20 Октябрь, 2021

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТИЮ ИНТИХОБОТИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

3 сентябр дар Донишгоҳи славянии Россия Тоҷикистон, конференсияи ҳисоботию интихоботии Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Дар кори конференсия Нозакова З.З.-иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи намояндаи расмии Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар конференсия масъалаҳои фаъолияти Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ, ҳисоботи комиссия назоратию тафтишотӣ мавриди баррасии вакилони конференсия қарор гирифта, ҳамчунин, ҳайт, раис, раиси комиссияи назоратию тафтишотӣ, комиссияҳои доимоамалкунандаи Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ интихоб гардида, ҳамзамон вакилонро ба Анҷумани Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

Дар анҷоми конференсия ба як қатор устодони донишгоҳ Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.