28 Ноябрь, 2020

БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

16-уми ноябри соли ҷорӣ Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти муҳим доир намуданд. Дар ин нишаст роҳбарият ва кормандони Федератсия, роҳбарнони ташкилотҳои ҳамузв ва фаъолони иттифоқҳои касаба аз ҳисоби ҷавонон иштирок намуданд. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам М. Неъматзода аҳли нишастро ба ин Рўзи муборак шодбош намуда, дар бораи эътибор ва бузургдошти он мулоҳиза ронд. Ў таъкид намуд, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ҳайси шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави сиёсат ва роҳи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва барои таҳкими арзишҳои миллӣ, садоқат ба Ватан тадбир меандешанд.

         Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, меъмори сулҳу Ваҳдат, мутарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азимеро иҷро намуданд, ки дар сад соли гузашта мардум орзу мекарданд ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамучун кишвари ташаббускор, созанда эътироф гардиданд.

         Бахшида ба рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи кишвар нишаст ва ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор шуданд.