20 Октябрь, 2021

Таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 97-солагии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 97-солагии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои ҶСК «Тоҷик Эйр» чорабинии тантанавии идона доир гардид, ки дар он Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Субҳонзода Икром Субҳон, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе — Мирзозода Иброҳим Холмурод ва роҳбарону кормандон, ҳамзамон собиқадорони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Сипас Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Субҳонзода Икром Субҳон

бо сухани табрикотӣ баромад карда, кулли кормандони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми шаҳрвандони мамлакатамонро бо фарорасии ҷашни муқаддаси Ватани азизамон-30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику шодбош намуда, баҳрашон сиҳатмандиву комгорӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.

Ҳамзамон, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе — Мирзозода Иброҳим Холмурод дар идома суханронӣ намуда, аз муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон дар даврони истиқлолят дар самтҳои гуногун, махсусан дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ёдовар шуда, иброз намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур дар мамлакат ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандон ва собиқадорон мукофотҳои соҳавӣ, азҷумла Нишони корманди фахрии соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.