19 Апрель, 2021

Дастеро гирифта ва дилеро шод кардан аз оинҳои наврӯзист.

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори муассисаи мазкур ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо иштироки аъзои Иттиҳодияи маъюбони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯзи хуҷастапай”доир карда шуд.

Чорабиниро бо сухани муқадимавӣ муовини аввали Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии иди саиди Наврӯз табрику таҳният намуд.

 

 

Сипас Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, сониян афзуд, ки мо дар остонаи санаи бағоят муҳими сиёсӣ  –  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва маҳз туфайли дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо дар сар то сари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон амалҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, садҳо иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта сохта,   мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд. Сӣ сол дар назди таърих он қадар вақти мадид нест,  вале туфайли сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ин ҳангом дар мамлакат пешравиҳои чашмгир ва назаррас амалӣ гашта истодаанд.

 

Маликшо Неъматзода ба иштирокчиёни чорабинӣ муроҷат намуда, тазакур кард, ки эшон якаю танҳо не, балки узви комилҳуқуқи ҷомеаанд ва Пешвои муаззами миллат ҳамеша аз онҳо пуштибонӣ мекунад. Бархе аз маъюбон иброз карданд, ки  ғамхории падаронаи Ҷаноби Олиро пайваста бархурдоранд.

Чорабиниро барномаи консертии омоданамуда ҳусни бештаре бахшид. Дар фарҷоми махфил Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба маъюбон туҳфаҳо инъом намуд.