16 Сентябрь, 2021

СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР ҲАМОИШИ ҶАВОНОНИ САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӮҲКОРӢ

Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муштараки  ҷавонони Саридораи геология ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ баргуузор гардид.

         Дар кори ҳамоиш кулли кормандони ҳарду ниҳод иштирок варзида, бархе аз онҳо мавриди саҳми ҷавонон дар пешбурди соҳа изҳори андеша намуданд.

         Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар ыамъомад иштирок намуда, мавриди “Нақши ҷавонон дар 30-соли Истиқлолият: дастовард ва дурнамо” суханронӣ намуд. Раиси Федератсия дар баромадаш атрофи саҳми чашмгири ҷавонони кишвар дар таҳаввулоти беназир ибрози ақида намуда аз ҷумла қайд намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳоло дар фазои осоишта, ваҳдати миллии ногусаста ва истиқлолияти комил, ки таъмингари он бешубҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, кору зиндагӣ мекунад. Маҳз бо раҳнамоии хирадмандонаи Президенти мамлакат мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию  фарҳангӣ бурдборона таҳаммул шуда, дар низоми

 давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва дар азму талошҳои созандагию бунёдкорӣ ба пирўзиҳои чашмгире ноил гаштем.

Маҳз тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти мамлакат имрўзҳо дар сар то сари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон амалҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш вусъати тоза пайдо мекунад, ки дар ин ҷода саҳми ҷавонон бағоят бузург аст.