21 Сентябрь, 2020

ҲИСОБОТ. Оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба”, қонунҳо ва қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Созишномаи генералиро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ҳимояи манфиатҳои аъзоёни Иттифоқҳои касабаи кишвар тадбир андешиданд.

Рӯзи 24 октябри соли 2019 вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуда буд, ки он дар таърихи навини ин ҳаракат   воқеаи муҳиму тақдирсоз ба шумор рафта,  дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат як такони ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Вохӯрӣ дар фазои муколамаи озоди тарафайн доир гашта, иштирокчиёни он аз суханронии Пешвои муаззами миллат хурсанду руҳбаланд шуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби Роҳбари давлат ба масъулини вазорату идораҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буд, ки ҳамаи онҳо дар самти рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва васеъ гардидани ҳуқуқ ва кафолату имтиёзҳои иҷтимоии меҳнаткашон аҳамият доранд. Дар робита аз 13-ноябри соли 2019 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, ба масъулини соҳаҳо дастрас гардид. Дар ҳамин асос ҳамаи ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ  қувваи зеҳнӣ ва ташкилотчигии худро баҳри амалигардонии дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат, ки дар Нақшаи мазкур нишон дода шудаанд, дар самти амалисозии сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар бо ҳисси баланди ватанпарварӣ ва  дарки масъулияти ҷиддӣ сафарбар менамоянд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ аз 26 декабри соли 2019 ироа гардида буд, нишондодҳо вобаста ба  тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, беҳсозии солимии ҷомеа,  баргузор кардани чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҷашни 23 – солагии Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қарорҳои Шӯрои генералӣ, ташкилотҳои ҳамузви Федератсия вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои муттасаддӣ оид ба масъалаҳои зикршуда таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.

Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу  густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа баҳри  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни  “30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар ин самти фаъолият саҳми босазо гузоранд.

Дар ин давра  2-ҷаласаи Шӯрои генералӣ бо баррасии 10-масъала ва  4-ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо баррасии 9-масъала баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба фаъолияти оинномавии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди шарикии иҷтимоӣ  баррасӣ карда шудаанд.

         Дар ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 25-январи соли 2017, истифодабарии  маблағҳои чорабиниҳои муолиҷаи санаторию курортӣ, ташкили фароғати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хуроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои тандурустию пешгирикунанда ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон ба роҳ монда шуд. Дар зарфи 6-моҳи соли 2020 аз ҷониби корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ барои аъзои иттифоқҳои касабаи коллективҳои меҳнатӣ роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои  ҷумҳурӣ тибқи имкониятҳои мавҷуда харидорӣ карда шуданд. Ба ҳолати 1-июни соли 2020 аз ҷониби Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он дар асоси маълумотҳои пешакӣ, дар маҷмӯъ 668 адад роҳхат ба маблағи  умумии 688 ҳазору 142 сомонӣ  харидорӣ ва дастрас карда шуданд.     

   Дар ҳолати  ба эътидол омадани вазъи зиддиэпидемикӣ то 31-декабри соли 2020 мумкин аст, ки ин нишондиҳандаҳо афзоиш ёбанд.   Қобили зикр аст, ки иттифоқҳои касаба ҷиҳати такмилдиҳии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34  аз 25-январи соли 2017 моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ унвонии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро ирсол намуда буд. Кор дар ин самти фаъолият идома дорад.

  Ҳамкориҳо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқ намудани талаботҳои  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои меҳнатӣ дар соли равон хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра аз ҷониби Вазорат унвонии Федератсия лоиҳаҳои 9-санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ворид гашта, ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқаррар гардида баррасӣ шуданд ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон қабул карда шуданд. Дар ин самт корҳо   идома доранд. Аз ҷумла, пешниҳодҳо ба  лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Созишномаи генералӣ барои солҳои 2021-2023, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Номгӯйи мансабу вазифаҳо, касбу корҳои ба меъёр гирифтанашудаи кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва давомнокии рухсатии иловагӣ ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда”, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои уҳдадории корманди муваққатан ба кор ҳозирнабуда, дар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда”, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”ва Нақшаи чорабиниҳои он, ва ғайра.

  Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи генералӣ 23-уми  апрели соли 2018 дар ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон  ба тасвиб расид, ки он аз 90 банд иборат мебошад. Рафти иҷрои Созишнома дар ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ санаи 22 феврали соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Моҳи июни соли ҷорӣ тибқи дархост мактуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 6.2/942 аз 28.04.2020) пешниҳодҳо ба лоиҳаи Созишномаи генералӣ  ба вазорат ирсол гардид.

Фаъолияти шариқии иҷтимоӣ

   Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангии миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа баҳри таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар ин самти фаъолият канораҷӯи накарда, балки баҳри иҷрои барнома ва нақшаҳои қабулшуда саҳми босазои хешро гузоранд.

   Дар давраи соли 2020 шумораи умумии аъзоёни Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ба ҳолати 1-январи соли 2020  867314 нафарро ташкил дода, теъдоди ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба 11020 мебошад, ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ 45 адад созишномаҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ, 36 адад созишномаҳои минтақавии вилоятӣ, 337 адад созишномаҳои минтақавии соҳавии шаҳру ноҳияҳо, 11020 шартномаҳои коллективӣ дар корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликияташон, баста шуданд.

  Мутобиқи маълумоти манзурнамудаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 84996 адад корхона новобаста аз шакли моликият арзи вуҷуд дошта, аз ин шумора 18341 ададаш дар давраи ҳисоботӣ фаъол буда, теъдоди 15671 корхона бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки 85,4%-ро ташкил дод. Аз ин миқдор, яъне аз 15671 шартномаи коллективӣ 11020 адад шартномаҳои коллективӣ дар корхона ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият бо ташкилотҳои иттифоқи касаба баста шуданд. Дар баробари ин аз ҷониби кумитаҳои ҷумҳуриявии иттифоқи касаба 45 адад созишномаҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, 36 адад созишномаҳои минтақавии вилоятӣ ва 337 адад созишномаҳои минтақавӣ аз ҷониби шӯроҳои иттифоқҳои касаба дар шаҳру ноҳияҳо баста шуданд. Дар маҷмӯъ 11438 созишнома ва шартномаҳои коллективӣ баста шудаанд.

Бозори меҳнат

    Шумораи қувваи корӣ (аҳолии машғули кор ва бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда) аз рӯйи баҳои пешакӣ дар моҳи апрели  соли 2020-ум 2446,5,0 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ҷумлаи онҳо  2394,7 ҳазор нафар (97,8 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғуланд ва 51, 7 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,1 фоизи шумораи умумии қувваи коритро ташкил медиҳанд.

    Аз шумораи умумии аҳолии ба кор машғул, шахсони дар рӯйхатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият дар моҳи апрели соли 2020-ум 1198,0  ҳазор нафар ё 50,0 фоизи шумораи умумии аҳолии машғулро ташкил дод. Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи апрели соли 2020  нисбат ба моҳи марти соли 2020-ум 0,3 фоиз кам ва нисбат ба моҳи апрели соли 2019-ум 2,2 фоиз зиёд шудааст.

Шумораи кормандони кироя дар намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши воқеӣ дар моҳи апрели соли 2020 нисбат ба моҳи апрели соли 2019-ум 3,2 фоиз зиёд шуда, 677,9 ҳазор нафар ва аз рӯйи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши хизматрасонӣ, 0,7 фоиз зиёд шуда,520,1 ҳазор нафарро ташкил дод.

    Дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз кормандони расмӣ (штатӣ) қувваи корӣ дар шароити дуҷоякорӣ ва дар асоси қарордоду шартномаҳои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта истифода бурда мешавад. Дар моҳи апрели соли 2020 дар ин шароит 47,9 ҳазор нафар кор кардаанд, ки ин 4,0 фоизи шумораи ҷойҳои ишғолшудаи кориро ташкил медиҳад.

  Дар иртибот ба рушди бозори меҳнат Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар самти иҷрои бандҳои марбутаи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020”-ро саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар доираи шарикии иҷтимоӣ корҳои заруриро иҷро намуда, оид ба корҳои карда шуда маълумотномаи Федератсия таҳия гардид ва сари вақт ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Кор дар ин самти фаъолият идома дода мешавад.

Қарздории музди меҳнат

         Дар доираи ваколатҳои худ ва талаботи Созишномаи генералӣ Федератсия ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнати корхонаҳоро таҳти назорат гирифта, бо корфармоён доир ба ҳалли ин мушкилот пайваста дар тамос ҳастанд. Ҳамасола, қарздории музди меҳнат бештар дар соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии обу корезӣ дида мешавад. Дар масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат ва маблағҳои рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷониби Федератсия мактубҳои дахлдор унвонии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ситоди доимоамалкунанда,  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қарздории мавҷудаи музди меҳнат ва маблағҳои рухсатиҳои меҳнатии кормандон ба ҳолати 12-июни соли 2020 ирсол карда шуд.

Тибқи маълумоти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳолати 20-уми июни соли 2020 қарздории фонди музди меҳнат 38,5 млн. Сомонӣ, аз ҷумла, музди меҳнат 16,1 млн. сомонӣ, пардохтҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 22,3 млн. сомониро ташкил медиҳанд. Карздории фонди музди меҳнат дар вилояти Хатлон 18,3 (музди ме3,5 млн. сомонӣ, пардохт барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 14,7 млн. сомонӣ), шаҳри Турсунзода 8,3 (музди меҳнат 4,4 млн. сомонӣ пардохт барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 3,9 млн. сомонӣ), ноҳияи Рӯдакӣ 11,5 ( музди меҳнат 8,1 млн. сомонӣ, пардохт барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 3,4 млн. сомонӣ) рост меояд.

Вобаста ба қарздории мавҷудаи музди меҳнат ва маблағҳои рухсатиҳои меҳнатии  меҳнаткашон ба Федератсия аз иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи пардохти музди меҳнат, рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳаи маориф дар моҳи майи соли 2020”   мактуб ворид гардид.

Ба ҳолати 12 июни соли 2020 қарздории музди меҳнат дар ҳаҷми 21 миллиону 774 ҳазору 755 сомонӣ ва рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳа дар ҳаҷми 113 миллиону 28 ҳазору 731 сомонӣ пардохт карда нашудааст.

Маблағи  пардохтнагардидаи музди меҳнат ва рухсатиҳои меҳнатӣ:

 -дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои И. Сомонӣ 787543 сомонӣ, Фирдавсӣ 2864400 сомонӣ, Сино 3400000 сомонӣ аз ҳисоби рухсатиҳои меҳнатӣ пардохт нагардидааст.

-дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Роғун 1083815 сомонӣ, Ваҳдат 9437276 сомонӣ, шаҳри Турсунзода  аз музди меҳнат 4500000 сомонӣ, ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 6274690 сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 11267300 сомонӣ, ноҳияи Нуробод 2740000 сомонӣ, ноҳияи Лахш 780826 сомонӣ, ноҳияи Рашт 4661863 сомонӣ.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби рухсатиҳои меҳнатӣ, ноҳияҳои Дарвоз 1238160, Рӯшон 124000 ҳазор, Ишкошим 997557 сомонӣ.

Вилояти Хатлон  аз ҳисоби рухсатиҳои меҳнатӣ, шаҳрҳои Норак 300000 ҳазор сомонӣ, Бохтар 2354700 сомонӣ, Кӯлоб аз ҳисоби музди меҳнат 1950000 сомонӣ, аз ҳисоби музди рухсатиҳои меҳнатӣ 3900000 сомонӣ, ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 1956854 сомонӣ, Леваканд 1188000 сомонӣ, Дӯстӣ 639129 сомонӣ, Н. Хусрав 12999718 сомонӣ, Ҳамадонӣ 3700000 сомонӣ, Ёвон 8200000 сомонӣ, Мӯъминобод 3560000 сомонӣ, Ховалинг 2830000 сомонӣ, Балҷувон 1333213 сомонӣ, Вахш аз ҳисоби музди меҳнат 1770416 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 3540832 сомонӣ, Ҷайҳун аз ҳисоби музди меҳнат 2150000 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 3700000 сомонӣ,Панҷ аз ҳисоби музди меҳнат 1348921 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 1348921 сомонӣ, Шаҳритуз аз ҳисоби музди меҳнат 1380000 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 2264000 сомонӣ, Хуросон аз ҳисоби музди меҳнат 1063247 сомонӣ азҳисоби рухсатии меҳнатӣ 1693343 сомонӣ, А. Ҷоми аз ҳисоби музди меҳнат  1245282 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 3516420 сомонӣ, Фархор аз ҳисоби музди меҳнат 1600607 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 3200000 сомонӣ, Темурмалик аз ҳисоби музди меҳнат 146504 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнати 325609 сомонӣ, Кӯшониён аз ҳисоби музди меҳнат 2186024 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 1425386 сомонӣ, Қубодиён аз ҳисоби музди меҳнат 648588 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 5400000 сомонӣ, Восеъ аз ҳисоби музди меҳнат 596488 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнатӣ 6526000  сомонӣ, Ш. Шоҳин аз ҳисоби музди меҳнат 588678 сомонӣ аз ҳисоби рухсатии меҳнати 1469476 сомонӣ пардохт нагардидааст. Дар маҷмуъ 134203486 сомониро ташкил медиҳанд.

 Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  таҳти №2/03-180 аз 12 июни соли 2020 оид ба қарздории музди меҳнат ва рухсатпулии омӯзгорони кишвар  ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол намуд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   мактуби ҷавобӣ ба Федератсия ҷиҳати  пардохти музди меҳнат ва рухсатипулии омӯзгорон ба ҳолати 20-уми июни соли 2020 чунин ҷавоб пешниҳод намуд, ки тибқи нақша 103,6 млн. Сомонӣ, аз он барои музди меҳнат 91,4 млн. сомонӣ,  пардохтҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 12,3 млн. сомонӣ пардохт гардидааст. Пардохти рухсатпулии омӯзгорон аз рӯйи нақша дар моҳи июн-июли соли ҷорӣ идома дода мешавад.

Масъалаи мазкур зери назорати доимии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  қарор дода шуда, ҷиҳати таъмини саривақтии он чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Фаъолияти хоҷагидорӣ

Қобили қайд аст, ки бинои Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе, дар кӯчаи расмӣ воқеъ аст. Аз ин сабаб хараҷотҳои нигоҳдории бино ва иншоотҳои дохили он маблағҳои зиёдеро талаб мекунад. Зеро бино бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, барои нигоҳдории дохили бино, таъмири ҷории беруни бино ва нигоҳдории гирду атрофи он, хараҷотҳои хизматрасонии коммуналӣ, об, барқ, таъмири ҷорӣ, пардохти андозҳои ҳатмӣ ва дигарҳо маблағи зарурӣ масраф мешавад. Хараҷотҳои зикргардида, хараҷотҳои ҳатмӣ буда иҷрои саривақтии уҳдадориҳои ташкилотҳои ҳамузв дар самти пардохти аъзоҳаққӣ боиси иҷро гардидани уҳдадориҳои молиявии Федератсия мешавад.

Қобили қайд аст, ки бо дастгирии баъзе аз ташкилотҳои ҳамузв, бисёр масъалаҳои ҳалталаб роҳи ҳалли худро ёфта истодаанд, вале дар маҷмӯъ, дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд.

Тибки нақшаи қабулшуда барои соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои ҳамузв пардохти маблағҳои аъзоҳаққӣ ба миқдори 1 млн. 068 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд. Воридот ба ҳолати 31 декабри соли 2019, 907 ҳазор сомониро ташкил дод, ки қарздории ташкилотҳо аз ҳисоби аъзоҳаққӣ 161 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

Коргузорӣ

Коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳо, аризаҳо, номаҳои меҳнаткашон ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби масъулини Федератсия таҳти назорати мунтазам қарор доранд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2020, 392-адад мактубҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳо, кумитаҳои ҳамузв ва ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба, Ташкилоти байналмилалии меҳнат муроҷиат ва аризаҳои шаҳрвандон ворид шуда, ба ҳамаи онҳо сари вақт ҷавобҳои хаттӣ ва шифоҳӣ гардонида шудааст, аз ҷумла Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон 15 адад, барои маълумот ва корбарӣ14 иҷро шуд1, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд12, барқияҳои ҳукуматӣ8, иҷро шуд 6, барои маълумот 2 адад.

Дар ин давра 50  мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуд, ки 21 мактуб барои маълумот, иҷро шуд, иттилоот аз ташкилотҳои ҳамузв барои маълумот ва ҷамъбаст 259 адад,  иҷро шуд барои маълумот ва ҷамъбаст -247 мактубҳои содиротӣ, ҳамагӣ 163 адад.

Оид ба қабули шаҳрвандон 16 ариза ворид шуд. Аз ҷумла дар бораи расонидани кумаки молиявӣ 5 ариза, иҷро шуд 5, дар бораи пешниҳоди маълумотнома барои музди меҳнат ва собиқаи корӣ 5 ариза,  иҷро 5,  дигар масъалаҳо 5 ариза , шикоят аз болои роҳбар 1 ариза, иҷро 1.

Ҳифзи ҳуқуқ

       Шуъбаи ҳуқуқи Федератсия нақшаҳои кории Федератсия ва шуъбаро ба асос гирифта, дар  нимсолаи аввали соли 2020 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

       Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шуъба ба мактубҳои воридгашта аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ сари вақт ҷавоб дода шуданд.

       Дар давраи ҳисоботӣ, лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии  соҳаи меҳнат баррасӣ карда шуд. Аз ҷумла,   ворид кардани тағйиру иловаҳо ба “Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ»  таҳия гардид.

        Лоиҳаҳои ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  унвонии мутасаддӣ — Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.

          Нозирони ҳуқуқи Федератсия дар кори семинарҳо ва мизҳои мудавваре, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар оид ба ҳифзи ҳуқуқи модарон,  барномаи меҳнати арзанда, сиёсати гендерӣ, ҳамкории иттифоқҳои касаба, мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ баргузор шуда, фаъолона ширкат варзиданд. 

        Доир ба масъалаҳои мутобиқати қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалии меҳнат, бартарияти баъзе нуқтаҳои қонунгузории кишвар  нисбат ба қонунгузории байналмиллалӣ дар васоити ахбори омма баромадҳо карда шуданд.

        Дар давраи ҳисоботӣ 9 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қарорҳои амалкунанда оид ба масъалаҳои, вақти корӣ, вахтаи корӣ, имтиёзҳои кормандон, рухсатиҳо, музди меҳнат, шароити кор, пардохти иловапулиҳо ва дигар паҳлуҳои муҳими муносибатҳои меҳнатӣ таҳия шуда буданд, мавриди омӯзиш, баррасӣ қарор дода, ҷиҳати мукаммалгардонии онҳо таклифу пешниҳодоти мушаххас  ирсол гардид.

     Дар ин давра тибқи нақшаи тасдиқшуда, ду маротиба дар телевизиони «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» оид ба масъалаҳои  қонунгузории меҳнат, стандартҳои байналмилалӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон баромадҳо карда шуданд.

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузви он ҳамагӣ  28 нафар нозирони ҳуқуқ фаъолият мекунанд. Нозирони ҳуқуқ оид ба риояи қонунҳои меҳнат дар 555 адад корхонаву ташкилотҳо тафтишу санҷишҳои ҷамъиятӣ гузарониданд. Ба корфароён ва намонядагони онҳо, ки даст ба қонуншиканиҳои меҳнатӣ задаанд, дар маҷмӯъ 168 адад амрнома ва 57 адад таклифҳои хаттӣ дода шудааст. Ҷиҳати рафъи қонуншиканиҳо  158 адад дархосту таклифҳо пешниҳод намуданд. Тайи давраи ҳисоботӣ   918 адад шаҳрвандонро қабул намуданд ва ба онҳо маслихату тавсияҳо, ба саволҳои онҳо ҷавоби қаноатбахш дода, бархе аз онҳоро аз рӯйи тобеият ирсол намуданд.

Дар давраи ҳисобӣ нозирони ҳуқуқ дар байни коллективҳои иттифоқҳои касаба ва коллективҳои кормандон оид ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии меҳнатӣ 169 вохӯрию суҳбатҳо баргузор намудаанд.

           Мувофиқи дархостҳои  Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба ратификатсия ва рафти иҷрои конвенсияҳои ин Ташкилоти, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ратификатсия шудааст, ҷавобҳои мушаххас таҳия ва ирсол карда шуд.

Ҳифзи меҳнат

         Дар давраи ҳисоботӣ дар Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ 34 нафар нозирони меҳнат фаъолият доранд. Аз ҷониби онҳо дар аввали сол  санҷишҳои нақшавӣ дар корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, аз он ҷумла  бо якҷоягии мақомоти давлатӣ гузаронида шуд.  Вале,  дар маҷмӯъ бар асари сар задани пандемияи короновирус фаъолияти аксари корхонаҳо қатъ гардида, кормандон ба рухсатиҳои бемузд равон карда шуданд. Дар натиҷа  фаъолият дар ин самт то ба эътидол омадани вазъият дар кишвар мавқуф гузошта шуд. Бо сабаби корношоямии корхонаҳо ва ҷавоб додани мутахассисон ҷамъ овардани маълумотҳо дар ин шароит ғайриимкон гардид. 

         Тибқи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо бояд аз ҳисоби худ кормандонро аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузаронад. Мутаасифона, таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки иҷрои муқаррароти мазкур дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо таъмин карда намешавад. Нозирони ҳифзи меҳнат дар давраи санҷишҳои нақшавии риояи талаботҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат, риояи моддаи 348-и Кодекси меҳнатро низ меомӯзанд. Қобили қайд аст, ки кор бо шарикони иҷтимоӣ дар ин самт хуб ба роҳ монда шуда, санҷишҳои муштарак бо сохторҳои давлатӣ мунтазам баргузор карда мешаванд.

         Кормандони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  ва ташкилотҳои ҳамузви он ҷиҳати амалигардонии талаботи моддаи 348 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои амалию таблиғотиро иҷро мекунанд.

Мавриди сафарҳои хизматии худ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бо коллективҳои коргарони соҳаҳо ва ташкилотҳои гуногун ва ташкилотҳои иттифоқи касаба вохӯриҳо баргузор намуда, талаботи моддаи мазкурро ба самъи коргарон ва корфармоён расонида, ҷиҳати рафти иҷрои он дар меъёри қонун назорати ҷамъиятиро ба роҳ мондаанд.

Аз ҷумла, ба самъи коргарон ва корфармоён расонида шуд, ки тибқи талаботи қисми 7, моддаи 333 аз муоинаи тиббӣ гузаронидани корманд аз ҳисоби маблағҳои корфармо бояд пардохт гардад.

Вале, мутаасифона  дар аксарияти ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ ин талабот риоя карда намешавад. Корфармоён сабаби риоя нагардидани ин меъёрро дар набудани маблағ ва пешбинӣ нагардидани маблағ дар буҷаи ташкилоту муассисаҳо ва ё ба таври марказонидашуда ҷудо нагардидани маблағ барои ин чорабиниро асос мекунанд.

          Ҳамчунин тибқи талаботи сархати 17, қ.1 моддаи 348 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ки  аз ҳисоби худ кормандонро аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузаронад. Хушбахтона, дар баъзе корхонаву ташкилотҳо қисман аз ҳисоби маблағҳои корфармоён кормандони корхонаҳо  аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд, Вале, на дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳо ин талабот пурра риоя мегардад.

Шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,

 муносибатҳои байналмилалӣ

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба самтҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ тибқи нақшаи кории Федератсия корҳои муайянеро ба анҷом расонид. 26-декабри соли 2019 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки дар ҳамаи ташкилотҳои иттифоқҳои касаба тамошои баромади Сарвари давлат ташкил карда шуд. Ҷаноби Олӣ дар баромади худ оид ба вазъи кунунии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ баҳогузорӣ намуда, дар самти рушди сиёсати иҷтимоии кишвар ва беҳдошти некуаҳволи мардуми мамлакат дастуру супоришҳои амиқ доданд. Моҳи сентябри соли равон болоравии музди меҳнат ва нафақаю стипендияҳои донишҷӯён дар назар гирифта шудааст. Бинобар ин, ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриро лозим аст, ки дар самти ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ ва иқтисодию иҷтимоии кормандонро хуб ба роҳ монда, назорати ҷамъиятиро дар корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият пурзур намоянд.

         Дар доираи шарикии иҷтимоӣ Федератсия бо Вазорати меҳнат дар таҳияи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2019-2023 фаъолона иштирок намуданд. Кор бо корфармоён ва кормандону шаҳрвандони кишвар дар самти фарогирӣ бо шуғли расмӣ ва бартарияти он семинар ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монданд. Дар баробари ин,  Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он дар таҳияи лоиҳаи Барнома оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024 саҳм гузоштанд. Лоиҳаи барномаи мазкур таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Баъд аз қабули он Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он баҳри иҷрои бандҳои марбутаи барнома фаъолият мебаранд.

         Дар таҳияи лоиҳаи Созишномаи генералӣ барои солҳои 2021-2023 Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он фаъолона иштирок карда, таклифу пешниҳодҳои худро ба Вазорати меҳнат пешниҳод намуданд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон омода ҳастанд, ки дар доираи шарикии иҷтимоӣ дар гурӯҳи байниидоравии Вазорати меҳнат дар самти таҳияи лоиҳаи Созишномаи генералӣ минбаъд ҳам ҳамкорӣ намоянд. Дар баробари ин Федератсия дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати муккамалгардонии системаи нафақа дар ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ, яъне солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, солимгардонии кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, пардохти варақаҳои корношоямии муваққатӣ ва ҳомиладорӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ карда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ҷиҳати ҳамоҳангии қонунгузорӣ оид ба меҳнат мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардид, ки мутахассисони Федератсия онҳоро омӯхта, сари вақт ҷавобҳои худро ба Вазорати меҳнат ирсол намуданд.

Дар шаш моҳи соли 2020 аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузви он вобаста ба рушди  муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ иҷтимоии меҳнаткашон, чорабиниҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат, пардохти саривақтии музди меҳнат,  баробарии гендерӣ, барномаи меҳнати арзанда ва паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, сиёсати ҷавонон, солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, фаъолияти санатория ва истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ, ҳамкориҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба, баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавии иттифоқҳои касаба ва дигарҳо дар расонаҳои ахбори омма, телевизион ва радиои тоҷик силсила барномаҳо ва барномаю баромадҳои алоҳида сабт ва интишор карданд. Аз ҷумла, дар шабакаи якуми телевизиони тоҷик, телевизиони “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, МГТРК “Мир”, радиои Тоҷикистон барномаҳо таҳия ва пахш гашта, дар рӯзномаҳои иттифоқҳои касабаи кишвар мунтазам мақолаҳо доир ба рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва сиёсати иҷтимоӣ чоп карда мешаванд. Барномаҳо бо телевизиони “Ҷаҳоннамо” бо рубрикаи “Иттифоқҳои касаба ва ҷомеа” тибқи ҷадвали тасдиқшуда моҳҳои феврал ва апрели соли равон 5 барнома сабт ва интишор гардид. Бар асари паҳн гардидани вируси COVID-19 дар Тоҷикистон моҳҳои апрел ва июни соли равон сабти барномаҳо коҳиш ёфт.

           Қобили қайд аст, ки дар ҳар як ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсия намояндагони шарикони иҷтимоӣ даъват карда шуда, яке аз масъалаҳои баррасишаванда бахшида ба бандҳои алоҳидаи Созишномаи генералӣ маҳсуб буда, дар ҷаласаҳо намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамавақт ширкат менамоянд. Ҳамин тариқ, маҷлисҳои шӯроҳои вилоятии иттифоқҳои касаба низ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор карда мешаванд.

Дар давоми соли равон  дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ, рӯзномаи Федератсия  «Ҳамраъйӣ», рӯзномаи  «Кошонаи Умед»-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи  вилояти Суғд, рӯзномаи «Иттифоқ»-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, рӯзномаи «Ҳомии омӯзгорон»- и  Кумитаи  иттифоқҳои  касабаи  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаи «Вестник»-и  Конфедератсияи умумии иттифоқҳои  касабаи  ш. Москва мақолаҳо ва хабарҳо дар мавзӯҳои зерин интишор карда шудаанд; Оид ба меҳнати арзанда, паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, проблемаҳои гендерӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ, дар масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, ҳуқуқию иҷтимоии кормандон, фарогирии кӯдакону наврасон бо чорабиниҳои солимгардонӣ дар мавсими тобистона, гӯшаи ёрии ҳуқуқӣ  ва ғайра мақолаҳо ва ахборот чоп карда шуданд. Дар баробари ин, дар рузномаи Федератсия  «Ҳамраъйӣ» гӯшаи маслиҳати ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст, ки дар он коршиносон-ҳуқуқшиносон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ, қарздории музди меҳнат, пардохтҳои имтиёзҳои иҷтимоӣ, бандҳои алоҳидаи Кодекси меҳнат, нафақа, рухсатиҳои меҳнатӣ ва ҳомиладорӣ, ба кор барқароркунӣ  ва дигарҳо  ҷавоб ва маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Дар сатҳи вилоятҳо низ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо идораи телевизиони вилояти Суғд барномаи «Соати ҳуқуқӣ» таҳия намудаанд, ки барнома моҳе як маротиба пешкаш карда мешавад. Дар баробари ин, боз дар самти таблиғоти муносибатҳои меҳнати ҳамкориҳо бо телевизиони «Симои мустақими якум», ширкатҳои радио ва телевизиони «Танин» ва «Азия» барномаҳо сабт ва пахш карда шуданд.

Дар вилояти Хатлон барномаи муштарак бо идораи телевизиони вилояти Хатлон таҳти рубрикаи «Инсон ва қонун» таҳия шудааст, ки дар ин барнома ҳар моҳ намояндагони иттифоқҳои касаба доир ба самтҳои мухталифи муносибатҳои меҳнатӣ баромад мекунанд.   Барнома бахшида ба тарғиботи бандҳои Созишномаи генералӣ, баста шудани Созишномаи соҳавӣ, бастани шартномаҳои коллективӣ дар корхонаҳо, таҳрири нави Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ ва дигарҳо аҳамияти муҳим дорад. Дар ин барномаҳо мутахассисон-коршиносони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоятӣ, мудирони шуъбаҳо баромад намуда, ба саволҳои тамошобинон ҷавобҳои мушаххас медиҳанд. Ба ғайр аз ин, дар барномаҳо намояндагони кумитаҳои вилоятии иттифоқҳои касаба баромад намуда, оид ба фаъолияти ташкилотҳои хеш дар ҷодаи пиёда намудани бандҳои Созишномаи генералӣ ахбороти муфид медиҳанд.

Чунин корҳои таблиғотӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба роҳ монда шудааст. Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо барномаи иттилоотии «Ахбор»-и телевизиони вилоят оид ба тарғиби иҷроиши бандҳои Созишномаи генералӣ ҳамкорӣ намуда, дар телевизион  мунтазам дар ин самт ахборотҳо  пахш карда мешаванд.   Ҳамзамон, дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Бадахшон», «Оинаи зиндагӣ»-и шаҳри Хоруғ, «Маърифати Шуғнон» ва «Импулс» аз ҳаёти иттифоқҳои касаба мақолаҳо чоп карда шудаанд.

            Фаъолияти Шӯроҳо ва ташкилотҳои ҳамузви Федератсия

Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ба ҳолати 01.04.2020  шумораи умумии аъзоёни иттифоқи касабаи Шурои вилоятӣ 38255, (61,8) фоиз нафарро ташкил дода, 349 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар қайди Шӯро мебошад. Дар қайди Шӯрои вилоятӣ 8-ташкилоти соҳавӣ фаъолият карда истодаанд.

Ҳамзамон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нимсолаи аввали соли 2020 дар 35 ташкилоти ибтидоӣ вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, фаъолияти онҳоро мавриди санҷиш қарор дод. Дар давраи ҳисоботӣ 1-ташкилоти нави ибтидоии иттифоқи касаба бо теъдоди зиёда аз 12-нафар аъзо  ба Шӯро шомил карда шуд ва бо панҷ адад корхонаву муассисаҳо барои таъсис додани ташкилоти иттифоқи касаба корҳои фаҳмондадиҳӣ рафта истодааст.

Дар ин давра 2 маротиба маҷлиси раёсати Шӯро, 5 маҷлиси истеҳсолӣ бо ҷалби мутахассисони иттифоқҳои касаба доир ба омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи аҷам, Ваҳдати миллӣ ва дигар санаҳои таърихӣ доир гардид.

20 марти соли 2020 маҷлиси васеи раёсати Шӯро доир гардида дар он як қатор масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардид ва барои иҷрои ҳар як масъала чорабиниҳои мушаххас қабул карда шуданд.

Соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъракаи муҳими сиёсӣ 23-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанавор ҷашн гирифта мешаванд. Ҳануз аз оғози соли равон тамоми идораву муассисаҳо, ташкилоту созмонҳо, муассисаҳои илмӣ, донишкадаву мактабҳо, тамоми бошандагони шаҳру ноҳияҳо ба ин санаҳои таърихӣ тайёрии ҳаматарафа дида истодаанд.

Аз ҷониби сарнозраси ҳуқуқу меҳнати Шӯро ташкилоту муассисаҳои соҳа мавриди санҷиш қарор гирифташуда, ба 16 ташкилот амрномаҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо супорида шуд.

Дар давраи ҷамъбастӣ оид ба вайрон намудани ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон касе бо аризаи хаттӣ муроҷиат накардааст. Оид ба ташвиқу тарғиби қонунҳо вобаста ба ҳифзи меҳнат дар байни кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳо 20 маротиба сӯҳбат ва вохӯриҳо гузаронида шуд.

Ҳамзамон, қарздории музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳо таҳти назорат гирифта шуда, ба ҳолати 01.05.2020 маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта 163 ҳазор сомониро ташкил дода, қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ба матбааи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45,2 ҳазор сомонӣ, бойгонии ноҳияи Шуғнон 2,3 ҳазор сомонӣ, бахши бойгонии ноҳияи Рӯшон 8,3 ҳазор сомонӣ, Шӯрои иттифоқи касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 27,7 ҳазор сомонӣ, Агроинвестбонки ноҳияи Ванҷ 76,1 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад.

         Дар вилоят Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” фаъолият дорад, ки дар вилоят 6 филиалҳои худро кушодааст, ба ғайр аз ин МДТ “Литсейи касбии техникии  ноҳияи Шуғнон” филиалҳои худро дар ноҳияҳои Рушон ва Роштқалъа дорад, бо касбомӯзӣ ва тайёр кардани кадрҳо кор мебаранд.

         Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  дар доираи татбиқи Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2019 1207-нафар шаҳрвандони бекори вилоят ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд. Омӯзиши касбӣ дар Маркази омӯзиши калонсолони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят  ташкил карда шуд. Зимни омӯзиш касбҳои дӯзанда, бофанда, адрасбоф, мӯҳрабоф, қуроқдӯз, тоқидӯз, дастаки тайёр намудани маҳсулоти пашмин, дуредгар, гулдӯз, нонпаз, ошпаз, мутахассиси коркарди шир, қаннод, заргар, кафшергар, сангтарош, кулолгар азхуд карда шуданд. Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавӣ дар самти фарогирии бекорон ва хоҳишмандон пайваста ба касбомӯзӣ бо  марказҳои омӯзишӣ, литсей ва корфармоён ҳамкориҳои судманди тарафайнро ба роҳ монда, фаъолияташро дар ин самт минбаъд низ идома хоҳад дод.

         Шӯрои иттифоқҳои касаба дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят дар амалисозии барномаи дорандагони гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷавондухтаронро барои касбомӯзӣ ҷалб мекунанд. Дар соли 2019 11 нафар ҷавондухтарони бекор бо касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, онҳо касбҳои дузандагӣ, муҳрбофӣ ва консерватайёркуниро азхуд намуданд.   

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

        Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ

1 Пленум ва 1 ҷаласаи Раёсат баргузор намуд.

         Дар ҷаласаҳои назди раиси Шӯро бештар масъалаҳои назоратии иитифоқҳои касабаи вилоят, аз ҷумла рафти иҷрои қарорҳои қабулнамудаи раёсати Шӯро, тайёр намудани ҳисоботҳо, пардохти маблағи ҳаққи аъзогӣ, эҳёи ташкилотҳои нав, баргузории барномаи телевизионӣ, корҳои ободонӣ ва дигарҳо муҳокима карда шуданд.

         Дар давраи ҳисоботӣ яке аз ҳуҷҷати роҳнамо барои Иттифоқҳои касаба ин Паёми Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  24 октябри соли 2019 баён доштанд, ба ҳисоб меравад.

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят якҷоя бо кумитаҳои соҳавии вилоятӣ моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Истаравшан, Б. Ғафуров, Спитамен, Ашт ва Ҷ. Расулов бо иштироки фаъолони соҳа силсилаи мулоқотҳоро бо аъзоёни иттифоқи касаба оид ба фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.

Оид ба таъмини иҷрои бандҳои Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. 12 феврали соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамкорӣ бо шӯроҳҳои ҳамоҳангсози иттифоқҳои касабаи ноҳияи Ҷ. Расулов ва бо иштироки бештар аз 220 нафар сармуҳосибон, мудирони шӯъбаҳои кадрҳо, намояндагони соҳаи комплекси агросаноатӣ, давлатӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, савдо, сохтмон ва дигар соҳаҳо семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Ҳамчунин моҳи феврал дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки кормандон ва аъзоёни иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони соҳаи сохтмон ва масолеҳи бинокории вилояти Суғд семинар-машварати дастурдиҳӣ баргузор гардид.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии “Артиши миллӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 феврали соли 2020 дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят чорабинии идона, ҳамчунин дар ташкилоту муассисаҳои ҳамузви вилоят низ чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Модар гузаронида шуда, фаъолзанон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 25 январи соли 2017, “Дар бораи Тартиб ва андозаи хараҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо” аз ҷониби Шӯро ва кумитаҳои соҳавии вилоятӣ дар маҷмӯъ 556 адад роҳхат ба осоишгоҳҳо ба маблағи 533900 сомонӣ харидорӣ карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ба 16 нафар эҳтиёҷмандон кӯмакпулии яквақта  ва ба 6 нафар собиқадорони меҳнат ба маблағи 1000 сомонӣ кӯмаки яквақтаи моддӣ расонида шуд.

Бахшида ба рӯзи байналхалқии кӯдакон 70 нафар  фарзандони маъюбдоштаи кормандони соҳаи маориф ва илм кӯмакпулии яквақта гирифтанд. 

Инчунин аз тарафи кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ба 47 нафар донишҷуёни ятими кулли колеҷи тиббии шаҳру ноҳияҳо   кӯмаки молиявӣ расонида шуд.   

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баҳри тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи кумитаҳои вилоятии соҳавӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳо сафарҳои корӣ анҷом дод.

Дар ин давра аз ҷониби масъулони шӯъбаи ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят 119 корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо санҷида шуда, 349 камбудиҳо ошкор карда шуд ва 65 амрномаҳо дода шуд.

Кормандони масъули шӯъбаи ҳуқуқ бо мақсади расонидани ёрии амалии касабавӣ дар ин давра ба 40 корхонаю ташкилотҳо, аз ҷумла ба ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи ҶДММ “Зерновая компания”, ҶДММ “Хуҷандторгмаш”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, МОИ “Суғд”, ҶСК “Новселмаш” ҶДММ “Нури Ховар”, ҶДММ “Фармед”, Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд ва инчунин ба 49 ташкилоти ибтидоии Иттифоқи касабаи кумитаҳои соҳавии вилоятӣ ташриф оварда, дар асоси талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои гуногуни касабавӣ суҳбатҳо доир намуданд.

Баҳри иҷроиши бандҳои Созишномаи генералӣ ҷиҳати пардохти музди меҳнат ва қарз аз музди маош эътибори зарурӣ дода шуда истодааст.

Мувофиқи маълумоти омории вилоят қарзи музди меҳнат дар ҳолати 1-уми майи соли ҷорӣ дар ташкилот, корхона ва хоҷагиҳои вилоят 15555,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ин маблағи қарздорӣ асосан ба идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои саноатии вилоят вобастагӣ доранд.

Дар асоси нақшаи корӣ дар ин давра аз ҷониби сармутахассиси шӯъбаи ҳифзи меҳнати Шӯро ва нозирони меҳнати кумитаҳои вилоятии соҳавӣ ба 352 ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи ташкилоту муассисаҳо сафари корӣ намуда, 170 амрнома бо теъдоди 568 адад камбудиҳои ошкоргардида дода шуд, ки 450 ададаш дар муҳлатҳои муқарраргардида бартараф карда шуданд.

Дар нимсола оид ба эҳёи ташкилотҳои нави ибтидоии иттифоқи касаба Шӯро ва кумитаҳои соҳавии вилоятӣ дар вилоят 28 ташкилотҳои нави ибтидоӣ бо теъдоди 559 нафар аъзоён қабул карда, ба хизматрасонӣ гирифтанд.

Шӯрои вилоятӣ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19  чор маротиба ситоди Шӯро гузаронида, кормандони масъул ва фаъолони иттифоқи касаба дар ташкилоту муассисаҳо ва дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда истодаанд.

Мактубҳои Агентии суғурта ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.05.2020,№3/09-387 ва 10.06.2020,№3/09-432), ки оид ба муваққатан то ба эътидол омадани вазъи ба миён омада истифодаи маблағҳои суғуртаи ҳифзи иҷтимоии 1,4 % барои харидории доруворӣ, ташкил намудани ғизо ва дигар лавозимоти зарурии пешгирикунанда мавриди истифода қарор дода, ба ташкилоту муассисаҳо дастрас карда шуд.

                    Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон якҷоя бо ташкилотҳои ҳамузв дар нимсолаи якуми соли 2020 фаъолияти худро тибқи нақшаи корӣ амалӣ намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1 пленум (12 феврал) ва 2 Раёсат (12-феврал, 21-апрел) бо фарогирии масъалаҳои мубрами касабавӣ доир гардида, қарорҳои мушаххас қабул карда шуд.

Инчунин дар ин давра 24 ҷаласаҳои назди раиси Шӯро бо баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти иттифоқҳои касаба баррасӣ гардиданд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо роҳбарии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Хуросон, А. Ҷомӣ, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Панҷ, Фархор ва Муъминобод вохӯрӣ ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронида, дар онҳо иҷрои бандҳои Созишномаи минтақавӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва Иттиҳодияи корфармоёни вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ташкилотҳои ҳамузви Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон низ тибқи нақша ҷаласаҳои худро доир намудаанд.

Дар муддати шаш моҳи соли равон ба суроғаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон аз мақомотҳои болоӣ, давлатӣ ва ташкилотҳои ҳамузв 99 ҳуҷҷат ворид шуда, аз Шӯрои иттифоқҳои касаба 87 ҳуҷҷат содир шуда, 401 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби масъулон ҳаллу фасл ва ба муроҷиаткунандагон ҷавоб гардонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон 193 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 91 шифоҳӣ, 101 телефонӣ ва 1 хаттӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ 350 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо сари вақт ҳаллу фасл гардиданд.

Таҳлили вазъи пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисодиёти вилоят нишон медиҳад, ки бо вуҷуди пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҳануз ҳам дар таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии аҳолӣ бисёр мушкилоту проблемаҳои ҳалталаб ҷой доранд. Бо вуҷуди болоравии устувори музди меҳнати номиналӣ, тайи солҳои охир сатҳи музди меҳнати воқеӣ ва қобилияти харидории он паст буда, дар ташкили пардохти музди меҳнат камбудиҳо пайдо шуда истодааст.

Музди меҳнати кормандони маориф дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Леваканд, Норак, Ёвон ва Фархор саривақт пардохт нашуда, бо таъхир пардохта мешавад.           

Сарнозири ҳифзи меҳнати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар асоси Низомнома ва нақшаи корӣ фаъолият карда, дар нимсола ҷиҳати назорати ҷамъияитии талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ҳифзи меҳнат корҳои муайянро ба анҷом расонидааст. Дар ҳайати кумитаи соҳавӣ 5-нафар нозирони меҳнат фаъолият доранд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи онҳо 110 адад субъектҳои хоҷагидор санҷиш ва омӯзиш гузаронида шудааст. Дар рафти санҷиш зиёда аз 205 камбудиҳо ошкор карда шуда, 158 адад камбудиҳо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ислоҳ карда шуда, 47 адад камбудиҳо зери назорат қарор доранд. Барои дағалона вайрон кардани Қонуни меҳнат аз тарафи корфармо нисбат ба 44 нафари онҳо амрнома дода шуд.

         Ба сарнозири ҳифзи меҳнат дар давоми шаш моҳ 174 нафар аъзоёни иттифоқи касаба муроҷиат намудааст, ки аз ин ҳисоб 1 нафар хаттӣ, 75 нафар шифоҳӣ ва 98 нафар тариқи телефонӣ муроҷиат намудаанд.

         Сарнозири ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва нозирони ҳифзи ҳуқуқи кумитаҳои соҳавӣ ва Шӯрои шаҳри Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2020 оид ба иҷрои бандҳои Созишномаи минтақавии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва Иттиҳодияи корфармоёни вилоят дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Вахш санҷиш гузарониданд.

Дар шаш моҳи сипаригардида барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ 17 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки ба онҳо ҷавобҳои саҳеҳ дода шуд. Ҳамзамон сарнозири ҳуқуқ ва ҳифзи меҳнати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон моҳе як маротиба дар барномаи телевизионии Хатлон  таҳти рубрикаи “Инсон ва ҳуқуқ” аз рӯи нақшаи тасдиқгардида баромад менамоянд. Дар ҳар шумораи рӯзномаи “Иттифоқ”-и  Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон гӯшаи ба саволҳои муроҷиаткунандагон ҷавоб медиҳем, нашр мегардад.

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва ташкилотҳои ҳамузви он ба масъалаи ташкили табобати санаторию курортиии кормандон ва истироҳати аъзои оилаи онҳо аҳамияти зарурӣ дода, то имрӯз аз ҳисоби маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортии кормандон роҳхатҳои табобатӣ ба 112 нафар роҳхат дастрас намудааст.

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва ташкилотҳои ҳамузви он ба ташкил кардану гузаронидани чорабиниҳои гуногун, озмун ва мусобиқаҳои варзишӣ диққати махсус медиҳанд. Озмунҳои “Беҳтарин омӯзгор-ҳуқуқшинос” дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ, “Беҳтарин аъзои иттифоқи касабаи ҳуқуқдон”, “Беҳтарин Кумитаи иттифоқҳои касабаи шаҳрӣ ва ноҳиявии паҳнкунандаи донишҳои ҳуқуқӣ”-ро ташкил намудааст, ки охири сол ҷамъбаст мешаванд.

Дар асоси барқияи Ҳукуматӣ №24/10-5 аз 31 январи соли 2020 ва дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2020 чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи артиши миллӣ”, “Рӯзи Модар” ва “Наврӯзи байналмилалӣ” бо иштироки фаъолону собиқадорони иттифоқҳои касаба, пешқадамони истеҳсолот дар сатҳи баланди ташкилӣ ва мутантан доир карда шуда, аз ҷониби Шӯро ва кумитаҳои вилоятии иттифоқҳои касаба фаъолон қадрдонӣ карда шуданд.

Масъалаи кӯмаку дастгирии фаъолон, кормандони эҳтиёҷманд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2008 ба муносибати идҳои касбӣ, давлатӣ ва миллӣ ба фаъолони иттифоқи касаба, кормандони эҳтиёҷманд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон, хона-интернатҳо, оилаҳои камбизоат ва ятимон кӯмакҳои молиявӣ расонида шудааст.

         Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамкории судманд бо шарикии иҷтимоӣ-Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи  якуми соли 2020 фаъолияти худро дар асоси дастурҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019, мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо роҳбарон ва фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2019, суханронии Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣ бо олимони кишвар аз 18 марти соли 2020 ба роҳ монда, корҳои муайянеро дар ин давра ба анҷом расонид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба дастгоҳи марказии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 144 адад мавод ворид гардида, 182 адад мавод содир карда шудааст.

Дар маҷмӯъ 61 адад, аз ҷумла 18 нафар зан, 9 нафар нафақахӯрон ба унвони раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 72 адад муроҷиат тавассути алоқаи мобилӣ ба раёсату шуъбаҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20% коҳиш ёфтааст.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 114 адад фармоиш ба тасвиб расонида шуда, ҷиҳати фаъолияти ташкилотҳои ҳудудӣ ва зерсохторҳо ва баррасии муроҷиатҳои саривақтии аъзоёни иттифоқи касаба аз тарафи кормандони дастгоҳи марказӣ 25 маротиба сафарҳои хизматӣ анҷом дода шудааст.

Аз шумораи умумии 136454 нафар устодону кормандон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 68388 нафар, ё ин ки 50,1 фоизи онҳо аъзои иттифоқи касаба буда, аъзошавӣ ба аъзогии иттифоқи касаба вусъат ёфта, теъдоди аъзоёни иттифоқи касаба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24849 нафар, ё ки 10 фоиз афзоиш ёфтааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ 1 адад ва шумораи аъзоёни иттифоқи касаба 430 нафар афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандону аъзоёни иттифоқи касаба дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ фаъолона иштирок намуда, ба ҳайати нави парламент олимон, ҳуқуқшиносону кормандони соҳаи илму маориф интихоб гардиданд.

Тибқи маълумоти вилоят   қарздории фонди музди меҳнат дар вилояти Хатлон 18,3 (музди меҳнат 3,5 млн. сомонӣ, пардохт барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 14,7 млн. сомонӣ)  рост меояд.

Вобаста ба раванди пардохти рухсатии омӯзгорон ба ҳолати 20-уми июни соли 2020 қайд менамоем, ки тибқи нақша 103,6 млн. сомонӣ аз он барои музди меҳнат 91,4 млн. сомонӣ пардохҳои барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 12,3 млн. сомонӣ пардохт гардидааст. Пардохти рухсатии омӯзгорон аз рӯйи нақша дар моҳи июну июли соли ҷорӣ амалӣ мегардад.

Кумитаҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои ташкили чорабинии ҷашнӣ ва тақдими тӯҳфаҳои моддию пулӣ 9709 сомони, барои ташкили чорабинии идона ва тақдими тӯҳфаҳои моддию пулӣ барои 3004 нафар занон 725502 сомонӣ масраф намуданд.

Фаъолияти сомонаи фейсбуки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як рӯз аз 10 то 40 мавод ба нашр расонида, дар умум танҳо тавассути сомонаи фейсбукии Кумита 7963 маводи тарбиявӣ, тавсиявӣ, тарғиботӣ ва манфиатбахш барои аъзоён ва хонандагон нашр намуда, шумораи корбарони саҳифа ба 5000 нафар расид.

Мутаасифона бинобар сабаби паҳншавии вируси сироятии COVID-19 аксарияти чорабиниҳое, ки тибқи нақшаи корӣ бояд баргузор мегардиданд, гузаронида нашуданд.

Доир ба паҳншавии бемории сирояткунандаи коронавирус COVID-19 Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шуд ва ҳамзамон шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, раисони ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ, зерсохторҳо вазифадор гардиданд, ки ба таври доимӣ назорати риояи қоидаҳои беҳдоштию санитариро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд.

Дар доираи шарикии иҷтимоӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ мебошад, бо мақсади пешгирӣ аз хатари паҳншавии ин беморӣ дар баробари дигар муассисаву ташкилотҳо,иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати моддӣ дар ҳаҷми 195 ҳазору 590 сомонӣ саҳми худро гузошт.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон ба ҳолати 01.07.2020 1603 ташкилоти ибтидоӣ, 62 кумитаи шаҳрию ноҳиявӣ ва 3 кумитаи вилоятиро дар бар мегирад. Шумораи аъзоёни иттифоқи касаба 49790 нафар мебошад, ки аз ин 17893 нафарро занҳо ва 11198 нафарро ҷавонони то 35 сола ташкил медиҳанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 шумораи аъзоён 3405 нафар зиёд гардидааст.

Дар ин давра 2 адад Созишномаи соҳавӣ барои давраи нав-солҳои 2020-2022 ба имзо расонида шуд, ки инҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Айни замон лоиҳаи созишномаи дигар бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи баррасии комиссияи дутарафа қарор дорад.

Дар ин давра ба Кумита 156  мактубу дархостҳо ворид гардида, аз ин шумора 80 мактубу дархостҳои хаттӣ ва 76  тариқи почтаи электронӣ ва аз Кумита ба дигар ташкилотҳо 26 мавод ирсол гардидааст. Дар нимсолаи аввал  158 муроҷиати аъзоёни соҳа ба қайд гирифта шуд, ки аксарияти онҳо барои гирифтани роҳхатҳои табобатӣ ва кӯмакҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Аз рӯйи ҷамъбасти оморӣ бастани шартномаҳои коллективӣ дар идораву муассисаҳои соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-98,2%, дар вилояти Суғд-100%, дар вилояти Хатлон-98%, дар шаҳри Душанбе-97% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур-99%-ро ташкил медиҳанд.

Аз тарафи нозирони ҳуқуқ ва меҳнати иттифоқи касабаи соҳа 100 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуд.

Ҳангоми назорат ҷиҳати риояи қонунгузории меҳнат ва Оинномаи соҳа 25 амрнома барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии меҳнат ва ташкили шароити меҳнат ба роҳбарияти ташкилоту муассисаҳо дода шудааст. Аз шумораи  амрномаҳои пешниҳодшуда 7 амрнома аз ҷониби Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи соҳавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 4 амрнома аз ҷониби Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи соҳавии вилояти Хатлон ва 14 амрнома аз ҷониби Кумитаи соҳавии вилояти Суғд дода шудааст.

Барои барқарор намудани саломатии аъзоёни соҳа дар ин давра аз Кумита 109 нафар ба маблағи 159308 сомонӣ, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4-нафар ба маблағи 3780 сомонӣ, вилояти Суғд 19-нафар ба маблағи 22732 сомонӣ, аз вилояти Хатлон-16 нафар ба маблағи 22260 сомонӣ бо роҳҳат ба осоишогоҳҳо таъмин шуданд.

Кумитаи ҷумҳуриявӣ вобаста ба иҷрои барқияи ҳукуматӣ бахшида ба Рӯзи Модар 5-марти соли ҷорӣ бо занони фаъол ва собиқадорони иттифоқи касабаи соҳа вохӯрӣ баргузор намуда, онҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тӯҳфаҳои шоиста қадрдонӣ кард.

Аз ҷониби Кумитаи ҷумҳурияви барои дастгирии хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони кар ва ношунавоӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз буҷаи иттифоқи касабаи соҳа 2000 сомонӣ ҷудо гардид.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ як ҷаласаи пленум, як ҷаласаи Раёсат, дувоздаҳ  семинар ва чор ҷаласаи Ситоди кумита оид ба пешгирии сирояти вируси нави COVID-19  барои раисони Кумитаҳои иттифоқи касаба, ҳуқуқшиносон ва  нозирони меҳнати муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гузаронид. Кумита якҷоя бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе, 3 ва 10 марти соли равон оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон семинари омӯзишию фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯи риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор намуд. Чунин семинарҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ гузаронида шуданд.

Дар соҳа то  1 июни соли 2020 дар 96% ташкилоту корхонаҳо шартномаҳои коллективӣ баста шудааст; ин нишондод дар шаҳри Душанбе 98%, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 98%, вилояти Суғд 96%, вилояти Хатлон 94% , ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 94%-ро ташкил медиҳад.

Кумита оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо” семинару машваратҳо гузаронида бо 136 муассиса шартномаҳои сетарафа баста, 140 роҳхат ба осоишгоҳҳои Хоҷа-Оби-Гарм, Зумрад, Уротеппа, Сангчашма харидорӣ намуда, ба ниёзмандони соҳа ҷудо карда шуданд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11-март коронавирусро пандемия эълон кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус сарҳадҳои худро баста, робитаҳои ҳавоиро низ бо хориҷ қатъ кард. Тибқи маълумоти охирини ТУТ, то 30 июни соли равон дар ҷаҳон беш аз 9 млн. ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 500 ҳазор нафар беморон фавтидаанд. Ин нишондод то соати 18.00 рӯзи 30-уми июн дар Тоҷикистон 5600 нафар бо ташхиси сирояти нави COVID-19 ошкор гардида, то имрӯз 3762 нафар (71,2%) шифо ёфта, аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.  Шаҳрвандоне,  ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб бо сабаби нарасидани ҷой дар беморхонаҳои вилоятӣ ва марказҳои тиббии шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Кумита дар шароити пандемияи COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи аъзогӣ воситаҳои ҳимояи фардӣ, барои кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат, либоси махсус 460 адад, хилат 400 адад, ниқоб 2000 адад, айнаки махсус 350 адад, таҷҳизоти ҳароратсанҷӣ 2 адад, 54 айнакҳои махсуси тиббӣ ва маводҳои доруворӣ ба маблағи 300 000 сомонӣ харидорӣ намуда, ба марказҳои ҷумҳуриявӣ ва беморхонаҳои шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Данғара дастрас карда шуд.

 Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон

Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои генералӣ, оиннома ва нақшаи корӣ ба роҳ монд.

Тавассути барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”,”Баҳористон”,”Душанбе” аз фаъолияти иттифоқи касабаи соҳа натиҷагирӣ шуда, маколаҳои роҳбарияти Кумита дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявию соҳавӣ чоп гардид.

Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоту муассисаҳои соҳа дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи аҷам хеле пурмасъулият фаъолият намуданд. Махсусан, кормандони воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, театрҳои касбии кишвар, муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо”, дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, МД “Сирки Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои фарҳангиву иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар масъулияти гарон бар дӯш доштанд. Кумита хизмати шоёни аксарияти онҳоро ба назар гирифта, фаъолонро бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.

Моҳи январи соли ҷорӣ тариқи маҳсулоти хӯрока ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ роҳбарият ва кумитаи иттифоқи касабаи театри Академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба тарбиятгирандагони интернати ҷумҳуриявии ятимони кулл дар ноҳияи Ёвон кӯмак расонид.

Дар ин давра ба 28 нафар аъзои иттифоқи касаба роҳхатҳои табобатӣ ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 38196 сомонӣ харидорӣ карда шуд. Ҳамзамон аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи аъзогии буҷаи Кумита ба фаъолони иттифоқи касаба ба маблағи 20650 сомонӣ ва кӯмакҳои моддӣ ба маблағи 57300 сомонӣ дода шуд.

Нозири ҳуқуқи меҳнати иттифоқи касаба ба баррасии арзу шикоятҳои кормандони соҳа таваҷҷуҳи доимӣ дошта, ба ҳамаи арзу шикоятҳои ба шуъбаи дахлдор таълуқдошта ҷавобҳои мушаххас дод. Ба унвонии Кумита 27 арзу шикоятҳои хаттӣ, 55 мактубу дархост ва 300 муроҷиатҳои шифоҳӣ ворид гардид, ки муроҷиаткунандагон ба арзу дархостҳои худ сари вақт ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ба 1 январи соли 2020 музди миёнаи меҳнати кормандони фарҳангу иттилоот ба 1147, 79 сомонӣ баробар буда, қарздорӣ аз музди меҳнат дар соҳа вуҷуд надорад. 

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни

Тоҷикистон

Дар қайди Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ба 01.06.2020  6615 нафар аъзо мебошад, ки аз ин шумора 5482 нафар корманд ва 1261 нафарро нафақахӯрон мебошанд. Шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ 20 адад буда, аз ин 3 ташкилотро раисони озод ва боқимондаро раисони ҷамъиятӣ роҳбарӣ менамоянд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 2 маротиба машварати Раёсат ва пленуми 1У, даъвати панҷуми иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон, 1 маротиба машварати Шӯрои ҷавонон гузаронида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 9 маротиба азназаргузаронии корхона ва муассисаҳои роҳи оҳан ҷиҳати ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ аз тарафи комиссияи  муштараки корфармо ва иттифоқи касаба амалӣ карда шуд.

Ба 37 нафар аъзоёни соҳа дар вақти рухсатии меҳнатиашон бо роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 68960 сомонӣ таъмин карда шуд. Ҳамзамон аз ҳисоби маблағҳои корфармо  ба ин мақсад 6512 сомонӣ ҷудо карда шуд.

Тибқи мактуби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №3/09-432 аз 10.06.2020 бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии короновируси COVID-19 дар байни кормандон дар ҳаҷми 18542 сомонӣ доруворӣ харидорӣ шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ Созишномаи соҳавии нақлиёти роҳи оҳан байни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 қабул ва ба имзо расонида шуд.

Дар асоси Созишномаи нав дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба шартномаҳои коллективӣ ба мӯҳлати нав баста шуда, аз қайд гузаштанд.

Сайти интернетии ташкилот www.profzhel.tj доимо фаъол буда, мунтазам маълумотҳои нав оид ба фаъолияти ташкилот ворид карда мешавад. Айни замон қариб 70 ҳазор нафар аз сайти мазкур бархӯрдор гаштаанд.

Ба муносибати 25-солагии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон бо қарори Раёсати ташкилот нишони сарисинагии “25-солагии Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар фаъолони ташкилот бо ин мукофот сарфароз гардонида шуд. Барои саҳми арзанда дар рушди ҳаракати иттифоқи касаба 7 нафар фаъолони иттифоқи касаба бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, ба 6  нафар кӯмаки моддии яквақтаина расонида шуд.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони авиатсияи граждании Тоҷикистон

Фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони авиатсияи граждании Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои дар амал татбиқ намудани қарорҳои Раёсат ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.

Мувофиқи ҳисоботи омории сохторҳои худ ба 01.06.2020 12 кумитаҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва 28 кумитаҳои соҳаро дар бар гирифта, 3749 нафар аъзои иттифоқи касабаи соҳаро доро мебошад. Дар ташкилотҳои иттифоқи касаба 3 нафар раиси озод ва 8 нафар раисон ба таври ҷамъиятӣ кору фаъолият доранд.

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави короновирус COVID-19  муваққатан қатъ гаштани хатсайрҳои доимии байналмилалии ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷию ватанӣ ва дар ин робита кам шудани ҳаҷми кор аз 18 марти соли ҷорӣ қисми зиёди  (80%) кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”, ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр”, ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶСП “Таҷик Кейтринг Сервис” муваққатан ба рухсатии меҳнатии бемузди равона карда шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ворид нагардидааст.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Тоҷикистон

Тибқи нақшаи корӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2020 анҷумани У1-уми иттифоқи касабаи кормандони соҳа, 1 пленум, 1 Раёсати нақшавӣ, 2 Раёсати ғайринавбатӣ ва якчанд машварати корӣ доир карда шуд.

Шумораи аъзоёни иттифоқи касабаи соҳа 42172 нафарро ташкил медиҳад. Кумита дар натиҷаи  ҳамкории хуб бо корфармоён дар масъалаҳои пардохти саривақтии музди меҳнат, ҳавасмандии кормандон пешравиҳо дида шуда, музди миёнаи кормандони соҳа 1124 сомониро ташкил медиҳад. Алоқаи Кумита бо роҳбарони корхона ва муассисаҳои соҳа дар иҷрои бандҳои Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ назаррас аст. Ҳамин аст, ки бобати муҳофизати меҳнат ва коҳиш додани қарздорӣ аз музди меҳнат пешравиҳо дида мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ байни корфармоён ва кумитаҳои иттифоқи касаба 95%-и ташкилоту корхона ва муассисаҳои соҳавӣ шартномаи коллективӣ ба имзо расонида, аз қайди мақомотҳои давлатӣ гузашта, фаъолияти истеҳсолию иқтисодӣ ва самтҳои иҷтимоии кормандон ба низом дароварда шуд.

Бо ташаббусу корбарии дурусти иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳ, қарздории музди меҳнат то ин ҷониб вуҷуд надорад ва қарзҳои ҷойдошта қарзҳои ҷорӣ мебошанд. Аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи аъзогии иттифоқи касаба дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба эҳтиёҷмандон ва фаъолони соҳа ба миқдори 54838 сомонӣ кӯмакпулиҳои яквақтаина расонида шуд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 27 адад роҳхат ба маблағи 61734 сомонӣ харидорӣ карда шуда, эҳтиёҷмандони соҳа ба осоишгоҳҳо фаро гирифта шуд.

Дар самти ҳифзи меҳнат дар давоми шаш моҳи аввали соли 2020 зиёда аз 39 корхонаву ташкилот ва муассисаҳои соҳа дар якҷоягӣ бо кормандони масъули шуъбаҳои нозирони меҳнат ва муҳандисони техникаи бехатарӣ санҷида баромада шуда, аз камбудиҳои ошкоргардида 20 адад ба роҳбарони корхона амрномаҳо супорида шуд, ки ҳамаи онҳо саривақт роҳи ҳалли худро ёфт.

Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатии Тоҷикистон

 Дар Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар соҳа 186  ҳазор нафар аъзоён шуғл варзида истодаанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иттифоқи касабаи соҳа, беҳтар намудани сатҳи шарикии иҷтимоӣ, бастани созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ мебошад. Иттифоқи касабаи соҳа дар доираи ҳамкориҳои шарикии иҷтимоӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин, Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сетарафа баста, 5 созишномаи соҳавӣ бо вазорату кумитаҳои марбут ба соҳа ва дар ташкилотҳои ибтидоӣ 11195 шартномаҳои коллективӣ баста шуда, аз қайди давлатӣ гузарониданд. Рафти иҷрои бандҳои Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мутобиқи нақшаи корӣ натиҷагирӣ карда мешаванд.                 

Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатии Тоҷикистон дар ин давра 2 раёсат ва 14 марти соли ҷорӣ анҷумани VI соҳаро гузаронида, Барномаи амали иттифоқи касабаи соҳаро барои давраи то соли 2027 қабул намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳии қонунгузории меҳнат, оқибатҳои вайронкунии қонунҳои амалкунанда дар соҳаи меҳнат, тибқи моддаҳои 153,154 Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар байни корфармоён, хусусан идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур дар давраи пешгирии сирояти вируси нави COVID-19, ки асосан қарздории музди меҳнат аз ҳисоби идораҳои об мебошад, ҳамагӣ 78.000 сомонӣ бартараф гардида, бо ҷамъбасти нимсолаи якум ҳангоми ҳисоббаробаркунии ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби хоҷагиҳо эҳтимоли коҳиш додани қарздорӣ дар соҳа мебошад.

 Ҳамагӣ дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти пешгирии бемории сирояти вируси нави COVID-19 аз ҷониби бозрасии ҳуқуқи меҳнат 4 амрнома ва ҳифзи меҳнат 5 амрнома оид ба бартараф намудани камбудиҳо дода шудааст.

Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи умумии аъзои иттифоқи касабаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 19.06.2020  8591 нафарро ташкил дод.

Ба КМ муяссар шуд, ки дар се моҳи соли 2020 дар ташкилотҳои сохтмонӣ ва саноати масолеҳи бинокорӣ 12 ташкилоти ибтидоӣ  таъсис диҳад, ки шумораи онҳо 165 нафар  аъзоёнро ташкил дод.

Аксари аъзои иттифоқи касабаи соҳаи сохтмон ҷавонон мебошанд ва сафи онҳо сол аз сол зиёд мешавад. Шӯрои ҷавонони Кумита фаъол мебошад ва чораҷӯӣ менамояд, ки бо иттиҳодияҳои ҷавонони кишварҳои дигар низ ҳамкории хубро ба роҳ монад. Бо кумитаҳои иттифоқи касабаи сохтмони кишварҳои Россия ва Қазоқистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ҷавонони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонанд аз хизматрасонии иттифоқҳои касабаи соҳа дар ин кишварҳо истифода баранд.

Назорати доимии ҳолати ташкили шароитҳои меҳнати муҳоҷирони тоҷик дар иншоотҳои сохтмонӣ дар Федератсияи Россия  ташкил карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таъминот бо маводҳои лозимаи қонунгузории Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст.

Дар самти фаъолияти шуғли ғайрирасмӣ бошад ҳанӯз роҳи ҳалли пурраи худро наёфтааст. Дар бисёр корхонаву ташкилотҳои сохтмонӣ роҳбарон коргаронро ба кор муваққатан қабул намуда, ҳангоми пардохти музди меҳнат маблағро бе ҳуҷҷати пардохти музди меҳнат ба онҳо медиҳанд. Дар натиҷа дар чунин ҳолат таъсиси ташкилоти нави ибтидоӣ ғайриимкон мегардад.

Нозирони меҳнати Кумитаи марказӣ оид ба риояи талаботҳи ҳифзи меҳнат дар корхонаву муассисаҳо 22 санҷиш гузаронида, 65 ҳодисаи вайрон намудани қонунҳоро ошкор намуда, ба роҳбарони сохторҳои воҳидии ташкилотҳо оид ба вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ 11 амрнома тариқи хаттӣ доданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 2 дона роҳхат ба истироҳатгоҳҳои табобатӣ санаторӣ дастраси мизоҷон гардонида шуд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ роҳбарияти КМ иттифоқи касабаи соҳа ва мутахассисон аз рӯйи масъалаҳои дархостӣ ва истеҳсолӣ 15 шаҳрвандонро қабул намуда, тибқи дархостҳояшон ёрии амалӣ расониданд.

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон 11 кумитаҳои дорои вазифаҳои озод ва 22 кумитаҳои иттифоқи касабаро муттаҳид намуда, шумораи аъзоён ба 13663 нафар мерасад.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои масъалаҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳа, беҳтар намудани шароити меҳнати онҳо, баланд бардоштани мавқеъ ва нақши иттифоқҳои касаба дар ташкилоту корхонаҳои соҳа, қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 10 январи соли 2020 “Дар бораи ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020” дар ҷаласаҳои Раёсат баррасӣ гардида, ба роҳбарони кумитаҳои иттифоқи касаба ва ташкилотҳои ибтидоии соҳа оид ба амалӣ сохтани онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №24/10-5 Раёсати Кумита башида ба “Рӯзи Модар” бо ҷалби занону бонувони фаъол, собиқадорон, намояндагони аҳли зиё ва кормандону ҷавонони соҳа дар якҷоягӣ бо ШСХК “Барқи тоҷик”чорабинии идона ташкил ва баргузор намуд. Инчунин таҷлили “Рӯзи байналмилалии Наврӯз-2020” бо мақсади эҷод кардани фазои идона ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт-гигиенаи санитарӣ ҷашни мазкур баргузор карда шуд.

Барои дастгирии ҳифзи иҷтимоии кормандони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳа, бо назардошти болоравии нарху навои маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ, инчунин барои беҳ намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии онҳо барои пешгирӣ аз бемории короновируси COVID-19 дар доираи имкониятҳо ба аъзоёни иттифоқи касаба кӯмакҳои молию моддӣ расонида шуд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 январи соли ҷорӣ ҷаласаи раёсат ва пленуми  иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии нӯҳ масъала баргузор гардид.

Иҷроиши қарорҳо протоколҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои генералии Федератияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сари вақт дар Кумита иҷро мегардад.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар якҷоягӣ бо иттифоқи касабаи соҳа  21 феврали соли ҷорӣ дар толори Иттифоқи Тоҷикматлубот ба муносибати 27-умин солгарди таъсиёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5-март дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони донишгоҳ ва Литсейи ДДТТ ҷаласаи тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ ва озмуни “Чакомаи гесӯ” ва таҷлили Иди Наврӯз дар ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ хотирмон баргузор карда шуд.

Кумита ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, таъмини шароити бехатару ҳифзи меҳнат ва зиёд намудани сафи аъзоёни иттифоқи касаба корҳои назаррасро ба сомон расонидааст. Кормандони масъули Кумита бо мақсади расонидани ёрии амалии касабавӣ дар ин давра ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Литсеи он, ҶСК “Маркази савдои Тоҷикистон”, бозори “Қарияи боло”, КВД “Бозори Саховат” ва КВД “Бозори Деҳқон”-ро мавриди санҷиш ва расонидани кӯмакӣ амалӣ қарор доданд.

Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан, металлургия (Иттифоқи касабаи “Тоҷикметалл”)

Иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан, металлургия “Тоҷикметалл” яке аз ташкилотҳои ҷамъиятии бонуфузи ҷумҳурӣ мансуб ёфта, бештар аз 32 ҳазор нафар аъзо дорад ва дар роҳи расидан ба вазифаҳои оинномавии худ устуворона қадам мезанад.

Иттифоқи касабаи “Тоҷикметалл” ҳамчун як узви ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои оинномавии худ пайваста тадбир меандешад. Имсол ба ташкилшавии иттифоқи касабаи “Тоҷикметалл” 43 сол пур шуд. Аз ибтидои ташкилшавии иттифоқи касабаи соҳа, як рисолати муҳим-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоии кормандонро бар душ дорад.

Бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Саргеология созишномаҳои соҳавӣ ва дар вилояти Суғд Созишномаи соҳавии минтақавӣ ва дар ҳамаи 56 ташкилоту корхонаҳои соҳа  шартномаҳои коллективӣ баста шудаанд. Ҳимояи манфиатҳои иҷтимои кормандон аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита буда, барои истироҳати кормандон тадбирҳо  андешида ҳар як дархости аъзои иттифоқи касаба дар ин маврид, ҳалли мусбии худро меёбад.

Дар фаъолияти худ иттифоқи касабаи соҳа ва фаъолони он ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта, онҳо тамоми кушишу ғайраташонро барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати арзанда, таъмини шароити бехатару ҳифзи меҳнат ва зиёд намудани сафи аъзоёни иттифоқи касаба равона намуда истодаанд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи кимиё, нафт ва саноати маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи умумии аъзои иттифоқи касабаи кормандони соҳаи кимиё, нафт ва саноати маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5790 нафарро ташкил дода, теъдоди ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа 115 ададро ташкил медиҳад.

Давоми соли равон 3 ҷаласаи Раёсати кумита бо баррасии 9 масъала баргузор гардид. Ҳамзамон 9 ҷаласаи раиси кумита баргузор гардида, вазифаҳои ба миён гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти  соҳа мавриди иҷро қарор дошт.

Дар ҷумҳурӣ 415 адад корхонаҳои соҳаи кимиё, нафт ва саноати маҳаллӣ вуҷуд дорад, аз он ҷумла 246 ададаш фаъол буда, 117 корхона дар Кумита ба қайд гирифта шудааст, ки дар маҷмӯъ 39,8%-ро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки 61,2% корхонаҳо ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ташкил накардаанд ё бо дигар кумитаҳои иттифоқи касабаи ҷумҳуриявӣ, ғайрисоҳавӣ шомил шудаанд. Чунончӣ, ҶДММ “Креолит”-и ноҳияи Ёвон-517 нафар корманд, ҶСК “Нилуфар” ш. Исфара-28 нафар корманд, ҶДММ “Суғд пак” ш. Бӯстон-40 нафар корманд, ҶДММ “Км. Алфа пет” н. Б. Ғафуров 32-нафар корманд, ҶСК “Тамохуш” ш. Исфара 124-нафар корманд ва КВД “Нури Ховар” ш. Истиқлол-217 нафар корманд бо дигар кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ғайрисоҳавӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ 5 корхонаи бузурги соҳаи кимиё вуҷуд дошта, аз ин 2 корхонаи бузург дар вилояти Хатлон аз сабаби муфлисшавӣ фаъолият намекунанд ва 3 корхонаи дигари соҳа дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ширкати “Криолит” дар Кумитаи иттифоқи касабаи “Тоҷикметалл” ба қайд гирифта шудаанд.  

Дар корхонаҳои истеҳсолии соҳаи кимиё, нафт ва саноати маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад.

Мавҷудияти ҳуҷҷатҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар аксарияти муассисаҳо бо таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин робита корҳои муайяне дар ташкилотҳои ҳамузви Федератсия соҳаи нақлиёт, ҷангал, алоқа, бофанда дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар самти ҳимояи ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кормандон соҳаҳои хоҷагии халқ иҷро карда шуданд.

Самти фаъолияти муҳими иттифоқҳои касаба оид ба меъёргирии меҳнат маҳсуб мебошад. Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар ин самти фаъолият бояд меъёрҳои соҳавии хешро омода карда, онро ба стандартҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ намоянд.

      Вазифаҳое, ки дар назди ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар  соли 2020 меистанд:

         — бо ҳисси баланди масъулият иҷро намудани Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони ФИКМТ  аз 24 октябри соли 2019.

         — таъминии Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оид ба Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019.

         — бо нишондодҳои хуби меҳнатӣ ва дар сатҳи баланди ҷамъиятӣ иҷро намудани Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

         -идома додани фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар самти ҷалб намудани ҷавонон ва занон ба аъзогии иттифоқи касаба, созмон додани ташкилотҳои нави иттифоқҳои касаба дар корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият.

         — дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ҷамъиятӣ тайёр намудани чорабиниҳо ҷиҳати баргузор намудани анҷуманҳои ташкилотҳои ҳамузв ва анҷумани навбатии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон.

         — таҳияи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, мутобиқ намудани он ба талаботҳои замони ҳозира.

         — идома додани корҳо дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, пешгирӣ ҷиҳати ворид гаштан ба ҷараёнҳои терроризм ва экстремизм, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, истифодаи маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар падидаҳои номатлуб.

         — бурдани мониторинги доимӣ ҷиҳати фарогирии васеи кормандон дар муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият бо чорабиниҳои солимгардонӣ.

         — идома додани фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи кишвар дар иҷрои барномаҳои муштараки шарикони иҷтимоӣ дар самти меҳнати арзанда ва паст намудани самти шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ).

         — идома додани корҳо дар самти бурдани назорати ҷамъиятӣ аз болои чорабиниҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият.

— саҳмгузории ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар иҷрои бандҳои барномаҳои давлатии рушди бозори меҳнатӣ, мониторинги доимии сатҳи тайёрии касбҳо ва мутобиқати онҳо ба бозори меҳнат.

         — ташкил намудани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба дар муассиса ва корхонаҳои навтаъсис, ҷалби корфармоёни бахши хусусӣ ба шарикии иҷтимоӣ.

         —  соли 2020 дар самти  эҳьё намудани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба идома дода  шавад;

— таҷдиди низом ва сохтори  ташкилотҳои ҳамузви иттифоқҳои касаба; 

— тайёрӣ ҷиҳати баргузории анҷумани 22-юми   Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дар сатҳи хуби ташкилӣ ва ҷамъиятӣ ба роҳ монда он;

— фаъолияти иттифоқҳои касабаро, ки ҳамчун омили муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор мераванд, баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза, чун тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм равона намуда, ҷиҳати барпо намудани ахлоқи ҳамида ва фазои солим дар коллективҳои меҳнатӣ мусоидат намоянд;

— ташкилотҳои ҳамузв бояд, ки ҳар семоҳа ва солона оид ба фаъолияти худ ахбороти пурраи таҳлилӣ бо нишон додани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва пешниҳод оид ба фаъолияти оянда ба Федератсия маълумотнома ирсол намоянд;

— иштироки кормандони дастгоҳи Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв дар барномаҳои телевизион, радио ва нашри мақолаҳо дар  воситаҳои ахбори умум аз ҷумла моҳномаи «Ҳамраъйӣ»-и Федератсия, «Ҳомии омӯзгор»-и Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм, «Кошонаи умед»-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, «Иттифоқ»-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон вэб-сайти Федератсия мунтазам тибқи тартиби муайншуда ба роҳ монда шавад;

— ташкили курсҳои бозомӯзии кормандони ҷавони то 30 солаи ташкилотҳои ҳамузв дар базаи Федератсия ташкил карда шавад;

— таҳия намудани семинарҳои омӯзишии 2 рӯза бо раисони ташкилотҳои ибтидоии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв;

— вохӯрии масъулони иттифоқҳои касаба бо мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корфармоён ва фаъолони иттифоқҳои касабаи вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар масъалаҳои пардохти саривақти музди меҳнати кормандон, ташкил намудани ташкилотҳои нави иттифоқи касаба ва сатҳи иҷрои шарикии иҷтимоӣ ба роҳ монда шавад;

— ҳамкориро дар самти муносибатҳои байналмилали хуб  ба роҳ монда аз таҷриба ва имкониятҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ барои ҳаракати иттифоқҳои каса ба, махсусан дар самти ташкили омӯзиши  сарварони иттифоқҳои касаба  барномаҳо таҳия ва амалӣ карда шавад;

— густариш додани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи ИДМ дар доираи Ёддоштҳои тафоҳуми басташуда;

— рушд додани ҳамкориҳо бо бюллетени иттилоотии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба «Информ Контакт» ва «Вестник» дар самти таблиғоти чорабиниҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ; 

— дар доираи иҷрои бандҳои марбутаи Созишномаи генералии солҳои 2018-2020  ба ташкилотҳои ҳамузви иттифоқҳои касаба супориш дода мешавад, ки шарикии иҷтимоиро бо корфармоёни корхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият дуруст ба роҳ монда, ташкилотҳои нави иттифоқҳои касаба созмон дода шаванд, ки аъзои иттифоқи касаба дар ягон корхона бе ҳимоя намонад;

— оид ба иҷрои бандҳои марбутаи Созишномаи генералии солҳои 2018 -2020 мунтазам ҳар нимсола бо таҳлили амиқи бандҳои иҷрошуда ба Федератсия ахборот пешниҳод карда шавад;

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои сазовор ва бо натиҷаҳои хуби касбӣ ҷамъбаст намудани соли 2020 фаъолиятро дар иҷрои вазифаҳои Оинномавӣ, таҳияи барномаҳои соҳавии вобаста ба меҳнати арзанда, маҷмӯъи паст намудани шуғли ғайрирасмӣ ва ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милоӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон №34/1 аз 26 уми ноябри соли 2019 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо  оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ки дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2019 баён доштанд, фаъолона ширкат варзида, баҳри амалигардонии  онҳо саҳмгузор мешаванд.