27 Ноябрь, 2021

Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба занон боиси сарфарозиву нишоти мост.

Таҳти ҳамин унвон дирӯз дар Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад занон-кормандони дастгоҳи марказии Федератсия, кумитаҳои соҳавӣ ва собиқадорони иттифоқҳои касаба  иштирок намуданд. Дар назди ҳозирин Раиси Федератсия Маликшо Неъматзода  баромад намуд. 

Мавсуф баъди табрику таҳният зикр намуд, ки бо соҳибистиқлол гаштани давлати тоҷикон ва кӯмаку таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан ҳамчун қувваи пешбаранда ва ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф гашта, иштироки онҳо дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва дигар сохторҳои мухталиф ногузир ва як паҳлӯи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мемонад.

 Сониян аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда Раиси Федератсия Маликшо Неъматзода  зикр намуд, ки Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи мамлакат дар ҳоле ироа гардид, ки тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол намудани 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ омодагӣ мебинанд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор намуданд, ки соли 2020 дар саросари ҷумҳурӣ 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлол ба нақша гирифта шуда, бунёд шуданд, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш буда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд ва иқрор бояд шуд, ки дар ин комёбию пешравиҳо саҳми занҳо бағоят калон аст.

 Умуман, таи давраҳои мадид занони боиродаву дурандеш, хирадманду закӣ бо ҳидояту пайкор тавонистанд зиндагии худу атрофиёнро мунаввар  ва пойдевори зиндагии ҳар хонадонро побарҷо намоянд.

Ҳозирин, аз ҷумла собиқадорони иттифоқҳои касаба Шамсия Ятимова, Заррагул Муродова, Қурбонбибӣ Раҳмонова ва раиси Кумита иттифоқҳои касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҷумҳурӣ Нуринисо Бобоева ба сухан баромада сипосгузории хешро нисбати Пешвои муазами миллат ҷиҳати таваҷҷуҳи пайвастаашон нисбати занон иброз доштанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҳозирин аз ҷониби Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  Маликшо Неъматзода  бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.