19 Апрель, 2021

ШАРҲУ ЭЗОҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.

   Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси умумии ташкилоти иттифоқи касабаи дастгоҳи Федератсия доир гардид. Дар кори он кормандони раёсату шуъбаҳо ширкат намуданд.

Дар рӯзномаи  ҷамъомад асосан ду масъала — шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тасдиқи Шартномаи коллективӣ байни маъмурияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилоти иттифоқи касабаи дастгохи Федератсия барои солҳои 2021 — 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оид ба масъалаи якум Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода роҷеъ ба ҳуҷҷати барномавии сиёсию иқтисодии бағоят муҳим — Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, рукнҳои дахлдори онро мавриди шарҳу эзоҳ қарор дод.

        Маликшо Неъматзода аз ҷумла иброз дошт, ки ҳоло тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол намудани 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ омодагӣ мебинанд.

Раиси Ташкилоти иттифоқи касабаи дастгоҳи Федератсия Ҷамшед Юнусов оид ба масъалаи дуюм суханронӣ ва рукнҳои асосии шартномаи коллективӣ байни маъмурияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилоти иттифоқи касабаи дастгоҳи Федератсия қироат ва мавриди шарҳ қарор дод. Бахше аз аъзои иттифоқи касаба ақидаи хешро нисбати шартномаи мазкур баён доштанд.

Дар охир Шартномаи коллективӣ байни маъмурияти Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилоти иттифоқи касабаи дастгоҳи Федератсия барои солҳои 2021 – 2023 аз ҷониби ҷамъомадагон тасдиқ карда шуд.