25 Январь, 2021

ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

23-уми ноябри соли ҷорӣ Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии муҳиму хотирмон баргузор намуданд. Нахуст дар саҳни Қасри Иттифоқҳои касаба бо иштироки кормандон ва фаъолон аз ҳисоби ҷавонон чун рамзи садоқат ба Ватан ва рамзҳои давлатӣ байрақ бардошта, эҳтироми худро ба ҷо оварданд.

          Дар ҷамъомади тантанвӣ бахшида ба ин санаи муборак роҳбарият ва кормандони Федератсия, роҳбарнони ташкилотҳои ҳамузв, фаъолони иттифоқҳои касаба аз ҳисоби ҷавонон иштирок намуданд. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам М. Неъматзода аҳли нишастро ба ин Рӯзи муборак шодбош намуда, дар бораи эътибор ва бузургдошти Парчами давлатӣ ҳамчун шиносномаи миллат мулоҳиза ронд. Ӯ таъкид намуд, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ҳайси шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, ҳамчун парчамбардорони ҷомеа уҳдадориҳои оинномавии худро иҷро менамоянд.