20 Октябрь, 2021

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАИ ИТТИФОҚИ КАСАБА БО ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ КУШОНИЁН

1 сентябри соли 2021 вохӯрии намояндаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон бо омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Кушониён доир гардид.

Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии раиси Иттифоқи касабаи кормандоин маорифи ноҳия доир гардида, эшон ҳозиринро бо Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ табрик намуд. Сипас, нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон аҳли меҳнатро бо оғози соли нави таҳсил, инчунин Рузи амалиётҳои иттифоқи касаба барои сулҳ муборакбодӣ намуда, ба саҳми эшон Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати «Рузи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ» расонида шуд.

Дар анҷоми чорабинии мазкур ба як қатор собиқадорони соҳаи маориф кумакҳои молиявӣ расонида шуд.