20 Октябрь, 2021

5 НАФАР ФАЪОЛОНИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ИФТИХОРНОМАВУ СИПОСНОМА ВА ТУҲФАҲОИ ХОТИРАВӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

03.09.2021. Дар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили адабиву мусиқӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлол, Ваҳдат, Саодат” бо ибтикори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд доир гардид. Дар ин чорабинӣ Мироватов Мӯсобек — раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд бо Ифтихорномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон, Шарифов Анӯшервон — мутахассиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят бо Сипосномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Муллоев Нозирҷон — раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Истиқлол, Юлдошев Қурбоншех — раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо Ифтихорномаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ахмедова Раҳбарҷон — коргузори Иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилоят бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аз номи коллективи меҳнатӣ нафароне, ки қадрдонӣ гардиданд самимона муборакбод менамоем.