19 Апрель, 2021

Баромади Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар семинар-машварат дар мавзуи “Имкониятҳои сайёҳӣ ва солимгардонии ҶСК “Хизматрасонии сайёҳӣ”-и ҶСК “Ширкати АлюминийиТоҷик

Ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриашон бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 24 октябри соли 2019  баён доштанд, ки “Бо итминон метавон гуфт, ки роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Ватани азизи мо – Тоҷикистон содиқона хизмат хоҳанд кард”.

Дар мулоқот Ҷаноби Олӣ бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳа суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳадафи вохӯрӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории Ҳукумати кишвар бо ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ ва иштироки ин ниҳод дар тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду пешрафти кишвар аст.

        Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ дар ин чорабинии бағоят муҳим Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо  кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба корҳои муайянеро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар ин давра аз ҷониби ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар самти рушди муносибатҳои меҳнатӣ, таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, пурзўр намудани обрў ва нуфузи иттифоқҳои касаба фаъолияти муфид ва самаранок иҷро карда шудааст. Масъалаҳои солимгардонии кормандони корхонаҳои ҷумҳурӣ ва рушди сайру сайёҳат байни кишварҳои дуру наздик самти асосии фаъолияти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самти фаъолият, аз ҷумла маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ низ истифода бурда мешавад. 

          Ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ҳамасола аз истифодаи маблағҳои 1,4 фоизаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ роҳхатҳо ба санатория ва профилакторияҳои ҷумҳурӣ харидорӣ намуда, аъзои иттифоқи касаба ва аъзои оилаи онҳоро бо чорабиниҳои солимгардонӣ фаро мегирифтанд.

        Баъд аз қабул гардидани  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-январи соли 2017, №34 истифодабарии  маблағҳои чорабиниҳои муолиҷаи санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хуроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои тандурустию пешгирикунанда ва солимгардонии кўдакону наврасон дар мавсими тобистон тибқи тартиби нав ба роҳ монда шуд. Вале қайд кардан бамаврид аст, ки бо пешниҳоди Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз 1 январи соли равон ба корхона ва муассисаҳо истифодабарии маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1,5 фоиз иҷозат дода шуда, дар баробари ин корхонаҳо ҳуқуқ пайдо карданд, ки маблағҳои 1,5 фоизаро барои таъмини хуроки парҳезӣ ва харидани маводи доруворӣ барои коргарон истифода намоянд, маблағи ниҳоии дар суратҳисоби корхонаҳо аз як сол ба соли дигар гузаранда 1900 сомонӣ муайян карда шуд. Дар ҳамин асос ба ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ лозим аст, ки ҳамасола маблағҳои 1,5 фоизи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пурра хароҷот карда шаванд, зеро дар мисоли соли 2019 гуфта метавонем, ки ин маблағҳо танҳо дар сатҳи 32 фоиз истифода бурда шуданд.

Ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриро лозим аст, ки дар ин самти фаъолият дар ҳамкорӣ бо корхона ва муассисаҳои соҳавии худ ҷиҳати истифодабарии пурраи маблағҳои 1,5 фоизаро ба роҳ монанд.  Ҷиҳати бартараф намудани ин камбудӣ бо роҳбарон-корфармоёни корхонаҳо корро ба таври ҷиддӣ бурдан лозим аст, ки фоизи истифодабарандагони ин маблағҳо зиёд гардад.

         Бояд қайд намуд, ки дар баробари ин байни Федератсия бо Иттифоқҳои касабаи давлатҳои хориҷи кишвар бо Қазоқистон, Федератсияи Белорус, Конфедератсияи Озарбойҷон, Федератсияи Узбекистон, Ташкилоти иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Туркия Мемур-Сен Меморандумҳо оид ба ҳамкорӣ баста шуда, фаъолияти тарафайни самарабахш амалӣ шуда истодааст. Ин шакли ҳамкориҳо бо иттифоқҳои касабаи давлатҳои дуру наздик барои ташкилотҳои мо манфиатбахш мебошанд. Дар ин толор намояндагони ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои сайёҳӣ ва солимгардонӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳузур доранд. Матлаб аз баргузории семинари имруза шиносоӣ пайдо намудан аз имкониятҳои сайру сайёҳати мавзеъҳои истироҳатии кишвари маҳбубамон ва ҳамзамон аз наздик шинос шудан аз шароитҳои истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошад, ки тибқи барнома ин имконот ба Шумо муҳайё карда мешавад. Аз фурсат истифода бурда як нуқтаро ба Шумо қайд кардани ҳастам.

         Дар доираи шарикии иҷтимоӣ 5 марти соли ҷорӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 Созишномаи генералӣ ба имзо расонида шуд.

          Ин санад принсипҳои асосии муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиатҳои беш аз 2,5 миллион шаҳрвандони мо, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, мустақиман дахл дорад.

Созишномаи навбатӣ даҳумин созишномаи генералӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мутобиқ ба Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи муколамаи иҷтимоии шарикони сетарафа таҳия гардидааст.

         Мо имрӯз Семинар-машварат дар мавзуи “Имкониятҳои сайёҳӣ ва солимгардонӣ ҶСК “Хизматрасонии сайёҳӣ” доир карданием ва бояд иқрор шуд, ки ин масъала хеле мубрам аст. Зеро рушди ботадриҷи соҳаи сайёҳӣ ба болоравии иқтисодӣ ва баланд гаштани сатҳи зисти мардуми кишвар мусоидат мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.                                                                                                

       Кишвари мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло мо дар остонаи ҷашнгирии санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва ин моро водор мекунад ин иди саидро бо дастовезҳои арзанда пешвоз гирем ва ба ҳамаи иштирокчиёни семинар мувафаққиятҳо таманно менамоям.

Ташаккур!