28 Ноябрь, 2020

ҚУВВАИ МО ДАР МУТТАҲИДИСТ.

3-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо дастгирии ТБМ Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар мавзӯъи «Тадбирҳои пешгирикунӣ оид ба бемории коронавирус дар сохтори тандурустии Тоҷикистон ва муколламаи иҷтимоӣ оид ба ҳифзи меҳнати кормандони соҳа» видеоконфронс баргузор намуд. Конфронсро раиси Кумитаи ҷумҳуриявӣ Н. Ҳаётзода ифтитоҳ намуда,  дар бораи аҳамияти ин чорабинӣ барои пешгирӣ аз паҳнашавии ин беморӣ изҳори ақида кард.

         Иштирокчиёни конфронсро мудири сектори ТБМ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ С. Гловаскас, сармутахассиси бюрои ТБМ оид ба фаъолияти меҳнаткашон дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Г. Александриа, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон И. Файзизода ва намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳ. Аҳмадова табрик намуданд.

         Дар бораи тадбирҳои андешидашуда ва корҳои минбаъда дар самти пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ мушовири раиси Кумитаи ҷумҳуриявӣ Р. Улмасов, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳ. Аҳмадова, устоди Донишгоҳи миллӣ, номзади илмҳои тиб М. Абдуллоева маърӯза карданд.