19 Апрель, 2021

САНОАТИ САЙЁҲИРО РУШДИ БЕМАЙЛОН МЕБОЯД

30.03.2021 Дирӯз дар шаҳри Турсунзода семинар-машварат дар мавзуи “Имкониятҳои сайёҳӣ ва солимгардонии ҶСК “Хизматрасонии сайёҳӣ”-и ҶСК “Ширкати АлюминийиТоҷик” доир гардид. Дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ, сектори хусусӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, истироҳатгоҳҳо, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

 Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур қабл аз ҳама таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи кунунии соҳа ва мусоидат ба рушди бемайлони саноати сайёҳӣ дар кишвар иборат аст.

Дар семинар Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баромад намуда, аз бобати дастовардҳои кунунии соҳа ва роҳҳои таъмини рушди бемайлони он ибрози ақида намуд.

Маликшо Неъматзода ҳамчунин афзуд, ки сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда,  солҳои охир босуръат рӯ ба рушд аст. Кишвари мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиист ва барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Қобили қайд аст, ки солҳои охир намудҳои сайёҳии пиёдагардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ бештар маъмул гардидаанд. Ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷию дохилӣ ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ мусоидати воқеӣ мекунад.

Ташкили чорабинии мазкур аз ҷониби ҶСК “Хизматрасонии сайёҳӣ”-и ҶСК “Ширкати АлюминийиТоҷик” бесабаб нест. Ҷамъияти саҳомии мазкур дорои имкониятҳо ва захираҳои кофии сайёҳӣ мебошад ва бо ҳамин васила онҳоро муаррифӣ мекунад. Дар фарҷоми семинар-машварат ҳозирин аз истироҳатгоҳи маркази солимгардонии “Ширкент”, осоишгоҳи маркази солимгардонии “Ширкент”, “Ширкати Алюминийи Тоҷик”  ва дигар маконҳои тамошобоб дидан намуданд.