27 Ноябрь, 2021

Дар партави рукнҳои Паём: мулоқоти Маликшо Неъматзода бо кормандони Ширкати алюминийи тоҷик

03.03.2021. Дирӯз Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар доираи нақшаи корӣ бо аҳли меҳнати корхонаи азими кишвар — Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи тоҷик” мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.

       Роҳбари Федератсия ба ҳозирин оид ба ҳуҷҷати барномавии сиёсию иқтисодии бағоят муҳим — Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, рукнҳои дахлдори онро мавриди шарҳу эзоҳ қарор дод.

        Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки ҳоло тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол намудани 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ омодагӣ мебинанд. Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор намуданд, ки соли 2020 дар саросари ҷумҳурӣ 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлол ба нақша гирифта шуда, бунёд шуданд, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш буда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд.

         Дар ин масир аҳли меҳнати корхона тасмим гирифт, ки дар баробари тамоми мардуми шарифи кишвар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, барои бомуваффақона амалӣ гаштани он ҷаҳду талош ба харҷ медиҳанд.

 Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Раиси Федератсия ҳамчунин бо сокинон ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ вохӯрӣ намуда, бо фаъолияти  ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ошноӣ гардид ва баҳри амалӣ намудани назорати ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон ва густариши шарикии иҷтимоӣ дастурҳои судманд дод.

Дар ҷараёни вохӯриҳо Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ширкат ва баромад намуд.