02 Март, 2021

Силсилахабарҳо аз сафари кории раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам Неъматзода Маликшо ба шаҳру ноҳияҳоивилояти Суғд

    Тибқи нақшаи кории Федератсия дар доираи сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи ҳаракати иттифоқҳои касаба, баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо бо аъзоёни иттифоқҳои касаба, амалӣ намудани назорати ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон, густариши шарикии иҷтимоӣ бо иштироки раиси Федератсия Неъматзода М.М. якчанд чорабиниҳо ва вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

                      15 феврали соли 2021

      Ифтитоҳи Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони иттифоқҳои касаба мусоидат менамояд.

15 феврали соли 2021 бо иштироки Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқҳои касаба таъсис дода шуд.

 

Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд минбаъд барои кормандони иттифоқҳои касаба, роҳбарон ва муттахассисони ҳифзи меҳнати ташкилоту муассисаҳо курсҳои кӯтоҳмуддат бо ҷалби омӯзгорон ва мутахассисони варзида ба роҳ хоҳад монд. Дарсҳо дар 5 утоқи барҳаво ва таҷҳизонидашуда баргузор хоҳад шуд. Дар ин курс кормандон ва роҳбарони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ҷалб карда мешаванд ва минбаъд муттассил устодони соҳибтаҷриба дарс хоҳанд гуфт.

Бояд қайд намуд, ки зарурияти таъсиси курсҳои бозомӯзии Иттифоқҳои касаба аз дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат  дар вохӯрӣ бо фаъолони Иттифоқҳои касаба доштанд, бармеояд ва барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони иттифоқҳои касаба мусоидат менамояд.

Иттифоқҳои касаба-мактаби таҷрибаи ҷавонон

Бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати иттифоқҳои касаба, татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва ба роҳ мондани назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Ҳаракати волонтёрӣ таъсис дода шуд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мулоқот бо волонтёрон-ихтиёриёни Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оид ба нақшаҳо ва дурнамои ҳамкориҳо изҳори назар намуда, ҷавононро барои саҳмгузор будан дар татбиқи ҳадафҳо созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба руҳияи меҳанпарастӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои ваҳдати миллӣ ҳидоят намуд. Иброз дошта шуд, ки волонтерон дар тарғибу ташвиқ ва моҳияти манфиатнокии аъзошавӣ ба иттифоқҳои касаба, ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятии муфид саҳмгузор бошанд.

Ҳайати Волонтёрон аз муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ интихоб шуда, барои ба роҳ мондани корҳои тарғиботии ҳаракати иттифоқҳои касаба ҷалб карда шудаанд.

                          Китоб –сарчашмаи маърифат

      Ҳини боздид меҳмонон аз китобхонаи “Ганҷи сухан”-и Иттифоқҳои касаба ошно гардиданд. Китобхона дорои 4000 китоб буда, дарҳои худро барои кормандони соҳа ҳамеша боз медорад. Зимнан бояд зикр кард, ки ин китобхона дар назди Хадамоти хизматрасонии фарҳангиву эҷодии “Корбар” таъсис ефта, ин хадамот барои таъсис додани китобхонаҳо дар ташкилоту муассисаҳои гуногун саҳм мегузорад.

                          Барои инъикоси ҳаёти ташкилотҳо

       Ҳамчунин дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд студияи ТВ ташкил карда шудааст, ки минбаъд барномаҳои алоҳида дар бораи фаъолияти ташкилотҳои Иттифоқҳои касаба ба роҳ монда мешавад. Ба студия мутахассисони варзидаи соҳа ҷалб карда шудаанд.

 Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд аз фаъолияти соли 2020 натиҷагирӣ намуда вазифаҳоро барои соли 2021 муайян намуд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ширкат варзид. Дар Пленум нахуст дар бораи аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи мамлакат дар ҳоле ироа гардид, ки тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол намудани 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ омодагӣ мебинанд. Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор намуданд, ки соли 2020 дар саросари ҷумҳурӣ 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлол ба нақша гирифта шуда, бунёд шуданд, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш буда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд.

         Сипас оиди ҷамъбасти фаъолияти кори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода маърӯза намуд. Таъкид гардид, ки Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар партави дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон силсилаи корҳои хубу назаррасро анҷом додааст. Дар Пленум озмунҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар назди аъзоёни Пленум ва меҳмонон баромад карда дар мавриди нақшаҳои ояндаи Федератсия изҳори назар намуд ва ба раисони кумитаҳо супоришҳои мушаххас дод.

 Лавҳаи фахрӣ — нишон аз қадрдонӣ

         Бо мақсади қадрдонии фаъолияти пурсамари пешқадамони Иттифоқҳои касабаи вилоят, дастовардҳои назаррас дар таъмини ҳифзи иҷтимоии аъзоёни иттифоқҳои касаба, тарғиби болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба дар бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят «Лавҳаи фахрӣ» таъсис дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Лавҳаи фахрӣ Неъматзода Маликшо-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ширкат варзид ва ба 15 нафар фаъолон Шаҳодатномаи ифтихорӣ ва ҳадяҳои хотиравиро супорид.

Дар хотима чанд нафар аз фаъолон ба унвони роҳбарият изҳори сипосгузорӣ барои қадршиносӣ намуданд ва ин амалро барои тарбияи ҷавонон намунаи ибрат донистанд.

 МТТ «ДАРМОНГОХИ ХУЧАНД» — бо шароити замонавӣ

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо ҳамроҳонаш ба Маркази ташхисӣ – табобатии “Дармонгоҳи Хуҷанд” ташриф оварданд. Шоистаи зикр аст, ки санаи 24 марти соли 2020 Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ – табобатии «Дармонгохи Хучанд»-ро расман ифтитох намуданд.

 Ин марказ бо сахми сохибкори махаллӣ Ваҳҳобова Хайрӣ дар асоси лоиҳаи меъёрии соҳаи тандурустӣ дар масоҳати наздики 250 метри мураббаъ, иборат аз 4 ошёна бо таххона сохта, дар Марказ шароити замонавии ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар Маркази ташхисӣ – табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд» намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ – санитарӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар муассиса ташхису табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, гӯшу гулӯю бинӣ, чашм, амрози занона бо истифода аз датгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дар шароити меъёрӣ гузаронда мешаванд.

Дар муассиса ҳамаи шароитҳои меъёрии талаботи тиббӣ – санитарии безараргардонӣ, тамйизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам буда, дастгоҳҳои автоклав, чевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа дар ҳуҷраи безараргардонӣ ва тамйизгардонӣ пурра таъмин мебошанд.

Дар муассиса се озмоишгоҳ – клиникӣ, биохимиявӣ ва иммуноферментӣ барои таҳлилҳои умумӣ, таҳлили кори узвҳои дарунӣ ва таҳлили ҳамаи намуди нишондиҳандаҳои хун таъсис ёфтааст. Дар Маркази тиббӣ – хусусӣ барои бистарикунии беморон дар ду ошёна барои 20 кати беморӣ ҳуҷраҳои замонавӣ бо ҳамаи шароитҳои меъёрӣ ташкил гардидаанд. Ҳар як ҳучраи бистаринамоӣ бо мебелу таҷҳизоти истеҳсоли корхонаи ватанӣ таъмин карда шуда, дорои ҳуҷраҳои санитарӣ – гигиении алоҳида мебошанд.

Дар Маркази мазкур холо 10 нафар мутахассиси соҳаи тандурустии дорои донишу таҷриба ба кор ҷалб шудаанд.

Роҳбари Марказ ба меҳмонон иттилоъ дод, ки “бо дархости маъмурият ва гуруҳи иттифоқи касаба тибқи карори Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти  Сугд аз 8 январи соли 2021, № 4/3 барои хизматрасонӣ ба Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд шомил карда шуд”.

Дар охир раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо ба кормандони ин Марказ Шаҳодатномаи иттифоқи касабаро супорид.   

 

Маркази беморихои дил ва чаррохии дили вилояти Суғд – беҳтарин дармонгоҳи дил

         Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо ҳамроҳи меҳмонон ба Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дили вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орифов омаданд. Ин мавзеъ низ санаи 16 сентябри соли 2020 бахшида ба ҷашни Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави табобатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон кушода ба истифода шуда буд.

 

Сардухтури Беморхона Собиров Собирҷон гуфт, ки “Айни замон Марказ дар ҳайати шуъбаҳои сактаи дил, фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои умумӣ, номураттабии кори дил, шуъбаи наҷот, ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбодии дил, ҷарроҳии рагҳои хунгард, шуъбаи тахдидгарӣ ва иншоршиносӣ, шуъбаи қабул, дармонгоҳи машваратӣ, ташхиси функсионалӣ, таҳлилгоҳ ва дигар шуъбаҳо ва ҳучраҳои ёрирасон фаъолият мебарад.

         Дар шуъбаҳои Марказ 240 кати беморӣ дар истифода буда, аз он 190 кати муолиҷавӣ ва 50 кати ҷарроҳӣ мебошанд.”

          Воқеан Беморхона дорои шароити хуб буда бо мутахассисони беҳтарин таъмин аст. Ҳоло дар Марказ 318 нафар кормандон, аз онҳо табибон 60 нафар (7 нафар номзади илми тиб ва 1 нафар доктори илми тиб), 137 кормандони миёнаи тиб фаъолият мебаранд, ки ҳама аъзои иттифоқи касаба мебошанд. Раисии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Марказро Усмонова Насибахон Атоҷоновна ба уҳда дорад.

        16 феврали соли 2021

 Варзиш-гарави саломатӣ

Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори «Ҷашнӣ»-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мусобиқаи варзишии «Тенниси рӯи миз» баргузор гардид.

         Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар мамлакат сол ба сол рушд карда истодааст.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 20 нафар иштироккунандагон аз ташкилотҳои ибтидоии кумитаҳои соҳавии вилоятии иттифоқҳои касаба барои дарёфти Ҷоми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд байни ҳам рақобат намуданд.

 

Саноати сабук — муттакои машғулияти ҷомеа

Пленуми кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки вилоят фаъолон ва роҳбарони ин соҳаро ба ҳам овард, то дар беҳдошти фаъолияти минбаъда мубодилаи афкор намоянд.

Дар кори Пленум Неъматзода Маликшо Маҳмадшо — раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ширкат ва баромад намуд ва дар мавриди рушди минбаъдаи соҳа дар заминаи дастуру супоришоти Пешвои миллат фикру андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Дар Пленум масъалаи кадрӣ баррасӣ шуд. Қаландарова Раъно Мубиновна раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки вилоят интихоб гардид.

 

Иттифоқҳои касаба-ҳимоятгари кормандон

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдпластик”, ки фаъолияти асосиаш истеҳсоли профилҳои пластикӣ мебошад, ду адад хати истеҳсолии ширкати Тоҷикиву Австриявӣ , ки бо иқтидори солона бештар аз 2 000 тонна профилҳои пластикӣ аз ПВХ-ро доранд, ба гармӣ ва сардии ҳаво тобовар мебошад. Дар истеҳсоли ин маҳсулот аз 13 намуд ашёи хом истифода бурда мешаванд, ки онҳо аз давлатҳои Олмон, Ҳолланд, Юнон (Гресия) ва Федератсияи Рус харидорӣ карда мешавад.

 

Дар ширкат технологияи инноватсионии муосири ширкати Австриявии Greiner Extrusion GmbH ҷорӣ карда шудааст, ки барои маҳсулоти истеҳсолкардашуда 25 сол кафолат ба таврӣ хуҷҷати расмӣ пешниҳод менамоянд.

Дар коргоҳи ҶДММ “Сугдпластик” барои кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла ошхона, дидбонгоҳи тиббӣ, толори варзишӣ, утоқи истироҳатӣ ва маҳс, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, боғи меваҷот, конфронс утоқӣ омӯзишӣ ва ғайраҳо муҳайё шудааст, ки барои баланд бардоштани сифати кориву қобилияти меҳнатии кормандон пешбинӣ шудааст.

17 феврали соли 2021

 Бозбинӣ аз вазъи меҳнат дар коргоҳҳо

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз корхонаҳои ҶСК “Ариана Метал Пласт” ва ҶДММ КМ ТТ «Арча-Мебел» боздид ба амал овард.

Бояд зикр кард, ки таърихи 24 октябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҶСК “Ариана Металл Пласт” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карда шуд. Роҳбари корхона соҳибкорзан Умарова Дилором Аҳроровна мебошад.  Арзиши ҳаҷми истеҳсолоти корхона дар як сол 2.1 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Фаъолияти ҶСК «Ариана Металл Пласт» истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона, фойтунҷаҳо, маҳсулот аз металл ва пластмасса мебошад.

 

Дар коргоҳ зиёда аз 113 нафар кормандон ва мутахассисон фаъолияти меҳнатӣ мебаранд. Раванди кор бо ду баст ба роҳ монда шудааст. 70% кормандони корхонаро занҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Маҳсулоти истеҳсолшавандаи коргоҳ ба ғайр аз фурӯш ба муштариёни дохили ҷумҳур, ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот карда мешавад. 

Ҳини бозбинӣ меҳмонон бо шароити корӣ ва вазъи меҳнат, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқи кормандон ошно шуданд ва мулоқот бо маслиҳат ва машварати судманд дар самти беҳдошти шароити корӣ анҷом ёфт.

 

         Дар коргоҳи ҶДММ КМ ТТ «Арча-Мебел, ки бозбинӣ дар он ҷо идома ёфт, 35 нафар кормандон бо кори доимӣ таъминанд. Самти фаъолияти ин коргоҳ сохтани мизу курсиҳо барои хонандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва мебелҳо барои хонаҳои истиқоматӣ ва коргоҳҳо мебошад. Инчунин истеҳсоли кати беморон, кушеткаҳои тиббӣ барои беморхона, таҷҳизотҳои варзишӣ ва дигар намуди таҷҳизотҳо ба роҳ монда шудааст.

         Коргоҳи мазкур имконият дорад, ки маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи худро ба кишварҳои ҳамсоя ва берун аз он содирот намояд. 

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баъди мулоқот ва мубодилаи афкор ба аъзоёни иттифоқи касабаи коргоҳ билетҳои узвиятро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.  

 

Шод созӣ гар ятими хастаро……

Дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохӯриир Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд доир гардид.

Маликшо Неъматзода зимни баромадаи худ дар назди донишҷӯён қайд намуд, ки дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушду баркамол ва соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз тамоми донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо хубу аъло таҳсил намуда, ба халқу ватан содиқонаву софдилона хидмат намоянд.

Чанде аз донишҷӯён оиди дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон андешаи худро баён намуданд.

Дар охири вохӯрӣ ба 15 нафар собиқадорони иттифоқи касаба ва 100 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор аз муассисҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд расонида шуд.

 Паём- роҳнамои фардои босаодат

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо ҳайати профессорону кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.

Нахуст Ректори донишгоҳ  профессор Шарифзода Муъмин Машокир мулоқотро ифтитоҳ намуда, иброз кард, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дарбаргирандаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Паём сухани самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар ҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.

Сипас Маликшо Неъматзода зикр кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихист, зеро он тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату Ҳукумати мамлакатро барои як сол ва солҳои оянда мушаххас намудааст.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоист. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омадааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ин ҷашни бузург ва ҷиҳати татбиқ ва иҷро намудани нуктаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон идома доранд.