16 Сентябрь, 2021

Аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба зарардидагони офатҳои табии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод кумаки моддӣ расонида шуд

        Рӯзҳои 5/6 сентябри соли ҷорӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод қарор дошт.

      Дар доираи сафари корӣ Маликшо Неъматзода ба маҳаллаҳои аз заминҷунбӣ зарардида дидан карда, бо аҳолии аз ин ҳодисаи табиӣ зарардида мулоқотҳо анҷом дод. Боиси қаноатмандӣ он буд, ки ҷои  хонаҳои пурра ва ним  зарардида сохтмони хонаҳои нав бомаром рафта истодааст.

     Маликшо Неъматзода  ба 120 оилаҳои зарардида кумаки молиявӣ расонида, иброз дошт, ки бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи иҷтимоии Пешвои миллат ин амали хайриявӣ дар арафаи таҷлили 30 солагии Истиқлоли Тоҷикистони азиз аз ҷониби Иттифоқҳои касаба роҳандозӣ мегардад.

      Дар навбати худ аҳолии зарардида арзи сипоси хешро ба Пешвои миллат расонида, иброз доштанд, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодиса ба онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шароити зист муҳайё гардида, ҳар як оилаи зарардида бо тамоми масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардиданд.

   Сохтмон ва барқароркунии манзилҳои истиқоматии оилаҳои аз заминларза зарадида бомаром идома дорад.