27 Ноябрь, 2021

ДАР МЕҲМОНИИ СОМОНА

    Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳодият карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик — ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мост.

Ҳоло мо дар арафаи фарорасии Иди Модар қарор дорем. Дар меҳмонии сомона  модар, хоҳар, мураббии ҷавонони ташкилоти иттифоқҳои касаба ва ниҳоят сарвари муваффақ — раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон

Заррина Ҳоҷиева
Худованд ба зан зебоӣ, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».

Имрӯз боиси хушнудист, ки занони босаводу лаёқатманд дар ҷабҳаҳои мухталиф аҳлона меҳнат мекунанд.  Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. 

                Шарикони иҷтимоии мо кормандони соҳаҳои фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ мебошанд. Онҳое, ки доимо мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор доранд ва ҳамчун равшангарони қалбҳо ба мардум ғизои маънавӣ мебахшанд, кормандони илму маориф, фарҳанг ва иттилоот ҳастанд. Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки нисбат ба дигар соҳаҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ шумораи бештари занону духтарон фаъолият доранд. Аз шумораи умумии кормандоне, ки дар соҳаи фарҳанг кор мекунанд 45,4 фоизашонро занону духтарон ташкил менамоянд. Онҳо новобаста ба кам будани маош, мушкилиҳои дигари молиявӣ масъулияти бар зимма доштаашонро хуб иҷро менамоянд.

         Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа дар иҷрои талаботи оинномавӣ, барои беҳтар шудани шароити кори занону духтарон дар корхона ва муассисаҳо пайваста тадбир меандешад. Кормандони Кумита дар арафаи ҳар ид ба айёдати собиқадорони кор, ки ҳоло дар хона даврони пирӣ меронанд, рафта аз ҳолу аҳволашон бохабар мешаванд. Ҳамасола мо аз ҳолу аҳволи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова, Фотима Ғуломова, Лола Азизова, Моҳрухсор Сафиева ва дигарон, ҳамчунин  собиқадори иттифоқи касаба Наҷотбегим Абдолова    хабар мегирем.

Дар арафаи ин ид ҳамасола бонувони фаъоли соҳаро бо Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ сарфароз менамоем.

 Бо истифода аз фурсат дар арафаи Рўзи Модар ҳамаи бонувонро самимона табрик гуфта, барояшон саломатии комил, бахту иқболи баланд, саодату фараҳмандӣ ва  сарбаландию сарфарозӣ орзу менамоям.