28 Ноябрь, 2020

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ГЕНЕРАЛӢ

       10-уми ноябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо Асадулло Раҳмонзода, аъзои Шӯрои генералӣ, кормандони Дастгоҳи Федератсия иштирок намуданд.

        Дар рӯзномаи ҷаласа се масъала баррасӣ гардида, оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

        Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома “Дар бораи татбиқи самтҳои асосии дастуру супориш ва нишондиҳандаҳое, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 октябри соли 2019, барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд» А. Раҳмонзода баромад намуд. Ӯ изҳор дошт, ки дар қатори дигар чорабиниҳои муҳими сол, интихоботи қарибулвуқуъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Созмони ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин номзади арзандаи халқро ба мансаби олӣ пешниҳод намуда буданд. Чӣ дар барномаи пешазинтихоботӣ ва чӣ дар баромади рӯзи Савгандёдкунӣ бори дигар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат садоқат бо халқу Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эътибори якпорчагии кишвар таъкид шуд. Мо дар ин давра ба пешрафтҳои азиме ноил шудем, ки дар солҳои замони шӯравии собиқ орзу менамудем. Махсусан, дар солҳои охир иқтисодиёти кишвар рӯ ба пешравӣ намуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуд. Шаҳру ноҳияҳои кишвар рӯз ба рӯз шукӯҳу шаҳомати тоза мегиранд, ки меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар ин раванди созандагӣ Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳам саҳми арзишманд доранд. Барои мардуми мо марҳилаи нави созандагӣ-аз аграрӣ ба саноатӣ табдил додани кишвар фаро расидааст. Акнун, дар марҳилаи созандагӣ ва ободкорӣ ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус ҳаракати иттифоқхои касабаи Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта, ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ифтихор аз истиқлолу озодӣ ва давлати миллӣ корҳои муҳими тарѓиботиро миёни аҳли ҷомеа тақвият бахшанд.

Масъалаи дуюми рӯзнома, лоиҳаи “Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” баъди баррасии аъзои Шӯрои генералӣ маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Масъалаи сеюми рӯзнома – интихоби ҳайати роҳбарикунандаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баррасӣ шуд. Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Файзизода Исмоил Нарзи – муовини якум ва Назарзода Нигора Нураҳмад – муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардиданд.