19 Апрель, 2021

26 СОЛИ ПУРШАРАФ

  7-уми декабри соли ҷорӣ дар толори хурди Кохи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо иштироки аъзои ташкилоти  ҲХДТ дар Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон «Ҳамраъйӣ», раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе И. Мирзозода бахшида ба 26 солагии ҲХДТ ҷамъомад баргузор шуд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам М. Неъматзода аҳли нишастро ба ин муносибат шодбош гуфта, изҳор дошт, ки ин ҳизб таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба чор ҳадафи рушд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва  арзишҳои Ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад. Таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоиста» амал намуда, баҳри муттаҳидӣ ва якпорчагию  шукуфои кишвар саҳми сазовор мегузорад.

          Раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе И. Мирзозода низ дар бораи дастовардҳои ҳизб дар ин давра ва робитаи ин ҳизб бо Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мулоҳиза ронд.

         Дар ҷамъомад масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Аз сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ  «Ҳамраъйӣ» раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода раиси нави ин ташкилот интихоб шуд.