19 Апрель, 2021

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИҶРОИЯИ КУИК

2 апрели соли ҷорӣ дар Қасри меҳнатии иттифоқҳои касабаи шаҳри Москваи ФР, маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи Умумииттифоқии Иттифоқҳои Касаба баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни комиҷроияи Конфедератсияи Умумииттифоқии Иттифоқҳои Касабаи узви ИДМ  тариқи “on line” иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

  1. Дар бораи тасдиқ ва риояи конвенсияҳои ТБМ дар давлатҳои мустақил, ки дар онҳо ташкилотҳои узви КУИК амал мекунанд;
  2. Дар бораи истифодаи системаи конфронси видеоӣ барои гузаронидани чорабиниҳои КУИК ва филиалҳо: амалия, таҷриба, тавсияҳо;
  1. Дар бораи Муроҷиати КУИК ба муносибати Рӯзи якдилии байналмилалии меҳнаткашон — 1 Май;
  2. Дар бораи Изхороти КУИК ба муносибати 30-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
  3. Дар бораи Изҳороти КУИК ба муносибати 76-солагии ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945;
  4. Дар бораи Изҳороти КУИК ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат — 28 апрел 2021, COVID-l9: масъалаҳои саломатӣ ва бехатарии коргарон. Амалҳои иттифоқҳои касабаи Иттиҳод.

Дар кори ҷаласаи кумитаи иҷроия Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи Умумииттифоқии Иттифоқҳои Касаба Маликшо Неъматзода тариқи “on line”  иштирок ва дар муҳокимарониҳои масъалаҳои ҷаласа ибрози ақида намуд.

Лозим ба зикр аст, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои масъалаҳои болозикри рӯзномаи ҷаласа корҳои муайян роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи тасвиби конвенсияҳои ТБМ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон,   оид ба истифодаи системаи конфронси видеоӣ, дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ дар шароити пандемия,  оид ба омодагиҳо ба  таҷлили 28 апрел – Рӯзи ҳифз ва беҳдошти меҳнат манзур карда шуданд.