
Шанбеи ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 40 нафар кормандони дастгоҳи марказии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кормандони Кумитаҳои соҳавӣ ба ҳашари дастаҷамъона бароманданд. Дар ҳашар аҳли кормандон бехи дарахтонро нарм карданд, алафҳоро тоза карданд. Ҳамчунин зиёда аз 1000 бех гулҳои мавсими низ шинонда шуд.