21 Сентябрь, 2020

Кормандони Иттифқҳои касабаи Тоҷикистон, ки дар асари сирояти «COVID-19» дунёро падруд гуфтанд.Ба хешовандонва наздикони онҳо сабри ҷамил хоҳонем. Алвидоъ ҳамкорони азизу гиромиқадр!

                                                  Шарҳи ҳол

          Муродзода Раҷабалӣ 26 июни соли 1961 дар шаҳри Нораки Ҷумҳурии Тоҷикистон таввалуд шудааст. Оиладор, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов, маҳаллаи Ситораи Сурх-1, хонаи 40, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

   Соли 1990 Политехникуми Ордени Сурхи Меҳнатдори шаҳри Душанбе ва соли 2013 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси техник-механики иқтисодӣ, хатм кардааст.

                                                                                             

                                                                          Собиқаи кориаш:

Солҳои 1980-1982 Хизмат дар сафи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ
Солҳои 1983-1984 Коргари Раёсати  таъмиру сохтмони №1-и Вазорати нақлиёти автомобилии РСС Тоҷикистон, ш.Душанбе
Солҳои 1984-1987 Оператор, штукатур-рангуборчии Раёсати худҳисобкунии механизатсияи хурди Ширкати сохтмонии №3 н.Орҷоникидзеобод
Солҳои 1987-1989 Оператори Вазорати нақлиёти автомобилии РСС Тоҷикистон, ш.Душанбе
Солҳои 1989-1993 Штукатур-рангуборчии кооперативи «Муҳандис»
Солҳои 1993-1994 Прораби  корхонаи хурди «Суғд»
Солҳои 1994-2004 Прораб, сардори участкаи Раёсати сохтмони Вазорати нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2006 Котиб-нозири техникии меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коргарони саноати маҳаллӣ, хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, газӣ ва хизматҳои маишии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2009 Муовини Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коргарони саноати маҳаллӣ, хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, газӣ ва хизматҳои маишии Тоҷикистон
Аз соли 2009 то моҳи майи соли 2020 Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони саноат,рушди маҳаллӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон

 

Моҳи майи соли 2020 аз бемории сирояии коронавирус аз дунё даргузаштанд.

                                         

                                                                    Шарҳи ҳол

     Шарипов  Хуршед  Қурбоналиевич 3 июни соли1963 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Оиладор, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе.  Аз моҳи  сентябри соли 2009 дар  вазифаи раиси Кумитаи  иттифоқи касабаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» кор кардааст. 

   Соли 1986 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистонро бо ихтисоси омӯзгор,  соли 2002 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ ва соли 2013 Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷ.Румии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси хурди барқ хатм намудааст.           

 

                                                                                                        Собиқаи корияш:

Солҳои 2004-2006           Мудири намояндагии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон
Солҳои 1980-1981 Роҳбари фарҳанги мактаби миёнаи №2-и н. Данғара
Солҳои  1981-1986  Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Н.Ганҷҷавии ш.Тошкент
Солҳои  1986-1994 Муаллими мактаби миёнаи  №12,№16 ва №18-и  н. Данғара
Солҳои  1994-1996   Муовини корхонаи хурди «Рӯз»-и  ш. Душанбе
Солҳои  1996-2002   Муовини сардори коркарди маъдани куҳии Такоб
Солҳои 2002-2003   Мутахасиси пешбари Вазорати молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Солҳои  2003-2004    Мудири шуъбаи баҳисобгирӣ ва назорати  Вазорати молияи Ҷумҳурии   Тоҷикистон
Солҳои  2006-2006    И.в. Муовини  директори назорати давлатии назди Вазорати молияии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон
Солҳои  2006-2009    Муовини  директори назорати давлатии назди Вазорати молияии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон
Солҳои  2009-2009     Мудири намояндагии назорати давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои  2009-2009     Мутахасиси пешбари шуъбаи кадрҳои ҶСК «Шабакаҳои барқии  ш.Душанбе»
Солҳои  2009-2020         Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ҶСК «Шабакаҳои барқии ш.Душанбе»   

  

    Моҳи июни соли 2020 аз бемории  сактаи дил аз дунё даргузаштанд.

 

                                                 Шарҳи ҳол                     

     Ҳомидов  Соҳибназар  Хайруллоевич 5 августи соли 1957 дар ноҳияи Варзоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Оиладор,     миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Вакили маҷлиси вакилони халқи ҷ/д Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.    

Аз соли 2006 дар вазифаи  Раиси кумитаи ноиявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳияи Варзоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.  

Соли1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм намудааст.                  

                                                                                                     

                                                                                   

                                                                                                      Собиқаи корияш:

Солҳои   1977-1980    Сарпешоҳанги мактаби №47-и н. Октябр (ҳозира И.Сомонӣ)-и ш. Душанбе
Солҳои  1980-1983      Муаллими синфҳои ибтидои мактаби №47-и н. Октябр (хозира И.Сомонӣ)-и ш. Душанбе
Солҳои  1983-1985         Муовини директор оид ба  корҳои таълиму тарбияи мактаби миёнаи №47-и н. Октябр (ҳозира И.Сомонӣ)-и ш. Душанбе
Солҳои  1985-1987            Омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби миёнаи №47-и н. Октябр (ҳозира И.Сомонӣ)-и ш. Душанбе
Солҳои   1987-1989         Муовини директор оид ба  корҳои таълиму тарбияи мактаби миёнаи №47-и н. Октябр (ҳозира И.Сомонӣ)-и ш. Душанбе
Солҳои  1989-1991            Раиси Шӯрои комиҷроияи шаҳраки Тагобин. Варзоб
Солҳои  1991-1994          Раиси ҷамоати шаҳраки Тагоби н. Варзоб
Солҳои  1994-1996      Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дасгоҳи раиси н. Варзоб
Солҳои  1996-2008       Роҳбари Дасгоҳи  раиси н. Варзоб
Солҳои  2008-2010      Раиси ҷамоати деҳоти Варзоб – қалъаи н.Варзоб
Солҳои  2010-2012       Роҳбари   дасгоҳи  раиси н. Варзоб
Солҳои  2012-2015       Раиси ҷамоати деҳоти Варзоб- қалъаи н.Варзоб
Солҳои  2017-2020        Муовини раиси ҷ/д Варзоб –қалъаи н.Варзоб

 

       Моҳи майи соли 2020 аз бемории сироятии коронавирус аз дунё даргузаштанд.

 

                                                        Шарҳи  ҳол

     Раҳматов Ҷамшед 12 феврали соли 1954 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таваллуд шудааст. Оиладор, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе.

Аз моҳи марти соли 2008 дар вазифаи Нозири ҳифзи меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормадони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 1973 Донишгохи техникии  Тоҷикистонро бо ихтисоси технолог ва соли 1977 Донишгоҳи саноати шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистонро бо ихтисоси механик (соҳаи саноати сабук) хатм намудааст.

 

                                                                                                      Собиқаи корияш:

Солҳои  1977-1980       Устои сменаи корҳои ресандагии Итиҳодияи нассоҷии тоҷики ш.Душанбе
Солҳои  1980-1987     Муҳандис – технологи дасгоҳи марказии Вазорати саноати сабуки Тоҷикистон                                       
Солҳои  1987- 1992    Муҳандиси барандаи Саридораи саноати «Тоҷикматлубот»
Солҳои   1992-1995    Муовини сардори идораи маркетинг ва алоқаи иқтисоди берунаи Ширкати давлатии «Умрон»
Солҳои 1995- 1999    Мутахасиси идораи рушди маҳаллию техникии Ширкати давлатии молия, истифодабарии мардум  ва хизматрасонӣ                                                       
Солҳои 1999- 2007      Сардори нозирот оид ба назорати  саноати кимиё ва  металлургия дар Саридораи назорати давлатии  бехатарии  корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди ҲҶТ
Солҳои  2007-2020               Директори техникии ҶДММ «Промэксперт»; Нозири ҳифзи меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии Итифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш  ва сайёҳии Тоҷикистон

                         

      Моҳи майи соли 2020 аз бемории сироятии коронавирус аз дунё даргузаштанд.