19 Апрель, 2021

ПУРСЕД ПОСУХ МЕДИҲЕМ

Муҳтарам алоқамандони саҳифаи” ПУРСЕД ПОСУХ МЕДИҲЕМ”— и сомонаи расмии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, суолҳои то ба ин ҳангом ба мо пешниҳодгашта ба масъалаҳои ҳифзи менат, умуман меҳнат муталиқанд. Аз ин рӯ  мудири шӯъбаи ҳифзи меҳнат, сарнозири меҳнати дастгоҳи марказии Федератсия Акобир Қурбонов ба ин онҳо равшанӣ меандозад.

  • Ҳангоми дар коргоҳ ё идора бемор шудани корманд табобаташ аз ҳисоби кист?
  • Мутобиқи моддаи 360 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон   кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ харҷ карда мешавад. Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба тамоми шахсоне, ки бо шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, бе истисно дахл дорад. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз ҳисоби ҳиссаҳое, ки корфармо мепардозад ташаккул меёбад. Харҷи маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба мақсадҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

          Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ аз ҳисоби маблағи худии корфармо ва ҳиссаҳои ихтиёрии кормандон андозаҳои зиёдтари пардохтҳо, инчунин пардохтҳои иловагии иҷтимоӣ пешбинӣ шуда метавонад.

          Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012,№893  дар бораи ба Қонуни ҶТ аз 13 декабри соли 1997 “Дар бораи  суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” тағӣиру иловаҳои зерин ворид карда шуд: “ Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ ва ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда  ба андозаи 100% пардохт карда мешавад”

— Ҳодисаи нохуше, ки бо корманд дар вақти кор рух додааст аз ҷониби кӣ тафтиш гузаронида мешавад?

Ҳодисаҳои нохуши истеҳсолие, ки бо кормандон ҳангоми иҷрои вазифа рух додааст, мутобиқи Тартиби гузаронидани тафтиш ва бақаӣдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014,№462 тасдиқ шудааст, тафтиш гузаронида мешавад. Мутобиқи тартиби мазкур ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳои касбӣ, ки бо кормандон ва дигар шахсоне, ки аз ҳодисаҳои нохуш бо суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта шудаанд, ҳангоми иҷрои ӯҳдариҳои меҳнатӣ ва корҳое, ки бо супориши ташкилот, соҳибкори инфиродӣ, шахси воқеӣ ё хонакор рух медиҳад, бояд тафтиш карда шуда, ба ҳисоб гирифта шавад.

  • Кормандро ки бояд бо либоси махсус, поӣафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ таъмин намояд?

 — Корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машѓуланд, мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда либосу поӣафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиениро роӣгон диҳад.

Либосу поӣафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродии ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигоҳдорӣ, шустушўӣ, таъмиз, безарар ва таъмир карда мешаванд. (Моддаи 335 Кодекси меҳнат)