16 Сентябрь, 2021

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2021. Бо ташаббуси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона доир гардид. Дар ин чорабинӣ собиқадорони соҳа, фаъолон, меҳмонон ва кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Шарифулло Абдуллозода — раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирокдоронро бо ҷашни бузурги милливу давлатӣ 30-солагии Истиқлоли кишвари маҳбубамон табрик намуда дар суханронии пурмӯҳтавои худ ба таърихи пуршарафи 30-солаи Истиқлоли Тоҷикистон руҷӯъ намуд. Аз ҷумла ў қайд намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буда, онро метавон гавҳари бебаҳо ном ниҳод.

 Воқеан Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром буда, рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

         Бояд зикр кард, ки –гуфт ӯ- дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Сипас, шоири халқи Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳамаи иштирокчиёнро бо иди таъриҳӣ табрику муборакбод намуда аз дастовардҳои даврони Истиқлолият сухан кард. Дар назди ҳозирин шеъри  тозаэҷоди худ “Пешвои Истиқлол”-ро қироат намуд.  

         Шарифулло Абдуллозода як қатор фаъолон ва шахсоне, ки барои болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба саҳми арзандаи худро гузоштанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Шўрои иттифоқҳои касаби вилояти Суғд қадрдонӣ намуда туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви иттифоқи композиторони Тоҷикистон Ҳусейнҷон Юсупов ва сарояндагони номӣ Носир Раҳимов,

Қобилҷон Умаров, Сироҷиддин Худоймерганов ва дигарон бо рақсу таронаҳои дилошўб хотири аҳли нишастро шод намуданд.