28 Ноябрь, 2020

ЯК СОЛИ ПАС АЗ МУЛОҚОТ

«Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд».                                                                                                

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                         Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҳақиқат иттифоқҳои касабаи аз рӯзи ташкилёбӣ ба ҳайси як ниҳоди ҳимоятгари ҳуқуқҳои меҳнаткашон маъруфият доранд. Баъди соҳибистиқлолии кишвар маҳз ҳамин ташкилот ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ӯ эътибори зиёд медиҳад. Бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боъэтимоди иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар вохӯрии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки 24 октябри соли 2019 баргузор шуда буд, маҳз ҳамин нукта дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Аз ин воҳӯрии таърихӣ, ки дар китоби фатҳу зафарҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин ҳакокӣ шудааст, як сол сипарӣ шуд. Ин санаи муборак дар хотири ҳар нафар аъзои ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ хуб нақш бастааст. Чаро? Чунки, ки бори аввал дар таърихи ин ниҳоди ҷамъиятӣ мулоқоти бевоситаи роҳбари аввали кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуд. Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои муҳими фаъолияти Иттифоқҳои касабаи кишвар сухан рафт. Суханҳои Пешвои миллат барои иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ такон бахшид ва дар ин давра баҳри иҷрои дастуру вазифаҳои ба миён гузошташуда тадбирҳои муҳим андешидем. Пеш аз ҳама барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои дар ҳошияи ин вохӯрӣ таҳияшуда, ки 13 ноябри соли 2019 онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуда буданднд, корҳои зиёдро анҷом додем. Бояд таъкид намуд, ки ин пешниҳодҳои Пешвои миллат дар раванди фаъолияти Иттифоқҳои касаба, натанҳои барои як-ду сол, балки солҳои зиёд эътибори муҳим хоҳанд дошт. Мо вобаста ба ин вохӯрӣ Нақшаи чорабиниҳои Иттифоқҳои касабаи кишварро қабул намудем, ки дар ташкилотҳои иттифоқи касаба мавриди иҷро қарор дорад.

Сабақҳои таърихие, ки дар ин вохӯрӣ гирифтем, водор менамоянд, ки имрӯз аз дирӯз ва фардо аз имрӯз беҳтару хубтар кор кунем. Корҳои дар зарфи як соли баъди мулоқот анҷомёфта, собит менамоянд, ки барои иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи Пешвои миллат корҳои муҳим ба анҷом расиданд ва дар оянда ҳам татбиқи онҳо идама мекунад.

Пешниҳод шуда буд, ки Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо назардошти пешравиҳии равандҳои муоссири ҷомеа мутобиқ карда шавад. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баҳри иҷрои  пешниҳоди мазкур комиссияи бослоҳият таъсис дод ва Оинномаи нави Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳия карда шуд. Оиннома 26 августи соли ҷорӣ дар Анҷумани навбатии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон қабул гардид. Оинномаи нав бо назардошти талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии замони муоссир мутобиқ карда шудааст.

Сарвари давлат дар ин мулоқот ба ҳифзи меҳнат, ҳамкории иттифоқҳои касаба бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, санҷиши иҷрои талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда буданд. Дар ҷаласаи Шӯрои генералие, ки 29 октябри соли 2019 баргузор шуд, барои иҷрои ин масъалаҳои муҳим қарорҳои дахлдор қабул шуд. Дар ҳамин ҷаласа оид ба таҳияи Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттифоқҳои касаба» қарор қабул гардид. Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он  Лоиҳаи мазкурро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки 2 январи соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2019 низ татбиқи нишондодҳои Пешвои миллат дар мулоқот мавриди гуфтугузор қарор гирифт. Аз рӯйи Нақшаи кори Федератсия гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатон ва ВМКБ дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, новобаста аз шакли фаъолияташон суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. Ҳамчунин бо иштироки бевоситаи раиси Федератсия ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бо фаъолони Иттифоқҳои касаба вохӯрӣ ва суҳбатҳои пуразиш барпо шуданд. Дар ин вохӯриҳо бештар дар бораи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи Пешвои муаззами миллат сухан рафтанд. Ҳангоми вохӯрӣ ба ҳифзи меҳнат, ҳамкории иттифоқҳои касаба бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, санҷиши иҷрои талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, бурдани корҳои тарғиботӣ дар коллективҳои меҳнатӣ оид ба  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, меҳнати софдилона, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб, экстремизм, терроризм, муқовимат бо коррупсия махсус таъкид шуданд. Иттифоқҳои касабаи кишвар дар доираи салоҳиятҳои худ ба масълаҳои мазкур таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.

            Дар ин давра, дар корхона ва муассисаҳо  иҷрои бандҳои Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавию минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ хуб натиҷагирӣ шуданд ва ин тадбир идома меёбад. Мо хуб дарк менамоем, ки пешниҳоди Президенти кишвар маънои онро дорад, ки ҳангоми таҳия ва қабулӣ Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавию минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ ба талаботи бозори меҳнат, имкониятҳои мавҷудаи корхона ва муассиса, такмили маҳорати касбии кормандон аҳамияти бештар диҳем. Фаъолияти самарабахши ташкилотҳои иттифоқи касаба пеш аз ҳама ба сифат, маънову муҳтавои Созишнома ва шартномаҳои коллективии фарогири ҳамаи масъалаҳои ҷавобгуи талаботи замони ҳозира вобастагӣ доранд.

«Таъмини меҳнати арзанда ва маоши муносиб яке аз вазифаҳои асосии ҳам давлат ва ҳам иттифоқҳои касаба мебошад.»,-таъкид шуда буд дар ин мулоқот. Ин масъала ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Иттифоқҳои касаба қарор дорад. Дар ин давра қарздорӣ аз музди меҳнати кормандон, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва саноат мушоҳида шуд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин бора ба Сарвазири кишвар бо мактуб муроҷиат намуд. Дар натиҷа бо супориши Сарвазири кишвар сохторҳои марбута баҳри рафъи камбудии мазкур тадбир андешиданд.

            Корҳои дар зарфи як соли баъди мулоқот анҷом ёфта, собит менамоянд, ки барои иҷрои дастур ва вазифаҳои ба миён гузоштаи  Сарвари давлат   корҳои амалӣ хуб ҷараён доранд. Дар мулоқот таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи амали иттифоқҳои касаба барои солҳои 2020-2027» ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои фаъолияти самарабахши ин ниҳод аҳамияти калидӣ дорад, таъкид шуда буд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳамузв ин корро дар муҳлати пешбинишуда иҷро намуданд. Барномаи мазкур ҳам дар Анҷумани навбатии иттифоқҳои касабаи кишвар қабул шуд ва он барои фаъолияти намояндагони ин ташкилоти ҷамъиятӣ заминаи хуб фароҳам меоварад. Кушиш менамоем, ки ин барнома хуб иҷро гардад.

Моҳи январи соли ҷорӣ бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар кори он баробари фаъолони иттифоқҳои касаба, олимону муҳаққиқон ва коршиносон иштирок намуданд. Иштирокчиёни чорабинӣ дар бораи таърихи ин ҳаракат, дастовардҳои иттифоқи касаба дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, эътибори он дар ташаккули сиёсати иҷтимоии ҷомеа, ҷавонон ва иттифоқҳои касаба мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаҳои Шӯроҳои иттифоқҳои касабаи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ва ташкилотҳои ҳамузви Федератсия ҳам иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи Пешвои миллатро дар ин воҳӯрӣ баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Ҳамчунин оид ба ин масъала намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузв ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баромад намуда, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат», рӯзномаҳои тахассусии «Ҳамраъйӣ», «Иттифоқ», «Кошонаи умед» маводҳои зиёд ба нашр расонданд.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон уҳдадориҳои оинномавии худро иҷро намуда, дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои татбиқи вазифаҳои ба миён гузошташуда дар ин вохӯрӣ ва иҷрои Нақша-чорабиниҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, пайваста ҳамшарикии худро тақвият мебахшанд.

                                                                                                                  

И. Файзизода

  Муовини аввали раиси

Федератсияи иттифоқҳои 

 касабаи мустақили Тоҷикистон.