02 Март, 2021

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВА МАШВАРАТӢ

17-уми декабри соли ҷорӣ дар толори хурди Кохи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо иштироки нозирони ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнати ҳаракати Иттифоқҳои кишвар  семинари омӯзишӣ ва машваратӣ баргузор шуд.

         Семинарро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам М. Неъматзода ифтитоҳ намуда, дар бораи нақш ва ҷойгоҳи ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар замони ҳозира ва эътибори нозирони ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнат дар корхона ва муассисаҳои кишвар мулоҳиза  ронд. Ӯ таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза бояд кормандони ин ниҳод фаъолияташонро дар доираи иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзур намоянд.

          Дар семинар оид ба натиҷаҳои фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнат дар солҳои гузашта ва ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, дурнамои фаъолият барои солҳои минбада мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсия А. Қурбонов гузориш дод. Мудири шуъбаи ҳуқуқи Федератсия А. Саидзода оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ вобаста ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба маълумот дод.

         Иштирокчиёни семинар аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда мубодилаи афкор намуданд.