02 Март, 2021

Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти солонаи фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

5 феврали соли 2021 дар бинои Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори он аъзои Шӯрои генералӣ — раисони шӯроҳои вилоятӣ, раисони ташкилотҳои ҳамузв, кормандони масъули Дастгоҳи Федератсия ва меҳмонон иштирок намуданд. Аъзои Шӯро аз ҷамъбасти фаъолияти яксола натиҷагирӣ намуданд. Муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Назрӣ  оид ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 ахборот дод.

        Қайд гардид, ки дар соли сипаригашта шумораи умумии аъзои иттифоқҳои касаба 900122 нафарро ташкил дода,  дар 11095 ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба муттаҳид карда шуданд. Дар ин давра аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият 11095 шартномаи коллективӣ, 45 адад созишномаи соҳавии ҷумҳуриявӣ, 36 адад созишномаи минтақавии вилоятӣ, 337 адад созишномаи минтақавии шаҳру ноҳиявӣ баста шуданд.

Моҳи августи соли сипаригашта дар ҳаёти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон воқеаи хотирмон — Анҷумани XXII Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид. Дар анҷумани навбатӣ лоиҳаи нави Оинномаи иттифоқҳои касабаи кишвар, Барномаи амали он барои солҳои 2020-2027, органҳои роҳбарикунандаи Федератсия ва қарорҳои дахлдори сиёсӣ қабул карда шуданд.

Қобили қайд аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 декабри соли 2020, №701 Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2021-2023 маъқул дониста шуд.

Раиси Федератсия Неъматзода Маликшо суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи аъзои Шӯрои генералиро ба иҷрои ӯҳдадориҳои оинномавӣ ҷалб намуд. Ӯ изҳор дошт, ки Паёми навбатӣ аз Паёмҳои қаблӣ куллан тафовут дорад. Дар он самтҳои муҳими тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат барои солҳои оянда пешниҳод шудааст.

Пешвои муаззами миллат ба ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ки барои рушду тараққиёти ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Таъкид шуд, ки ба инкишофи нерӯи инсонӣ эътибори зиёд дода шавад. Дастовардҳои мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус саноат, нақлиёт, энергетика,  маориф ва илм, фарҳангу сайёҳӣ ва варзиш баръало мушоҳида мешавад, ки дар Паёми Пешвои миллат мавқеи асосӣ доштанд.

Дар охири ҷаласа Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо дар баромади худ қайд намуд, ки дар партави сиёсати созандаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зисти аҳолӣ месазад аҳлона меҳнат намуда, 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем.

Дар интиҳои кори ҷаласа аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокима ва баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.