13 Август, 2020

Дар бораи Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бахшида ба муносибати 28 апрел – Рузи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

 

 

«__15___» _  апрел___________________с. 2020                                          «_____» _____________________  

           № 34/1___________                                                                            № ___________

 

 

 

Дар бораи Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои

касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бахшида ба муносибати

28 апрел – Рузи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

 

 

  1. Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои ииттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бахшида ба муносибати 28 апрел – Рузи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат қабул карда шавад (замима мешавад).
  2. Муроҷиатнома дар воситаҳои ахбори омма нашр карда шавад.

 

 

 

 

Муовини аввали раис                                            Назарзода Н.Н.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

МУРОҶИАТНОМАИ

Федератсияии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба

Ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба муносибати

28 апрел – Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

 

Бо қарори Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 28-апрел «Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат» муқаррар шудааст.

Тавре дар Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дарҷ гардидааст, «иттифоқҳои касаба кўшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд».

24 октябри соли 2019 вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ баён намуданд, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд ва ин корро нозирони  иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд.

“Руй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.Ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад” — таъкид доштанд Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон.

Иттифоқҳои касаба бояд кӯшиши худро ба он равона намоянд, ки дар ҳар як ташкилоту корхона тибқи талаботи Кодекси меҳнат ва шартномаи коллективӣ барои ҳифзи меҳнат ва муоинаи тиббии кормандон дар ҳаҷми муайянгардида маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.

Инчунин, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд.

Иттифоқҳои касаба дар ташкилоту муассиса, корхона ва хоҷагиҳо новобаста аз шакли моликият, аз корфармо даъват менамоянд, нисбат ба мушкилоти иҷтимоию иқтисодие, ки мухолифи манфиатҳои кормандон ва аъзои оилаи онҳо мебошанд, роҳ надиҳанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи иттифоқҳои касаба заминаи қонунгузории ҳифзи меҳнат пайваста такмил меёбад ва бо муносибатҳои нави иқтисодӣ мутобиқ карда мешаванд, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ сарчашма мегиранд.

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнати арзандаву солим ва бехатар, дар шароити гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, ҳифзи меҳнат яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбад.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Шӯроҳои вилоятӣ, Кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба муроҷиат менамояд, ки дар ҳамкорӣ ва якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Вазорату идораҳои соҳавӣ, корхонаву ташкилот дар маъракаи сафарбарнамоӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити мусоиди меҳнат дар истеҳсолот, такмилу ташаккули он, таъмини талаботҳои бехатарӣ дар ҷойи кор тадбир андешанд.

Соли 2019 дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ рух дода буд, ки дар натиҷа 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Шумораи кормандоне, ки дар шароити номусоид машғули кор мебошанд, дар соли сипаригашта 3329 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар охирҳои соли 2019 бемории сироятии вируси тоҷдор (COVID-19) пайдо гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешгирии паҳншавии ин беморӣ саҳмгузор мебошад. Хушбахтона то ҳол мувофиқи маълумотҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тамоми тадбирҳоро барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ меандешад.

Ҳифзи саломатии кормандон дар корхонаву ташкилотҳо дар баробари дигар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии корманд ба иттифоқи касаба дахл дорад. Аз ин лиҳоз, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 18 марти соли 2020, №АП-1365, тавсияҳои Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касабаро оид ба пешгирии бемории пандемияи вируси тоҷдор (COVID-19) ба  эътибор гирифта, такроран хотиррасон менамояд, ки тамоми кормандон, фаъолон ва аъзоёни иттифоқи касаба, дар маҷмуъ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати беҳдошти ҷойи корӣ, гигиенаи шахсӣ, гигиенаи меҳнат эътибори ҷидди диҳанд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон вазифаи худ медонад, ки пеши роҳи бе асос фиристодани кормандон ба рухсатии меҳнатии бемузд, паст кардани музди меҳнати кормандон, напардохтани музди меҳнати кормандон дар вақти муайнгардида ва напардохтани музди меҳнатро гиранд. Аз корфармоён муроҷиат ба амал меорад, ки дар вазъияти ба амал омадани мушкилот дар асоси адолати иҷтимоӣ эҳтироми кормандони худро ба ҷо оранд. Зеро бо гузаштани мушкилот ҳамин кормандон бо меҳнати софдилонаи худ дар баланд бардоштани самаранокии иқтисодии корхонаи онҳо саҳми сазовор мегузоранд.

Дар рафти гузаронидани маъракаи мазкур вазифаҳои зеринро ҳаллу фасл кардан зарур аст:

— ҷалб намудани кормандон ва корфармоён ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, пешгирии ҷарроҳати истеҳсолӣ ва касалиҳои касбӣ дар истеҳсолот;

-иҷрои намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 18 марти соли 2020, №АП-1365, тавсияҳои Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касабаро оид ба пешгирии мушкилоти бемории пандемияи вируси тоҷдор (COVID-19);

— таъмини кормандон бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва коллективӣ;

-ба вуҷуд овардани шароити мусоиди меҳнат ва зарурии бехатарии меҳнат;

-баланд бардоштани ҳавасмандии кормандон ва корфармоён оид ба ташкили ҳифзи меҳнат;

-тарбияи кормандон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва фаъолияти самаранок дар ташкилоту корхонаҳо.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилотҳои иттифоқи касабаро барои дар коллективҳои меҳнатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти корхонаҳо самарабахш ташкил намудани муҳокимаи васеи масъалаҳои ҳифзи меҳнат, тарғиби он дар воситаҳои ахбори омма, бахусус рўзномаҳои тахассусии “Ҳамраъйӣ”, “Иттифоқ”, “Кошонаи умед”, “Ҳомии омўзгор”, гузаронидани машваратҳо ва намоишҳо дар корхонаҳо таҳти шиори «Рўзи ҳифзи меҳнат» даъват менамояд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон итминони комил дорад, ки амал ва ташаббусҳои иттифоқҳои касаба барои баланд бардоштани самаранокии ҳифзи меҳнат дар истеҳсолот хизмат менамояд ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар доираи шарикии иҷтимоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашон барои меҳнати арзандаву солим ва бехатарии шаҳрвандон саъю кўшиш менамоянд.

 

Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

 

Мувофиқа карда шуд:

Муовини раис                                                                                  Файзизода И.Н.

Мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат                                                      Қурбонов А.А.

Мудири шуъбаи њуќуќ                                                                    Алӣ И.С.