19 Апрель, 2021

Ба шарафи ҷашни Наврӯзи Аҷам

18.03.2021. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи Аҷам ҷамъомади васеи кормандони дастгоҳи марказии Федератсия ва кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба доир гардид. Раиси Федератсия Маликшо Неъматзода ҷамъомадро ифтитоҳ ва ҳозиринро бо  фарорасии ин иди саид табрику муборакбод намуд.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки Наврӯзи бостонӣ, ки ҷашни хурсандии тамоми мардуми кишвари мо мебошад, ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо рамзу ойинҳои бисёр дерина ва рангу таровати басо дилчаспу зебандаи худ эҳё гардид ва туфайли  саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ба худ ҷомаи ҷаҳониро ба бар кард. Дар воқеъ, ҳоло мо дар остонаи бағоят муҳими сиёсӣ30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва маҳз туфайли дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар кишвар тағиротҳои чашмгире ба вуқуъ омадаанд ва имрўзҳо дар сар то сари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон амалҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, садҳо иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта сохта,   мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд.

Маликшо Неъматзода ҳамчунин иброз дошт, ки ҳоло Наврӯз ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст. Мардуми тоҷик марду зан, пиру ҷавон, ҳама ин ҷашнро интизорӣ мекашанд, барои истиқболи арзандаи он омодагӣ мегиранд, расму ойинҳои наврӯзиро бо хурсандиву хушҳолии зиёд ва дастҷамъона ба ҷо оварда, беҳтарин нияту орзуҳои худро ба Наврӯз, ки Соли нави аҷдодиамон мебошад, пайванд медиҳанд.

 

Дар ҷамъомад ҳамчунин шоири мардумӣ Муҳаммад  Ғоиб ва ҳунарманди боистеъдод Тобиш Ҳилолӣ ширкат варзиданд, оиди мавқеи Наврӯз дар тамаддуни фарҳанги башарӣ, муаррифгари ҳувият ва фарҳанги мардуми тоҷик дар арсаи байналмилали сухан ва шеърҳо қироат намуданд.