13 Август, 2020

Семинари омӯзишию фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дирӯз бо ташабуси  Раёсати  Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  шаҳри Душанбе  семинар дар мавзуи “Вазъи риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои соҳаи тандурустии  шаҳри Душанбе, новобаста ба шакли моликият” баргузор гардид, ки дар он зиёда   100 нафар намояндагони корфармоён ва иттифоқҳои касабаи 75 муассисаи (сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии) соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе иштирок карданд.  Дар семинари мазкур роҳбарони муассисаҳои   Раёсати  тандурустии шаҳри Душанбе ва Раисони Кумитаҳои иттифоқҳои касабаи муассисаҳои   тандурустӣ дар шаҳри Душанбе  маъруза карданд.

Сараввал сардори Раёсати  Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  шаҳри Душанбе Иброҳимов. М суханрони карда  дар мавриди  вазъи риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои соҳаи тандурустии  шаҳри Душанбе изҳори андеша намуд. Баъдан Улмасов Раҷаббой мушовири  раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон сухарони кард. Дар охири семинар  дар хусуси риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу ҷавоб байни  иштирокдорон ва маърузачиён  сурат гирифт.