28 Ноябрь, 2020

ПЕШВОИ МО РАҲНАМОИ МОСТ.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ин ташкилоти бонуфузро вазифадор намуданд, ки рисолати хешро дар асоси принсипҳо ва арзишҳои миллӣ, бо ин васила дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу созгорӣ, Ваҳдати миллӣ, татбиқи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд ба роҳ монанд.

 Баъди як соли баъди ин вохӯрӣ мо гуфта метавонем, ки баргузории мулоқот ва дастурҳои Пешвои муаззами миллат дар фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилоят такони бузурге бахшид. Барои дар сатҳи зарурӣ ба амал баровардани сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, инчунин ҳифзи иҷтимоии онҳо тадбирҳои назаррас роҳандозӣ шуда истодаанд. Минбаъд низ ин тадбирҳо амалӣ мегарданд.

Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо нақши иттифоқҳои касаба хеле калон аст. Вобаста ба фаъолияти ҳамарӯзаи иттифоқҳои касаба ва баҳри дар амал пурра татбиқ кардани кори ин сохтор семинар — машваратҳо гузаронида мешаванд, ки иттифоқҳои касаба дар асоси имкониятҳои нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамоянд.

Ҳамчунин баҳри пешрафти соҳа пленуми ғайринавбатии кумитаҳои иттифоқи касабаи вилоятӣ баргузор гардида, конференсияҳои ҳисоботӣ — интихоботӣ барпо карда шуданд. Пас аз вохурӣ фаъолияти  Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят боз ҳам ривоҷ гирифта, сатҳи хизматрасонӣ беҳтару хубтар шуда истодааст. Аз ҷумла, дар ин муддат корбариро дар самти тарғиби ҳаракати иттифоқҳои касаба, моҳияти иттифоқи касаба, мавқеи он дар таҳкими ҷомеи шаҳрвандӣ дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷоннок намуд. Инчунин ҷиҳати афзун намудани сафи аъзо, ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сектори хусусиву соҳибкорони инфиродӣ ба хизматрасонии иттифоқҳои касаба, ҳамзамон густариши шарикии иҷтимоӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ дар корхонаву ташкилотҳо тадбирҳои мушаххас андешиданд. Дар натиҷаи 46 ташкилотҳои ибтидоӣ бо теъдоди 1145 аъзои иттифоқҳои касаба зиёд гардид.

Дар ташкилотҳои ҳамузви иттифоқҳои касабаи вилоят доир ба иҷро намудани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020,  Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020 ва   созишномаҳои соҳавии вилоятӣ тадбир меандешанд.  

Ҳамчунин иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 баён доштанд, дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқҳои касаба ташкил карда шуд. Вобаста ба ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуда, айни замон кормандони ташкилоту муасиссаҳо давра ба давра ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Баланд бардоштани сатҳи фаъолият ва хизматрасонӣ дар кумитаҳои иттифоқи касаба самти дигари фаъолият маҳсуб меёбад. Иттифоқҳои касаба дар фаъолияти ҳамарӯза назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ менамоянд.

Мусаллам аст, ки соли ҷорӣ паҳншавии бемории коронавирус ҷаҳонро, аз ҷумла мардуми осоиштаи кишвари моро низ ба ташвиш андохт.   Кормандони Шӯро, кумитаҳои соҳавӣ ва фаъолони иттифоқҳои касабаи вилоят музди меҳнати якрӯзаи худро барои дастгирии кормандони соҳаи тиб ва пешгирии ин бемории марговар гузарониданд.

Минбаъд низ масъулон ва фаъолони Иттифоқҳои касабаи вилоят дар самти амалӣ намудани ҳадафи стратегии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳайё  намудани зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандон фаъолияти худро тақвият дода, дар ҳама маврид дастгиру ёвари халқи азиз ва Ватани ҷоноҷонамон – Тоҷикистон мебошад.

 

Шарифулло Абдуллозода,

раиси Шӯрои иттифоқҳои

касабаи вилояти Суғд