28 Ноябрь, 2020

ТАКЯ БА ҶАВОНОН

             Дар семинари омӯзишии иттифоқи касабаи сохтмон ва масолеҳи бинокории Тоҷикистон асосан фаъолони ҷавони ин ташкилот иштирок намуданд. Муовини раиси Кумитаи марказӣ Аҳмадрабӣ Ҳомидов чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки такя ба ҷавонон барои пешрафти соҳа заминаи мустаҳкам гузоштан аст. Иттифоқи касабаи соҳа дар фаъолияти худ ба ин масъала  аҳамияти ҳамарӯза медиҳад. Бо ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон ва Федератсияи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ доранд. Дар ин ҳуҷатҳо барои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ бандҳои алоҳъне ҷавонони тоҷик метавонанд дар ин кишварҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан, аз хизматрасонии иттифоқи касабаи соҳа истифода намоянд. Раиси Кумитаи марказӣ Ҳамроҳхон Самизода дар вақти сафараш ба Россия аз рӯйи имконият бо гурӯҳи ҷавононне, ки дар сохтмон кор мекунанд, суҳбат дошт.

 

         Ӯ ҳамчунин дар бораи фаъолияти иттифоқи касабаи соҳа дар самти ҳифзи ҳуқуқ, меҳнат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт мушаххас ахбор дод, ки барои иштирокчиёни семинар афзалият дошт.

Маърӯзаи мудири шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Саидзода Алӣ Иброҳим, ки масъалаи Ҳуқуқи ин сон, шаҳрванд ба меҳнат ва асосҳои қонунгузорӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни семинарро бештар ҷалб намуд. Ӯ таъкид намуд, ки барои ҳар аъзои ҷомеа донистани қонун ва иҷрои он амри зарурист.  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ  аксар қонунҳо, муоҳида ва конвенсияҳои байналмилалие, ки барои сиёсати кишвари мо эътибор доранд, ба расмият шинохтааст ва онҳоро татбиқ менамояд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ҳайси шарики иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама бобати таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ҳамкории судманд дорад. Дар таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми арзанда мегузорад.

 

          -Ҷавонон насли ояндасози кишваранд. Бе донистани қонун ва санадҳои қонунгузорӣ шахс дар ҷомеа мавқеи устувори худро пайдо карда наметавонад. Барои ҳамин ҳам, дар мактаби миёна ва олӣ баробари таълими фанҳои дигар, ба таълими фанҳои ҷомеашиносӣ эътибор медиҳанд, ки дар ташаккули шахсият муҳиманд. Хуб аст, иттифоқи касабаи соҳаи сохтмон ба тарбияи ҷавонон нағз аҳамият медиҳад. Ман омода ҳастам, ки барои иштирокчиён дар масъалаи эътибори қонун ва самараи қонунгузорӣ дар кишвар маълумоти зарурӣ бидиҳам,-изҳор дошт ӯ.

        А. Саидзода оид ба қонун ва конвесияҳои байналмилалӣ, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътибори онҳо дар пешрафту тараққиёти хоҷагии халқ бо мисолҳои мушаххас маълумот дод.

      Дар семинар оид ба масъалаи мубоҳисаҳои интерактивӣ мушовири директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Фаромузов  баромад намуд.

Иштирокчиёни семинар аз суҳбати мутахассисон таассуроти хуб гирифтанд.