рушд ёфта, мавриди истифода қарор додани иншоотҳои нав ба назар мерасад.

Аз ҷумла, сохтмони корхонаи азими алюминийи тоҷик вусъат ёфта, 31 марти соли 1975 дар корпуси панҷуми электролиз аввалин намунаи алюминийи холис истеҳсол карда шуд. Минбаъд, марҳила ба марҳила корпусҳои дигар ба истифода дода шуданд. Чунончи августи соли 1979 корпуси ҳафтум, марти соли 1980 ва 1981 корпусҳои нуҳум ва даҳум. Охирин корпуси истеҳсолӣ (№12) соли 1989 ба истифода дода шуд.

Солҳои навадум барои завод аз он ҷиҳат фарқкунанда буд, ки сеху участкаҳои истеҳсолӣ бо вусъати баланд ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум сар карданд. Соли 1990 сехи истеҳсоли тунукаву масолеҳи алюминий бо иқтидори 10 ҳазор тонна дар як сол, соли 1992 — сехи истеҳсоли зарфҳои рӯзгор бо иқтидори 4 млн. номгӯй дар як сол, соли 1994 — истеҳсоли чархҳои автомобил ба фаъолият шурӯъ карданд. Ҳамаи ин иншоотҳоро комиссияҳои корӣ ва комиссияҳои давлатӣ, бо иштироки сарнозири техникии КМ иттифоқи касаба қабул ва ба истифода доданд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи муқарарроти СНиП 3.01.04.87 «Қабул ва ба истифода додани объектҳои сохтмонашон анҷомёфта. Низомномаи асосӣ» дар ҳайати комиссияи корӣ дар баробари намояндагони дигар мақомот намояндаи нозироти техникии меҳнати КМ иттифоқи касабаи марбута ҳатмист. Ин вазифаи масъулиятнокро давоми солҳои сипаришуда сарнозирони техникии КМ иттифоқи касаба Краснов Д., Голицин ва Зоғов А.Х. сарбаландона иҷро карда омаданд.

Дар фазои азнавсозии сохтори идораи хоҷагии халқи кишвар, ҳамчунин тибқи қарори пленуми III ВЦСПС ва пленуми V КМ иттифоқи касаба, президиуми  КМ иттифоқи касаба бо қарори худ аз 1 ноябри соли 1988 Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи Тоҷикистонро барҳам дод.

Мутобиқи қарори мазкур фаъолияти кумитаи мазкур ҳамчун шахси ҳуқуқӣ катъ гардид. Хизматрасонии молиявӣ, дигар ваколатҳои он ба Тоҷиксовпроф гузашта, дар симои Намояндагии КМ иттифоқи касабаи коргарони саноати металлургия мақомоти машваратию ҳамоҳангсозӣ бо воҳидҳои кории ташкилотчии иттифоқи касаба, сарнозири техникии меҳнати КМ иттифоқи касаба, нозирони ҳуқуқ ва духтури махсус бе ваколати шахси ҳуқуқӣ, бе муҳру суратҳисоби бонкӣ таъсис дода шуд.

Вале чунин тартибу низом кори иттифоқи касабаро бо кулли меҳнаткашони соҳа мушкилтар мегардонд.

Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои касабавӣ дар пленуми навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба дар бораи таъсиси Шӯрои намояндагони иттифоқҳои касабаи коргарони саноати металлургӣ қарор қабул карда, тибқи он ҳамаи раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳа муттаҳид карда шуданд.

Замони фаъолияти худ Шӯро панҷ ҷаласа гузаронд.

Дар аввал ин мақом бе қарори марбутаи ВЦСПС ваколати шахси ҳуқуқӣ надошт. Аз июли соли 1990 Шӯро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ваколатҳои худро соҳиб гардида, бо қарори Шӯрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба он ҳуқуқи фаъолияти молиявӣ дода шуд.

Барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустақилу соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки дар ҷумҳурӣ сохторҳои мақомоти давлатию ҷамъиятӣ таъсис дода шаванд.

Дар чунин вазъият бо ташабусси Шӯро 24 августи соли 1990 анҷумани муассисони иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати металлургия даъват карда шуд, ки дар кори он аз 92 вакили интихобшуда 87 нафар аз 25 муассисаю корхонаҳои саноати металлургия, 6 ташкилоти Саридораи металлҳои нодир ва алмоси «Главалмаззолото» -и назди Совети Вазирони СССР ширкат доштанд, ки онҳо намояндагони 23195 нафар аъзои иттифоқи касаба маҳсуб меёфтанд. Анҷуманро раиси кумитати иттифоқи касабаи Заводи алюминийи Тоҷик Хоҷаев Х.А. раисӣ карда, намояндаи масъули КМ иттифоқи касабаи саноати металлургия Ҷамолиддинов А.Ҷ. “Дар бораи ҳолати иттифоқи касабаи саноати металлургияи РСС Тоҷикистон ва чораҳои беҳбуд бахшидани он» маърӯза кард.

Ба рӯзномаи анҷумани муассисон масъалаҳои зерин дохил карда шуда буданд:

  1. Дар бораи таъсиси иттифоқи касабаи мустақили меҳнаткашони саноати металлургии РСС Тоҷикистон.
  2. Қабул ва тасдиқи Оинномаи иттифоқи касабаи мустақили меҳнаткашони саноати металлургии РСС Тоҷикистон.
  3. Тасдиқи ҳайати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи мустақили меҳнаткашони саноати металлургия.
  4. Интихоботи раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи мустақили меҳнаткашони саноати металлургия.
  5. Тасдиқи Низомнома дар бораи комиссияи назоратӣ-тафтишотии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба.
  6. Интихоботи ҳайати комиссияи назоратӣ-тафтишотии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба.

Дар анҷумани муассисон дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла:

  1. Қарори анҷумани муассисони иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати металлургия РСС Тоҷикистон, мутобиқи қарорҳои зерин:
    • Иттифоқи касабаи мустақили меҳнаткашони саноати металлургияи РСС Тоҷикистон таъсис дода шавад.
    • Ҳамаи 31 ташкилоти касабавии муассисаву корхонаҳои саноати металлургия ва Главалмаззолото, ки дар РСС Тоҷикистон ҷойгиранд, муассис ва узви ташкилоти иттифоқи касабаи мазкур дониста шаванд.
    • Лоиҳаи Оинномаи иттифоқи касабаи мустақили меҳнаткашони саноати металлургияи РСС Тоҷикистон қобили қабул дониста шуда, масъалаҳои қабул ва тасдиқи Оиннома комилан дар марҳилаи дуюми анҷуман, баъди анҷумани навбатии ВЦСПС ва Шӯрои иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ дида баромада шавад.
    • Ҳайати кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи мустақили меҳнаткашони саноати металлургия дар ҳайати намояндагии ҳамаи иттифоқҳои касаба, ҳамчун намояндаи коллективҳои меҳнатӣ дониста шавад. Рӯйхат дар ҳайати 53 нафар замима мегардад.
    • Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи мустақили меҳнаткашони саноати металлургия рафиқ Ҷамолиддинов А.Д интихоб карда шавад.
    • Низомнома дар бораи комиссияи назоратӣ-тафтишотии кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи мустақил тасдиқ карда шавад.
    • Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Кумита дар ҳайати 5 нафар интихоб карда шавад.
    • Ба баррасии марҳилаи дуюми анҷумани муассисон қабули қарорҳои қатъӣ аз рӯи масъалаҳои зерин гузаронида шавад:

— дохил шудан ба ҳайати мақомоти байнииттифоқии ҷумҳуриявӣ ва КМ иттифоқи касабаи соҳавӣ;

— муқаррар намудани ваколатҳои ба ин мақомотҳо гузошта мешуда;

— фоизи пардохти ҳаққи аъзогии ин мақомотҳо барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда.

 

Марҳилаи дуюми Анҷумани муассисон 15 феврали соли 1991 дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Тӯли ин муддат дар ҳаёти иттифоқи касаба тағйироти куллӣ ба амал омад.

Рӯйдоди аввал -24-25 сентябри соли 1990 дар Москва анҷумани XIV иттифоқи касабаи коргарони саноати металлургия доир гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи мустақили  меҳнаткашони саноати металлургияи РСС Тоҷикистон дар ҳайати Хоҷаев Х.А.-раиси кумитаи иттифоқи касабаи Заводи алюминийи Тоҷик, Саломатин Н.Н.- бригадири кӯҳкорони иттиҳодияи «Тоҷикзолото», Усманов К. — раиси кумитаи иттифоқи касабаи Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон», Душабоев А.Д. – раиси кумитаи иттифоқи касабаи Экспедитсияи геологию инкишофии Осиёимиёнагии Вазорати металлургияи рангаи СССР, Полтавченко Е.А. — рехтагари сехи электролизи  Заводи алюминийи Тоҷик, раиси кумитаи иттифоқи касабаи сех, ширкат намуданд.

Ин анҷуман дар бораи азнавташкилёбии Федератсияи иттифоқҳои касабаи меҳнаткашони саноати кӯҳӣ-металлургии СССР («Союзметалл») қарор қабул кард.

Рӯйдоди дуюм-21-29 октябри соли 1990 Анҷумани XIX иттифоқҳои касабаи СССР доир гардид, ки вакили он Хоҷаев Х.А буд. Анҷуман ВЦСПС-ро барҳам дода, Конфедератсияи умумии иттифоқи касабаи СССР-ро ташкил кард. Баъди барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ва қатъи фаъолияти ҲКИШ (КПСС) ин ташкилот аз байн рафта, моликияти он мусодира карда шуд.

Рӯйдоди сеюм — 24-25 январи соли 1991 доир гардидани Анҷумани XV иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ш.Душанбе буд. Анҷумани Шӯрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон («Тоҷиксовпроф») -ро барҳам дода Шӯрои федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ташкил намуд. Вобаста ба ин Эъломия ва Оинномаи Шӯрои Федератсия қабул ва раиси он Солеҳов М.С. интихоб шуд.

Дар марҳилаи дуюми анҷумани муассисон ба муҳокимаи вакилон се масъала гузошта шуд:

  1. Дар бораи тасдиқи Оинномаи иттифоқи касаба.
  2. Дар бораи воридшавии иттифоқҳои касабаи меҳнаткашони саноати маъдани кӯҳии СССР ба ҳайати Федератсия.
  3. Дар бораи воридшавӣ ба ҳайати Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон.

 

Аз рӯи масъалаи аввал қарорҳои зерин қабул карда шуд:

  1. Оинномаи иттифоқи касабаи мустақили меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи РСС Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
  2. Мутобиқи Оинномаи иттифоқи касаба Кумитаи ҷумҳуриявӣ ба Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи Тоҷикистон табдил дода шавад.

Аз рӯи ду масъалаи дигар бо мазмуни зерин қарорҳо қабул карда шуданд:

Анҷумани иттифоқи касабаи меҳнаткашони санъати маъдан ва металлургияи РСС Тоҷикистон

Қарор мекунад:

  1. Ба ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи СССР ҳамчун аъзои комилҳуқуқ дохил шавад.
  2. Ба раиси КМ иттифоқи касаба супорида шавад, ки бо шарти ҳуқуқҳои баробари ҳамкорӣ, бо додани қисман вазифаҳои вобаста ба ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашони соҳа дар мақомоти олии ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ шартнома ба имзо расонад.

Анҷумани иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи РСС Тоҷикистон

Қарор мекунад:

  1. Ба ҳайати Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқ дохил шавад.
  2. Ба раиси КМ иттифоқи касаба супорида шавад, ки бо шартҳои ҳуқуқи баробари ҳамкорӣ, бо додани қисман вазифаҳои вобаста ба ҳифзи меҳнаткашони соҳа дар мақомоти олии ҳокимияти ҷумҳурӣ ба эъломияи ташкили Шӯрои Федератсия имзо гузорад.

 

Аз ин рӯз эътиборан дар таърихи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» -ташкилоти ҷамъиятии мустақили Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаҳои нав оғоз ёфтаанд. Туфайли иштироки фаъолонаи иттифоқҳои касаба дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ қонунҳои нав «Дар бораи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1991) «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва ваколатҳои фаъолияти он» (1992), Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Қонунҳои мазкур барои роҳбарони иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон кафолати боэътимоданд.

Моҳи феврали соли 1996 анҷумани II иттифоқҳои касаба доир гардида, дар муайян намудани вазифаҳои асосии он нақши муҳим бозид. Анҷуман мақсаду тартиби фаъолияти иттифоқҳои касабаро дар пурзур намудани ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнаткашон муайян кард. Ба   Оинномаи иттифоқҳои касаба тағйиру иловаҳо ворид намуда, нуфузи эътибори онро боз ҳам баланд бардошт.

Феврали соли 2001 анҷумани III иттифоқи касаба доир гардида, фаъолияти онро дар давраи гузашта ҷамъбаст ва самтҳои фаъолияти онро барои 4 соли минбаъда муқаррар намуд. Ба Оинномаи иттифоқи касаба иловаҳо ворид гардида, барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти ташкилотчигии звеноҳои ибтидоии касабавии соҳа чораҳои мушаххас андешид.

Анҷумани IV феврали соли 2006 баргузор гардид. Дар он тағйиру иловаҳо ба Оиннома тасдиқ гардида, аз ҷумла иттифоқи касаба номи нав — «Тоҷикметалл»-ро гирифта муҳлати ваколати Кумитаи Марказӣ аз 5 ба 7 сол муқаррар гардид. Ҳамчунин барномаи амали иттифоқи касаба барои солҳои 2006-2012 қабул карда шуд.

Анҷумани навбатии V иттифоқи касаба моҳи майи соли 2013 доир гардида масъалаҳои зеринро дида баромад:

  1. Ҳисоботи КМ иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дар давраи аз 24 феврали соли 2006 то 11 майи соли 2013 ва вазифаҳои навбатии фаъолияти иттифоқи касабаи соҳавӣ.
  2. Ҳисоботи комиссияи назоратӣ-тафтишотии иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи ҶТ «Тоҷикметалл» дар давраи аз 24 феврали соли 2006 то 11 майи соли 2013.
  3. Барномаи амали иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи ҶТ «Тоҷикметалл» дар давраи солҳои 2013-2020.
  4. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи ҶТ «Тоҷикметалл»
  5. Интихоби раиси иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи ҶТ «Тоҷикметалл»
  6. Интихоби ҳайати нави КМ иттифоқи касабаи соҳавӣ
  7. Интихоби ҳайати нави комиссияи назоратӣ-тафтишотии иттифоқи касабаи соҳавӣ
  8. Интихоби раиси комиссияи назоратӣ-тафтишотии иттифоқи касабаи соҳавӣ
  9. Интихоби вакилон ба анҷумани XIX Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Анҷуман Изҳороти иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро оид ба мавқеи иттифоқи касабаи соҳавӣ нисбати интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кабул намуд.

Ба роҳи чилсолаи тайнамудаи иттифоқи касабаи соҳа назар андухта, мо бо қаноатмандӣ мегӯем, ки ҳамаи дастовардҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи меҳнаткашон — самараи ҳамкориҳои судманди роҳбарияти ташкилотҳои касабавӣ бо аъзои иттифоқҳои касаба мебошад. Имрӯз ҳам, дар марҳилаи гузариш ба муносибатҳои иқтисодию бозорӣ байни роҳбарияти ташкилотҳои касабавӣ — ҳамчун намояндагони кормандон ва корфармоён бо роҳу усулҳои нави судманд ташаккул ёфта истодаанд.

Таърихро одамон месозанд, дар таърихи иттифоқи касабаи мо бошад, дар ҳамаи марҳилаву зинаҳо намояндагони босалоҳият ҳам аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва ҳам аз ҷониби маъмурияти корхонаву муассисаҳо фаъолияти пурсамар карда омаданд. Имрӯз мо бо эҳтиром, ифтихору қаноатмандӣ номҳои сарварони аввали иттифоқи касаба-Комилов Икром Ёдгорович, ва Ҷамолидинов Абдулазизро ба забон мегирем. Ташаббусҳои онҳо, кӯшишу мақсадҳои наҷибонаи онҳо ҳамеша аз ҷониби роҳбарони хирадманду ояндабини ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла Абдураззоқов Абдуманнон, Алибеков Зайниддин, Аламов Исроил Бобоевич, Байдаков Иван Семёнович, Бараков Саилхон Мусаинович, Бобохонов Бобохон, Бондаревский Евгений Николаевич, Глазунов Иван Фёдорович, Маҳкамбоев Салим Маҷидович, Расулов Ҷаббор Расулович, Синани Михаил Фёдорович, Темурҷонов Холисхон Темурҷонович, Ҷумъаев Мурод Холович, ҷонибдорию дастгирӣ меёфтанд.

Дар корхонаву муассисаҳо сиёсати иттифоқи касабаро ин муддат бевосита роҳбарони бохираду ташкилотчӣ рафиқон Муҳиддинов А., Хоҷаев Х.А., Шарифов С.Р., Мадалиев М.М., Рустамзода Ф., Эшонқулов И., Шукуров Ш.З., Тошев Т., Гулов К., Қосимов Ф.Г., Умаров С., Салимзода Х. амалӣ гардондаанд. Корҳои мураккабу масъулияти ҷиддӣ ба зиммаи сарнозирони техникӣ Дмитрий Краснов, Голицин Юрий Михайлович, Горюнов Сергей Владимирович, Зоғов Абдулло гузошта буданд, ва 20 соли охир ин вазифаро Холиқов Кароматулло ба уҳда дорад.

«Мустақил» — ин мафҳум дар номи иттифоқи касаба зиёд истифода мешавад, гоҳ аз байн меравад ва боз пайдо мешавад. Бо ин калима муассисон муносибат ва имкониятҳои худро ҳангоми қабули ҳарфҳои худ, бе ягон фармон ва дахолати ягон мақомоти дигар ифода менамоянд. Дар навбати аввал ин баёнгари комилҳуқуқӣ дар дахлу харҷи моликият ва маблағи худӣ, ҳифзи манфиат, ҳамчунин таъмини муносибату муомилот бо дигар иттифоқҳои касаба, аз ҷумла ҳамтоёни хориҷӣ мебошад.

Дар фазои тағйироту сохтории ҷомеа иттифоқи касабаи соҳавии мо аввалин шуда ба арсаи байналхалқӣ роҳ кушод. Соли 1993 тибқи шартномаи муштарак бо иттифоқи касабаи «Туркметалл» ҳамкориро ба роҳ монд, ки қароргоҳаш дар шаҳри Анқара мебошад. «Туркметалл» ташаббускори таъсиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалии Евроазии металлургон (МЕФМ) буда, дар ҳайати худ қариб 70 ташкилоти касабавии соҳавиро (Тоҷикистон, Булғория, Украина, Россия, Македония, Гурҷистон, Руминия, Белоруссия, Албания, Озарбойҷон, Армения, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркменистон…) муттаҳид кардааст. Ҳамагӣ дар ҳайати ин Федератсия 22 миллион аз 19 кишвар мебошанд. Бо қарори пленуми IV КМ иттифоқи касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 1994 «Тоҷикметалл» узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналхалқӣ мебошад.

Моҳи майи соли 1994 дар Анҷумани муассисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалии Евроазияи металлургҳо (МЕФМ) дар шаҳри Анқара Президенти иттифоқи касабаи «Туркметалл» Мустафо Озбек Президенти МЕФМ интихоб шуд. Ман бошам, ҳамчун раиси КМ иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», — раиси комиссияи назоратию тафтишотии МЕФМ интихоб шудам.

Иттифоқи касабаи мо ҳамчунин узви Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи (Профсентр «Союзметалл») низ мебошад. Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи меҳнаткашони саноати маъдан ва металлургия (Профсентр «Союзметалл») марти соли 1993 таъсис ёфта, иттифоқҳои касабаи соҳавии як қатор кишварҳои ИДМ-ро муттаҳид кардааст. Имрӯз дар ҳайати он иттифоқҳои касабаи соҳавии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Россия, Гурҷистон, Белоруссия, Армения, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина аъзо мебошанд. Дар маҷмӯъ Профсентр «Союзметалл» дар сафҳои худ 1,2 миллион кормандони соҳаро муттаҳид кардааст. Тавассути он иттифоқи касабаи мо ба иттифоқҳои касабавии Белгия, Люксембург, Фаронса, Олмон ҳамкорӣ дошта, бо иттифоқҳои касабаи соҳавии Молдова ва Ӯзбекистон шартномаи муштарак бастааст.

23 марти соли равон дар Москва Конгресси VI навбатии Профсентр «Союзметалл» баргузор гардида, 62 вакил аз ташкилотҳои ҳамузви МОП ширкат намуданд. Конгресс барномаи «Самтҳои асосии фаъолияти Профсентр «Союзметалл» барои солҳои 2016-2021» -ро тасдиқ намуда, «Дар бораи буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва мавқеи иттифоқҳои касаба дар ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими меҳнаткашон», «Дар бораи якдилии иттифоқҳои касаба ҳангоми поймол намудани ҳуқуқҳои меҳнаткашон», «Босифатӣ, бехатарии ҷойи кор — меъёри зарурии меҳнати арзанда!» резолютсияҳоро ба тасвиб расонд.

Ҳамчунин Конгресс ҳайати роҳбарикунандаи Профсентр «Союзметалл» — Кумитаи иҷроия ва Комиссияи тафтишотии МОП-ро тасдиқ намуд. Ман, ҳамчун раиси КМ иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», аъзои комиҷроияи Профсентр «Союзметалл», ва ҷонишини раиси КМ «Тоҷикметалл», — раиси Кумитаи иттифоқи касабаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Мадалиев М.М. — узви Комиссияи тафтишотӣ- интихоб шудем.

Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» имрӯз аз ташкилотҳои ҷамъиятии бонуфузи ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷибонаи худ устуворона қадам мемонад.

Ҳамин тавр, аз рӯзи ташкилёбии иттифоқи касабаи соҳавии мо 40 сол сипарӣ гашт. Дар ин муҳлати кӯтоҳи таърихӣ тавонист, ки бисёр кору амалҳои наҷибонаро ба сомон расонад ва дар ҷомеа мақоми сазоворро ишғол намояд.