19 Апрель, 2021

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

12 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Федератсия бо иштироки Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Нақши ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар татбиқи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат (таҳлили фаъолият, мушкилот ва тавсияҳо)” бо иштироки васеи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

Семинарро раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Заррина Ҳоҷиева ифтитоҳ намуда, ҳуқуқшиинос М. Ҳабибов ва сарнозири ҳифзи меҳнати кумита И. Шарифов атрофи мавзуъ мубодилаи афкор намуданд. Ҳозирин низ ба музокира баромада андешаҳои хешро марбут ба масъалаи номбурда ибрози назар карданд.

Раиси Федератсия Маликшо Неъматзода дар назди ҳозирин баромад намуда, қабл аз ҳама оид ба  ҳуҷҷати барномавии сиёсию иқтисодии бағоят муҳим- Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронд. Мавсуф афзуд, ки ҳоло дар партави ин ҳуҷҷати муҳим дар саросари мамлакат меҳнати аҳлона беш аз пеш вусъати тоза пайдо мекунад. Дар ин росто чи тавре Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор намуданд, ки соли 2020 дар саросари ҷумҳурӣ 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлол ба нақша гирифта шуда, бунёд шуданд, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш буда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд.

Маликшо Неъматзода оид ба имзорасии Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфамоён ҳамчунин фаъолияти ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон сухан ронда, дар бобати пешравию проблемаҳои ҷойдоштаи ташкилот изҳори назар ва барои рафъи камбудию норасоиҳо пешниҳодҳои судманд намуд.