28 Ноябрь, 2020

Семинари Ҷумҳуриявии Кумитаи иттиффоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 15 январи соли 2020 дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

 

     С Е М И Н А Р И

Ҷумҳуриявии Кумитаи иттиффоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 15 январи соли 2020 дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Мавзӯи семинар:

 

1.Дар бораи нақша чорабиниҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯри бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон рӯзи 24 октябри соли 2019 баргузор гардид;

 

2.Расонидани ёрии амалӣ ва методи оид ба фаъолияти кори ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ташкили корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ доир ба тағйироту иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

3.Тибқи моддаи 349 Кодекси меҳнати ҶТ ҳифзи меҳнат барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар пешбурди ҳама гуна фаъолият, тибқи моддаи 353 Кодекси меҳнати ҶТ маблағгузории ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, корфармоён ва дигар сарчашмаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

4.Муқаррароти моддаи 355-и Кодекси меҳнати ҶТ ташкили ҳифзи меҳнат дар корхонаю ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар ташкил карда мешавад, аз ин шумора кам вазифаи мансаби мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилот ё ба дигар мутахассис вогузор карда мешавад;

 

5.Тартиби ҷудо намудани маблағгузори доир ба ҳифзи меҳнат;

 

6.Тартиби бастани шартномаҳои коллективӣ байни Кумитаи иттифоқи касабаи соҳавӣ ва корхонаю ташкилотҳо;

 

7.Тартиби бастани шартномаҳои меҳнатӣ ба кормандон ва риояи ҷадвали рухсатиҳои меҳнатии кормандон;

 

8.Тартиби бозхонди корманд аз рухсатии меҳнатӣ, рухсатии меҳнатии музднок ё бемузд ё ин ки қисман музднок;

 

9.Тартиби пешбурди дафтарчаҳои меҳнатӣ;

 

10.Тартиби додани рухсатиҳои иҷтимоии кормандон ва додани кӯмакпулии яквақтаина ба онҳо;

 

11.Тартиби додани рухсатии кормандоне, ки кӯдакони навзодро фарзандхон кардаанд ё васии онҳо мебошанд; (моддаи 224-226 КМ ҶТ)

 

12.Тартиби ба кор қабул намудани кормандон;

 

13.Тартиби бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ва мувофиқаи он бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон; моддаи 44  (42) КМ ҶТ

 

14.Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик дар  ташкилотҳои  давлатӣ (воҳидҳои сохторӣ) ва дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ; (моддаи 27, банди 1,2)

 

15.Рухсатиҳои корношоямии кормандон ва тартиби додани рухсатиҳои дар боло зикршуда, дар бораи патент ва шаҳодатномаҳое, ки кормандони соҳаи савдо, бозорҳо (баромади намояндаи Агентии суғурта ва нозироти андоз)

 

16.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2018с, №235 оиди рухсатиҳои ба собиқаи кории кормандон иловакардашуда;

 

17.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 марти соли 2018 таҳти №112 дар бораи осеби ҷидди ва зарар ба саломатӣ дар ҳолати фавти корманд дар истеҳсолот, тағйироту иловаҳо ба Қарори №661 аз 21.10.2014с;

 

18.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.10.2017с, №10 “Дар бораи либосҳои махсуси ягона”;

 

19.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 25.01.2017с оиди ҷудо намудани маблағҳои 1,4% аз ҳисоби фонди ҳифзи иҷтимоӣ (25%) дар корхонаҳо ва тартиби ҷудо намудани он, (баромади намояндаи Агентии суғурта ва нозироти андоз);

 

20.Гузаштан ба тарзи нави ҳисоботдиҳӣ панҷрақама ба нозироти андоз ва супоридани эъломия ба Агентии суғуртаи давлатӣ дар асоси фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.05.2011с, №41 дар ин замина ҷудо намудани маблағҳои 1,4%.

 

21.Дигар масъалаҳое, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо шуданд.