22 Октябрь, 2020

АНҶУМАНИ XXII ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

       26 августи соли ҷорӣ Анҷумани XXII Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори он аз 118 нафар вакилон, 110 нафар иштирок намуданд. Вакилон 12 масъаларо вобаста ба фаъолияти ҳаракати иттифоқҳои касабаи кишвар муҳокима намуданд.

    Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома «Ҳисобот дар бораи фаъолияти Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар давраи аз 25-майи соли 2013 то 26-августи соли 2020 ва вазифаҳои навбатии иттифоқҳои касаба» муовини аввали раиси Федератсия Назарзода Нигора Нураҳмад маърӯза кард.

       Мавсуф дар бораи бурду бохти ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҳафт соли сипаришуда, бахусус ҳамкориҳои судманд оид ба шарикии иҷтимоӣ дар ин давра маълумот дод. Таъкид шуд, ки дар  давраи ҳисоботӣ бо шарикони иҷтимоӣ се Созишномаи генералӣ қабул шуда, барои иҷрои бандҳои онҳо тадбирҳои муҳим андешида шуд, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ин давра ба масъалаҳои рушди муносибатҳои меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кормандон,  ҳифз ва бехатарии меҳнат, меҳнати арзанда, коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, барҳам задани меҳнати бадтарини кӯдакон ва беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти иттифоқҳои касаба барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кормандон эътибори хосса дода шуд.

         Аз рӯйи ин масъала Рамазон Одиназода, раиси Кумитаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулло Холиқов, раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан, металлургия «Тоҷикметалл», Нисо Бобоева, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тоҷикистон, Абдурозиқ Ризозода, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, Шарифулло Абдуллозода, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Муродалӣ Солиев, собиқ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баромад намуда, фаъолияти Итифоқҳои касабаи Тоҷикистонро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш муаррифӣ намуданд.

         Вакилони анҷуман ҳисоботи раиси Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Икром Хоҷаевро дар давраи ҳисоботӣ шунида, онро тасдиқ карданд.   

         Дар анҷуман масъалаҳои дигар «Дар бораи лоиҳаи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон», «Дар бораи ташкили мақомоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби аъзои Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби муовинони раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи амали Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027», «Дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Муроҷиатномаи вакилони анҷумани XXII Иттифоқҳои касаба ва аъзои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон»-ро мавриди муҳокима ва хулосабарорӣ қарор гирифтанд.

         Вакилони анҷуман Файзизода Исмоил Нарзиро раис ва Назарзода Нигора Нураҳмадро муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интиҳоб намуданд.

         Дар анҷуман номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

       Аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.